Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ- инъикосгари маърифати ҳуқуқӣ
Ба ҳамагон маълум аст, ки чун анъана Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паём “Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистн ” баромад менамояд. Ироаи Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат бо иштироки васеи аъзоёни Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ санаи 28 декабри соли 2023 дар торлори Кохи Сомон баргузор гардид. Пешвои миллат ба таври муфассал дар бораи рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар маълумот дода, аз ҷумла иброз намуданд, ки новобаста аз шароитҳои душвор Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ рушд намуда, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардид. Дар баробари масоили иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Пешвои миллат ба масъалаи риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун дахл намуда, соли 2024- ро, соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.
Суоле ба миён меояд, ки маърифати ҳуқуқӣ чист?
Маърифати ҳуқуқӣ гуфта, ин пеш аз ҳама донистани қонунҳо ва риояи ҳатмии онҳо аз ҷониби шаҳрвандон дар назар дошта мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳеҷ як ҷомеаи инсонӣ бе маърифти ҳуқуқӣ пеш рафта наметавонад.Ҷомеае , ки дар он маърифати ҳуқуқӣ нест ба парокандагӣ рӯ оварда боиси барҳамхурии давлату ҷомеа мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ аз донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Бинобар ин Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2024, 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил карда шавад. Аз ин рӯ дар асоси пешниҳоди Пешвои миллат барои мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ лозим аст, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дониста, риоя намоем ва дар тарғиби он фаъолона ширкат намоем. Ҳамчунин Пешвои миллат барои фаъолияти босамари Мақомоти Олии қонунгузории кишвар – Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас дода, онҳоро ба созандагӣ, эҷод ва такмили қонунгузорӣ даъват намуданд.
Ҳамчунин барои риояи ҳатмии қонуният, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, озодии инсон барои принсипи адолатнокӣ дастурҳои мушаххас доданд. Дар Паём ба ҳамаи сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дастур дода шуд, ки барои тарғибу ташвиқи қонуният фаъолияти соҳавиро зиёд намуда, дараҷаи ҳифзи ҳуқуқи инсонро боло бурда, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшанд. Дар ин асос ин пешниҳодҳои Пешвои миллат моро руҳбаланд намуда вазифадор менамояд, ки дар донистан ва риояи Конститутсия, қонунҳо, фармонҳо ва дастурамалҳои корӣ боз ҳам фаъол бошем. Аз ҷумла барои кормандони милитсия зарур аст, ки дар тарғиби фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.04 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», «Консепсияи миллии таълим», «Консепсияи миллии тарбия» аз соли 2006 ва дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ саҳмгузор бошем. Бояд тазаккур дод, ки барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла милитсия тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад бинобар ин хуб мешуд, ки аз ҷониби кормандони милитсия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар байни аҳолӣ бо маърӯзаҳо баромад намоянд. Чунин таҷриба дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, гурӯҳҳои корӣ ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ташриф оварда, чорабиниҳои тарбиявӣ - ҳуқуқӣ баргузор менамоянд.
Аз ҷумла ба донишҷӯён ва хонандагон моҳияти сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва содир кардани ҷиноятҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон, риояи меъёрҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», талаботҳои Низомномаи муассисаҳои олии таълимӣ, фармону дастурамалҳо оид ба манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ, ҳамзамон бо автомобилҳои шахсӣ ҳозир нашудан ба муассисаҳои таълимӣ ва одоби ҳамидаи шаҳрдорӣ фаҳмонида мешавад.Инчунин аз ҷониби омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ машғулиятҳо ва вохӯриву сӯҳбатҳои тарбиявӣ аз ҷониби роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ мунтазам гузаронида шуда, ҳамзамон ба воситаи радиои дохилӣ ва шабакаҳои телевизиони давлатӣ вохӯрӣ ва суҳбатҳо гузаронида мешавад.
Тарбияи ҳуқуқӣ рукни муҳими тарбияи касбии курсантону шунавандагон ба ҳисоб рафта, роҳбарияти Академия тасмим гирифтааст, ки дар соли маърифати ҳуқуқӣ теъдоди чорабиниҳои тарбиявиро дар ин самт афзун намуда, бо ин роҳ маърифти ҳуқуқии курсантону шунавандагонро боло бардорад. Ба ҳар як омӯзгори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ лозим аст, ки дар соли маърифати ҳуқуқӣ саҳми босазои худро гузошта барои пешрафти давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шароитҳои нави созандаро муҳайё намоянд.
Дар ин асос мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки маҳз бо риояи меъёрҳои Конститутсия, қонунгузории миллӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ҳуқуқӣ, ҳамчунин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад дар боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун шахсан ширкат варзида, дигар ҳамватанони хешро ба ин кори муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намояд.
Зиёратшозода М. - профессори кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э. дотсенти кафедраи «мурофиаи чинояти» Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия