Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқовимат бо идеалогияи терористӣ ва экстремистӣ

592Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеаро ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд.
Имрӯзҳо дар қишрҳои гуногуни дунё мардуми бадхоҳ бо фикру ақидаҳои хусусияти терористӣ ва эктремистидоштаи худ идеалогияи халқи гуногуни дунёро вайрон намуда онҳоро ба содир намудани чиноят водор месозанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дастгирии кувваҳои беруна, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ, барангпехтани кинаю адоват ва паст задании эътибори миллӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, миллат, нажод ё маҳал пинҳонӣ фаолият мекунанд.
Яке аз сабабҳои асосии пайдошавии чунин ҳаракату равияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки дар давоми охири асри XX ва авали асри XXI ҷавонони мо барои гирифтани таълимоти динӣ ба ҷумҳуриҳои исломӣ ба ҳар роҳу воситаҳо сафар намуда, аз уламои динии ин кишварҳо таълим гирифта, бо адабиёти интишордодаи ин ҷараёнҳо ошноӣ пайдо намуданд. Зиёде аз ҷавонон аз ҷониби ин гурӯҳҳои махсус омода карда шуда бо ақидаҳои ғалати ин ҷараён ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуда, чунин ақидаҳои носолими худро дар байни мардум паҳн мекарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сохти демократию дунявиро интихоб карда, бо ин роҳ пеш меравад, бо амалҳои нангину хиёнаткоронаи як идда мазҳабгароёну гурӯҳҳои мутаассиб, манфиатҷӯ ва бегонапараст рӯ ба рӯ гардида буд. Хусусан баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо гурӯҳҳои мухталиф бо истифода аз холигии маънавию идеологӣ ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ бо дастгирии манфиатҳои гурӯҳии худ қувва ва маблағҳои зиёдеро барои ба ҷониби худ ҷалб намудани қувваҳои нав сафарбар намуданд.
Таблиғоти мафкураи динию мазҳабии мутаасибона ва ифротӣ ба баъзе «саршиносон»-и руҳонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ зарари сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа, буҳрони фарогирро ба вуҷуд овард. Домани бетартибиҳои мардумиро дар минтақаҳои даргири Тоҷикистон тавсеа бахшиданд ва ба ин тариқ, сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд.
Барои ба мақсади нопоки худ расидан ин гурӯҳҳои нохалаф ва хоини ватан бо маслиҳати хоҷагони хориҷӣ ва маблағгузории онҳо бисёр шахсиятҳои баруманди ҷумҳурӣ аз ҷумла Муҳаммад Осимӣ, М. Ғуломов, Башир Исҳоқӣ, Отахон Латифӣ, Сайф Раҳим, Муҳиддин Олимпур, Юлдош Каримов, Ҳабиб Сангинов, Сафаралӣ Кенҷаев, Моёншо Назаршоев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Муродулло Шерализода ва чандин шахсиятҳои дигар ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ аксари конвенсияҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон, таъмини сулҳу амният, мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътироф карда, ба тасвиб расондааст.
Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошанд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.
Терроризм ва экстримизм зуҳуроти номатлуб буда, аз тарафи баъзе хоҷагоне, ки барои боз ҳам пурқувват кардани ин гурӯҳҳо сармоягузорӣ намуда ҳадафашон қатл, ғорат ва куштори мардуми бегуноҳ ва ба тиҷорати доимӣ табдил додан ин ҳаракатҳои номатлуб аст, мебошад. Аммо, мехоҳанд, ки амалҳои номатлуби онҳо назди сиёсатмадорони дунё пушида бошад ва далелҳои пучу бемантиқро барои худ ва пайравонашон, шиоре бо номи “ҷиҳод” ва ё ин, ки “ҷанг дар роҳи Худо” қарор додаанд. Имрӯзҳо онҳо бо баъзе аз давлатҳои пурқудрати дунё ҳамкорӣ доранд ва ҳатто барои боз ҳам пурқувват шуданашон баъзе аз ин давлатҳо ба онҳо маблағгузории калон низ мекунанд.
Шукри Истиқлоли миллӣ ва сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиё, мутафаккирону донишмандон фазои сулҳу осоиш, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукумрон аст, вале зуҳуроти даҳшатноку марговари террористии кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир нахоҳад монд.
Дар ин марҳилаи басо ҳассосу муборизаҳои ошкору ниҳонӣ нерӯҳои гуногун, вазифаи муқаддаси ҷомеа, пеш аз ҳама ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ва пешгирӣ аз воридшавии онҳо ба ҷараёнҳои ифротию тундгаро мебошад. Ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёфта, ба онҳо дар муҳити оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ахлоқу одоби ҳамида, маърифати шаҳрвандӣ, камолоти инсонӣ, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ таълим диҳем, то ки наврасону ҷавонони мо ҳамчун ворисони арзандаи Ватану миллат ба воя расанд. Зеро Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму соҳибтамаддун аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу ҷон ҷо аст. Сарзамини дилфиреб, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандон аст.
Одиназода А.А., муаллими кафедраи ташкили тактикаи
фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...