Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳамчун яке аз ҷанбаъҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон

516Масъалаи ҳуқуқи инсон ҳамеша дар маркази дққати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар қарор дошта, Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон низ ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф менамояд ва ҳифзу риояи онро аз ҷониби давлат кафолат медиҳад.
Кишвари мо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлати санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонид.
Бо дар назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиклол ҳангоми қабули аввалин Конститутсияи худ ба ҳайси халқи соҳибихтиёр озоди ва ҳуқуқи шахсро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон намуданд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ҳам миллӣ гувоҳи он аст, ки дар муқобили кӯшишҳои фаъоли давлат дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон, унсурҳои ҷиноятпешша низ ба хотири дур мондан аз таъқиботи ҷиноятӣ ва дар умум монеъ шудан ба адолати судӣ аз ҳар гуна усулу воситаҳои ғайриқонунӣ истифода менамоянд. Дар баъзан маврид агар усулҳои багапдарорию порадиҳӣ истифода шаванд, дар ҳолатҳои дигар нисбати иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ воситаҳои таҳдиду шантаж (иръоб) ва ҳатто таъсиррасонии рӯҳию ҷисмонӣ васеъ татбиқ мегарданд.
Аз ин лиҳоз, зарурат ба миён омад, ки иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ дар сатҳи давлатӣ зери ҳимоя қарор гирифта, ба онҳо, ки бо таваккали ҳаёт ва саломатии худ ба барқарор намудани адолати судӣ мусоидат менамоянд, тавассути тарзу усулҳои муосир кумаки дахлдор расонида шавад. Муҳимияти масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат баҳри фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии ҳимояи давлатии шахсоне, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок менамоянд ва ба адолати судӣ мусоидат менамоянд, чораҳои дахлдор андешида истодааст.
Ҷиноят омили иҷтимоӣ буда, дар баробари инкишоф, тараққӣ ва рушд ёфтани ҷомеа он низ афзоиш меёбад, мураккаб ва хатарноктар мегардад. Махсусан хавфнокии ҷинояткории муташаккилӣ ва трансмиллӣ хеле афзоиш ёфта, баланд мешавад. Маҳз дар ҳамин ҳол ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад. Шарти муҳими адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ин ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, бахусус ҷабрдидагон ва шоҳидон аз таҳдиду фишор, зӯроварӣ ва дигар оқибатҳои ногувор вобаста ба иштирокашон дар мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошад.
Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо шахсони аз ҷиноят ҷабрдида бар асари хавфи аз тарафи ҷинояткорон мавриди таъқиб қарор гирифтаашон ё бо андешаи он, ки шоҳидони ҷиноят аз додани нишондод даст хоҳанд кашид, аз муроҷиат намудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худдорӣ менамоянд. Дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва муҳокимаҳои судӣ низ бисёр шоҳидон дар натиҷаи таҳдиду фишор ё забоняккунӣ бо шахсони гунаҳгор ё хешовандони аз нишондодҳои қаблан додаашон даст мекашанд ва ё ин нишондодҳоро ҷиддан тағйир медиҳанд.
Дар кишвари мо оид ба миқдори ҳолатҳои аз муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худдорӣ кардани ҷабрдидагон ва тағйир додани нишондодҳо аз ҷониби шоҳидон то ҳанӯз таҳқиқотҳо гузаронида нашуда бошанд ҳам, таҷрибаи дар ин соҳа андухтаи кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳанд, ки вазъият басо мураккаб аст. Чунончӣ, тибқи як тадқиқоти сотсиологӣ, ки дар Федератсияи Руссия анҷом дода шудааст, 60 фоизи шахсони аз ҷиноят ҷабрдида бо асосҳои дар боло номбурда аз муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худдорӣ намуда, 90 фоизи шоҳидон изҳор намудаанд, ки ҳангоми пайдо шудани хатар ба ҳаёт ва саломатиашон ҳатман аз додани нишондод даст хоҳанд кашид ё нишондодашонро тағйир хоханд дод. Ин ҳолатҳо бидуни шубҳа баамалбарории адолати судиро душвор менамоянд.
Чӣ тавре аз маълумотҳои омории Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дар ҷумҳурии мо низ дар бисёр ҳолатҳо ҷабрдидагон аз муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оиди ҷиноятҳои содиршуда худдорӣ менамоянд. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 18 336 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин назар ба чанд соли пеш қариб 6000 адад ё 49 фоиз зиёд мебошад. Ин шаҳодати он аст, ки дар гузашта бисёр ҷиноятҳо пинҳон мемонданд, чунки оиди онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекарданд. Ин ҳолатҳо имрӯзҳо низ ҷой доранд. Айни замон роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ тамоми чораҳоро андешида истодаанд, ки ягон ҷинояти содиршуда бе қайд ва чораандешӣ намонад.
Чунин шахсон тибқи қонунгузории амалкунанда номи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятиро доро мебошанд. Вобаста ба мафҳуми чунин категорияи шахсон дар қонунгузорӣ нигоҳи ягона мавҷуд нест. Дар ин ҷода Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Қонун дар бораи ҳимояи давлатӣ дар муайянкунии мазмуни он ба таври гуногун муносибат кардаанд. Мушаххасан дар бораи ин ҳолат ман дар маърӯзаи худ гуфта мегузарам.
Новобаста аз ҷой доштани камбудиҳои меъёрӣ, алҳол мо дарк карда метавонем, ки тамоми кушишу ғайрати давлат ва мақомоти он барои ҳимояи манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофияи ҷиноятӣ равона карда шудааст.
Аз ин рӯ, дарёфти роҳу тарзҳои таъмин намудани амнияти иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ аз амалҳои таҷовузкоронаи шахсоне, ки кушиши дахолат кардан ба рафти тафтиши ҷиноят ва номӯътадил гардонидани адолати судиро доранд, мусоидат менамояд.
Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ тибки созишномаҳои байналмилали низ амалӣ карда мешавад. «Созишнома оид ба ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» аз 28-ноябри соли 2006 дар шаҳри Минск, ки дар байни давлатҳои ИДМ баста шуда, ба истиснои 4 давлат (Узбекистон, Туркманистон, Гурҷистон ва Молдавия) ҳамон вақт имзо ва қабул гардидааст.
Ман дар ин мақолаи худ ҷанбаҳои алоҳидаи ҳимояи давлатии шахсонро омӯхта, проблемаҳое, ки дар самти татбиқи ин чораҳо метавонанд ба миён оянд, таҳлил карда, дар якҷоягӣ онҳоро паси сар намоем. Дар ин раванд нақши судяхо, прокуророн, муфаттишон, роҳбарони дастгоҳҳои оперативӣ, адвокатон, инчунин дигар вазорату идораҳои ба ин самти кор ҷалбкардашуда хеле муҳим мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷодаи самаранок ба роҳ мондани сиёсати давлат дар самти ҳимояи иштирокчиёни мурофияи ҷиноятӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ як қатор корҳои мушаххас ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла бо ташаббуси Вазорати корхои дохилӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» 29 декабри соли 2010 қабул карда шуд.
Бояд қайд кард, ки ҳимояи давлатии шаҳрвандон ҳангоми иштироки онҳо дар мурофиаи судии ҷиноятӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва вазифаҳои калидии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ифодаи ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои конститутсионӣ ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ба шумор меравад.
Мутобиқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ - чораҳои амниятие ба ҳисоб меравад, ки ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо равона гардидааст, инчунин чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда бо сабаби иштироки онҳо дар мурофиаи судии давлати мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амали гардонида мешавад.
Чораҳои ҳимояи давлати нисбати иштирокчиёни зерини мурофиаи судии ҷиноятӣ татбиқ мегарданд:
-прокурор – айбдоркунандаи давлатӣ;
-ҷабрдида;
-шоҳид;
-айбдоркунандаи хусусӣ;
-гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда, сафедшуда, ҳимоятгарон ва намояндагони қонунии онҳо, инчунин шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ ё таъқиби ҷиноятӣ қатъ карда шудааст;
-коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахси холис, инчунин омӯзгор ва равоншинос, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок менамоянд (моддаи 2 қонуни мазкур).
Тибқи қисми 3 моддаи 3 Қонун дар бораи ҳимояи давлати татбиқи чораҳои амниятӣ ба уҳдаи мақомоти зерин вогузор карда шудааст:
-мақомоти корҳои дохилӣ;
-мақомоти амнияти миллӣ;
-мақомоти гӯмрук;
-мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мӯбориза бо коррупсия;
-мақомоти назорати маводи нашъаовар;
Яке аз омилҳои асосии таъмин намудани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва адолати судии ҳаматарафаю холисона – муайян намудани шоҳидони ҷинояти рӯхдода ва гирдоварии нишондоди онҳо оид ба тарзу усул ва аз ҷониби ки содир шудани ҷиноят мебошад.
Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вартаи ҷанги шаҳрванди кашида шуд ва аз ҷониби гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ шаҳрвандоне, ки шоҳид ва ё ҷабрдидаи кирдорҳои ҷинояткорона буданд. Барои пешниҳоди нишондод мавриди таъкиб ва таҳдиду зуроварӣ қарор дода мешуданд. Дар ин шароити мушкил амали намудани адолати судӣ дӯшвор мегардид. Осори он рӯзҳо, ҳанӯз ҳам дар ниҳоди шаҳрвандон ҷой дорад ва онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки аз шоҳид буданашон ба ин ё он кирдори ҷинояти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар наёбанд ва онҳоро мавриди пӯрсиш қарор надиҳанд. Аз ҳамин лиҳоз, дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои ҷиддии дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойдошта баланд бардоштани эътимоду боварии шаҳрвандон ба масъалаи таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар рафти мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки қонуни номбурда мукаммал буда, дар он номгӯи шахсоне, ки таҳти ҳимоя қарор дода мешаванд, мақомоте, ки ҳимояи давлатиро таъмин менамоянд, чораҳои амниятӣ, асосҳо ва тартиби татбиқи онҳо, инчунин бекор кардани чораҳои амниятӣ ба пуррагӣ нишон дода шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи талаботи ҳамин қонун яке аз субъектҳои таъминкунандаи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ мебошад. Аз ин сабаб, мо манфиатдорем, ки ҳар чӣ зудтар тарзи амали намудани қонуни мазкур ба роҳ монда шавад ва шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда, ба раванди амали намудани адолати судӣ ёрӣ расонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони аз рӯзҳои аввали истиқлолият санадҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром ва риоя менамояд. Тавре ки дар моддаи 7-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст: «Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи баробари ҳуқуқӣ ҳақ доранд».
Абдуллозода Х.Ш., муаллими кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...