Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи башарият, масъалаи муҳим дар Паёми ироа гардидаи Пешвои муаззами миллат

526Пиряхҳо захираи асосии оби соф ба ҳисоб мераванд. Эмомалӣ Раҳмон


Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба истифодаи захираҳои обӣ, ки нақши муҳимро дар рушди устувори кишвар мебозанд, дар заминаи истифодаи оқилонаи онҳо дар раванди баррасии муаммоҳои глобалӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст.
Афзоиши аҳолӣ ва дар ин замина норасоии оби нӯшокӣ, ҳамчун мамлакати кӯҳсор камзамин будани кишвар, бар замми он истифодаи оқилонаи захираҳои обии фаромарзӣ ва даҳҳо мушкилотҳои рӯзмарраи дигаре ҳастанд, ки ҳалли онҳо фаъолияти дастаҷамъонаи на танҳо сокинони кишвар ва минтақа, ҳамчунин аҳли башариятро тақазо менамояд.527
Маҳз ҳамин мушкилоти умумибашарӣ роҳбарияти сиёсии Тоҷикистонро водор намуд, то таваҷҷӯҳи сокинони сайёраро барои пешгирӣ ва худдорӣ аз паёмадҳои нохуши ин мушкилот равон намуда, роҳбарони давлату халқиятҳоро ба саҳнаи муколама даъват намояд. Баъд аз солҳои 2000-ум дар асоси 4 ташаббуси аз тарафи роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон пешниҳодгардида қатъномаҳои Маҷмаи СММ қабул гардиданд, ки боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.
Эълон гардидани «Соли 2003 – соли оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал», «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташаббусҳое мебошанд, ки боиси баргузории чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ, конфронсу симпозиум ва семинарҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар гӯшаю канори олам гашта истодаанд ва саҳнаи муносиби муколама барои ҳалли мушкилоти обӣ баҳисоб мераванд.
Об ҳамчун омили асосии мавҷудияти ҳаёт яке аз захираҳои асосии табиии бениҳоят муҳими сайёра ба шумор меравад. Истифодаи захираҳои обӣ, масъалаҳои марбут ба он ва ҳифзи захираҳои обӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб меёад ва ба манфиати аҳолии кишвар истифода намудани ин сарвати бебаҳо аз савияи касбии кормандони соҳа вобастагӣ дорад.
Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муҳити зист на танҳо аҳолии кишвар, инчунин аҳли башар дар минтақа ва сайёра тавассути идоракунии босуботи захираҳои обӣ эътибори хоса медиҳад.
Вобаста ба пешниҳоди навбатии роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли байналмилалии пиряхҳо ва ҳифзи пиряхҳо Маҷмааи умумии СММ дар иҷлосияи 77-уми СММ, рӯзи 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, қатъномаро оид ба «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул намуда, дар ин замина ширкаткунандагони иҷлосия «Рӯзи 21 мартро – рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуда, таъсис додани Фонди бовари байналмилалӣ барои саҳмгузории ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 гузаронидани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар шаҳри Душанбе дастгирӣ намуданд.
Қобили қайд аст, ки бузургтарин анбуҳи майдонҳои яхбандии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, зиёда аз 80%-и пиряхҳои минтақа маҳз дар кишвари мо қарор доранд. Агар майдони яхбандии минтақаи Осиёи Марказӣ ба 17 ҳазор км2 баробар бошад, 60%-и масоҳати яхбандиҳои минтақа маҳз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир гаштаанд. Захираи умумии яхи ин майдонҳои яхбандӣ дар кишвар 845 км3 –ро ташкил медиҳанд.
Дар давоми даҳсолаҳои охир таъсири тағйирёбии иқлим ва баланд рафтани ҳарорати ҳаво дар олам, аз ҷумла дар кишвари мо ба захираи яхию обии мамлакат баръало ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти мавҷуда дар давоми солҳои 50-90-уми асри гузашта коҳишёбии шидддатноки пиряхҳо тақрибан 0,6-0,8 % дар як сол аз рӯйи масоҳати яхбандӣ ва қариб 0,1% аз рӯйи ҳаҷми яхҳо ташкил медиҳад. Агар ба таърихи майдони яхбандиҳои Тоҷикистон нигарем, онро метавон ба се давра тақсим намуд:
I. давраи нисбатан қадимтар, ки 200 ҳазор сол пеш ба вуқуъ омадааст, ва тамоми ҳудуди Помири шарқӣва қисмате аз Помири ғарбиро ишғол намуда буд. Ин давраро давраи яхбандии Тупчак меноманд. Майдони яхбандӣ29570,0 ҳазор км2-ро ташкил дода, нисбат ба майдони яхбандии замони муосир 3,5 маротиба зиёдтар будааст.
II. давраи дуюм, ки 100 ҳазор сол пеш ба вуқуъ омадааст, давраи яхбандии Лахш номида мешавад, ки майдони яхбандӣ дар ин давра 24860,0 ҳазор км2-ро ташкил дода, нисбат ба майдони яхбандии замони муосир 2,9 маротиба зиёдтар будааст. Майдони яхбандиҳо дар ин давра дар минтақаи Помири шарқӣду маротиба кам гардида, дар дигар қисматҳои Помир ва қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой се маротиба афзудааст.
III. давраи сеюми яхбандиҳо майдонҳои яхбандии муосирро дар бар мегиранд, ки майдони он зиёда аз 7864,7 км2 ё худ 6 %-и ҳудуди кишварро ишғол намуда, тибқи феҳрест шумораи онҳо 8492 ададро ташкил медиҳанд.
Бузургтарин қисмати яхбандии муосир дар минтақаи Помир воқеъ буда, он аз масоҳати яхбандии тамоми ҳудуди Қафқоз 3,5 маротиба зиёдтар аст.
Агар ба ҳолати мавҷудаи пиряхҳо нигарем, танҳо ҳаминро таъкид намудан зарур аст, ки майдони яхбандиҳо нисбат ба яхбандии давраи Лахш ба маротиб кам гардида, ҳолати ташвишоварро ба вуҷуд овардааст. Пиряхи калонтарини минтақа – пиряхи Федченко (Муқсу), ки дар давраи яхбандии Лахш дарозии он ба 171 км баробар буд, имрӯз дорои дарозии 77 км мебошад, яъне қариб 100 км дарозии он коҳиш ёфтааст. Чунин ҳолат дар дигар пиряхҳои калонтарини кишвар ба мушоҳида мерасад. Дарозии пиряхи Зарафшон дар давраи яхбандии Лахш ба 104,6 км буд, имрӯз ба 27,8 км, яъне чор маротиба кам гаштааст; дарозии пиряхи Гармо (Вахё) дар ҳавзаи дарёи Оби хингоб дар давраи яхбандии Лахш 73,5 км буда, имрӯз ба 30,4 км баробар шудааст, яъне зиёда аз ду маротиба кам гаштааст; дарозии пиряхи Ҷамъияти географии Рус (Ванҷ) дар давраи яхбандии Лахш 62,5 км буда, имрӯз ба 23,2 км баробар шудааст, яъне се маротиба коҳиш ёфтааст. Дарозии пиряхи Мазор дар ҳавзаи дарёи Оби хингоб дар давраи яхбандии Лахш ба 40 км буд, имрӯз ба 16,8 км, яъне 2,5 маротиба кам гаштааст. Дарозии пиряхи Бозбайтал дар ҳавзаи дарёи Бартанг дар давраи яхбандии Лахш ба 38,0 км баробар буд, имрӯз бошад он ба 4,6 км баробар аст, яъне қариб даҳ маротиба кам гаштааст.
Яке аз ҳадафҳои ташаббуси навбати роҳбарияти сиёсии кишвар ин ҷалб намудани ҷавонон ва занон дар ҳалли масъалаҳои об ва тавсияи ҳамкории илмиву технологӣ мебошад.
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ҳадафҳои зикргардида маҳз ба таълим ва бозомӯзии мутахассисони ҷавон ва ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи об ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об нигаронида хоҳанд шуд.
Ташаббуси навбатии роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, барои таъмини суботи экологӣ, ҳалли мушкилоти захираҳои яхию обии кишвар, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос, таъмини иштироки занон ва духтарон дар идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои обию пиряхӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сайёра омили такконбахш мегардад.
Воқеъан пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагонӣ намуда, умр ба сар барад. Бояд гуфт, ки пирях аксар вақт ҳамчун синоними пиряхшавӣ истифода мешавад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст.
Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».
Албата ин гуна суханрониҳо диққати ҷаҳониёнро басо рангин месозад. Бояд дар ин раванд мо бикӯшем то ки обро неъмати бебаҳо дониста онро тозаву озода ва покиза нигаҳ дорем. Бе об, мо ҳаёт ба сар бурда наметавонем, чунки об ин манъбаи ҳаёт мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шуда истодааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Ин мафҳумро бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси маълумотҳои ба даст овардаи муҳақиқон пешниҳод менамоянд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф ба ҳисоб меравад, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи оби баҳрҳо таъсир расонида метавонад. Аз ин рӯз моро зарур аст, ки мо бояд обро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, чунки бе об дар олами ҳастӣ ҳайёт вуҷуд надорад.
Муаллими калони кафедраи
мурофиаи ҷиноятии факултети № 2
лейтенанти калони милитсия
Сулаймонзода Рустами Неъматуло

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...