Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад
"Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Модар, чӣ калимаи муққадас аст. Ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бемисл аст. Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан аст.
Шоир беҳуда нагуфтааст:
Якшаба он ранҷ ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Зан - модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин Модар мебошад.
Модар! Зимни ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лахзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар – ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад. Модар! Ту чашмаи ҳаёти инсон ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандатро равшан месозӣ.
Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолию шарикам дар ғаму андӯҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам, табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат бониям кардию бо дили афсурдаат ҳимояам.
Зиндаги зебост, аммо зеби ин дунё зан аст,
Машъали оинадору шамъи маҳфилҳо зан аст.
Дар тариқи ишқ мардонанд гоҳе булҳавас,
То нафасҳои пасини ишқ побарҷо зан аст.
Байни ҷангалзори анбӯҳе, ки мардон ҳокиманд,
Чун паланги шердил, ҳушёр дар саҳро зан аст.
Дар тамоми ҷаҳон 8-уми мартро ҳамчун рӯзи модарон эълон карданд, дар ин рӯз тамоми он нафароне, ки модар доранд, тӯҳфа ба даст гирифта ба аёдати модар мераванд. Ҳар нафар кӯшиш мекунад ки тӯҳфааш боарзиш бошад ва ба модар писанд ояд ва лаҳзае ҳам бошад, модарро хурсанду хушбахт дидан мехоҳанд. Лекин тамоми ин тӯҳфаҳо дар назди меҳру муҳаббати модар ночиз аст. Мо як умр агар хизматашро кунем ба як шаби бедорхобие, ки модар барои фарзанд мекашад баробар шуда наметавонад. Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд. Зинда бод модар.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан – модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарин зан – модар аст, дар доираи модарсолӣ аз аввал то имруз боқӣ мондааст.
Рисолати олии зани тоҷик ин сабурии ӯст. Зан – модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад.
Маъруфзода Маъсумахон Маъруф -
Муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети №4,
капитани милитсия