Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзишҳои ахлоқӣ - асоси пешрафти ҷомеа (Дар партави мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин)

2759-уми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат дар бораи пешрафт ва шукуфоии давлату миллати тоҷик доимо ғамхорӣ намуда, дар арафаи ҷашну маросимҳои миллӣ бо табрикоту таманниёт ба аҳли чомеа баромад менамоянд. Маълум аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик дар тӯли таърихи чандасраи хеш ба рушди фарҳанги ҷахонӣ, аз ҷумла ба бойшавӣ ва ғанӣ гардонидани таълимоти дини мубини ислом таъсири амиқи худро гузоштааст. Таълимоти Имоми Аъзам, ки аксари мусулмонони дунё пайрави он мебошанд, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси ахлоқи таҳаммулпазирӣ ва инкишофу тараққиёт гаштааст.
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибати давлат ба арзишҳои фарҳангӣ ва динӣ комилан тағйир ёфт. Дар моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ кунад ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Ҳамчунин, дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” аз 26-уми марти соли 2009 таҳти №489 амал карда, ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои динӣ таъмин карда мешавад. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, бо ибтикори Пешвои миллат зиёрати марказҳои тамаддуни исломӣ густариш ёфта, китоби муқаддаси мусулмонон - Қуръони карим бо забони тоҷикӣ нашр ва ройгон ба шаҳрвандон таксим гардид.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази исломӣ, Маркази исломшиносӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит фаъолият менамоянд.
Дар ҷомеаи демократӣ давлат озодии дину эътиқодро кафолат медиҳад, вале ин маънои онро надорад, ки давлат хусусияти дунявии худро гум кунад, баръакс арзишҳои динӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими фарҳанг шинохта шуда, аз тарафи давлат барои инкишофи арзишҳои динии суннатӣ шароиту имкониятҳои нав муҳайё карда мешаванд. Бо ҳамин роҳ давлат шаҳрвандони худро аз зуҳуроти идеологии экстремистӣ ҳимоя намуда, фазои поку беолоиши шуури динӣ, маърифати динӣ ва дигар намудҳои гуногунақидагиро таъмин месозад. Аксари ҷомеашиносону фарҳангшиносон ба хулосае омадаанд, ки таълимот ва маърифати динӣ агар дуруст омӯхта ва истифода бурда шавад, ин заминаи устувори инкишофи давлатдорӣ ва амну суботи ҷамъиятӣ мегардад.
Бояд иқрор шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои пайрави дини мубини ислом мартабаи хеле баландро доро аст ва ба арзишҳои дини мубини ислом арҷгузории баланд менамояд. Мисоли барҷастаи он бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҷума ва нашри китоби муқаддаси мусулмонон - Қуръони маҷид, ободу тармими оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дигар маконҳои муқаддаси исломӣ, зиёд намудани шумораи зиёраткунандагони ҷойҳои муқаддаси тамаддуни ислом, чанд маротиба ба рӯйхати 500 нафар бонуфузтарин мусулмонони ҷаҳон пазируфтани Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.
Яке аз иқдомҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин соли 2009-ро эълон намудани Соли бузургдошти яке аз фақеҳони барҷастаи дини мубини ислом - Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошад, ки чун аксари мусулмонони дунё шаҳрвандони Тоҷикистон низ пайрави ин мазҳаби ҳанафӣ (аз номи асосгузораш) мебошанд.
Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти ин қонунҳоро талаб намуданд. Тавре таъкид гардид, мутаассифона, ҳанӯз ҳолатҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло ҳам баъзе одамон ҳангоми гузаронидани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд.
Дар рафти мулоқоти мазкур бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ намудаанд. Ба ин хотир, пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаҳои дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.
Супоришҳои дигар ба намояндагони ҷомеаи мамлакат оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем».
Мавриди тазаккур аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад, пуштибонӣ карданд.
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, тамошои дастҷамъонаи мулоқоти мазкур бо омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД баргузор гардид. Баъди тамошои дастҷамъона аз ҷониби роҳбарияти Академия ба Шурои кураторони Академия барои иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоришхои мушаххас дода шуда, матни мулоқоти мазкур ба нақшаи дарсҳои ҳатмии тарбиявӣ ворид гардид.
Ҳамчунин, профессорону омӯзгорони Академия тасмим гирифтанд, ки доир ба муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин вохӯриву ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ баргузор намоянд.

Насуриён Пулод Асадулло,
сардори Академияи ВКД ҶТ,
номзади илмҳои хуқукшиносӣ,
полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...