Мавқеи ҳуқуқ дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон
28-уми декабри соли 2023 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” доир гардид.
Дар он раёсат ва аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва ахбори омма иштирок намуданд.
Дар идомаи матлаб гуфтан ба маврид аст, ки “Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамеша таваҷҷуҳи сокинони мамлакат ва коршиносонро ба худ ҷалб менамояд. Чунин таваҷҷуҳ ба Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон бесабаб нест. Он аз як тараф, агар аз аҳамияти хосса касб намудани паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ шаҳодат диҳад, аз тарафи дигар, як навъ ҳисоботи Сарвари давлат дар назди халқи Тоҷикистон аст, ки ҳамасола Пешвои миллат дар назди аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат ва намояндагони ҷомеа суханронӣ намуда, ҳолат ва дурнамои рушду таҳкими самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистонро бо таҳлилҳои мушаххаси илмию амалӣ ба диққати аҳолии мамлакат мерасонад.
Баъдан, Паём як навъ алоқамандии мутақобилаи ҳокимият ва ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки инъикоси ба халқ тааллуқ доштани ҳокимият ва дар назди халқ ҳтсоботдиҳанда будани ҳокимияти давлатиро нишон медиҳад. Алоқамандии мутақобилаи Паём инчунин дар он зоҳир мегардад, ки баъди пешниҳоди он садҳо нафар олимону коршиносони соҳаҳои гуногуни илм ва хоҷагии халқи мамлакат, хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони табақаҳои ҷамъиятӣ нуқтаҳои гуногуни Паёмро, ки ба фаъолияти ин ё он соҳа тааллуқ доранд, бо истифода аз усули муқоиса таҳлил намуда тафсири паҳлуҳои онро баён менамоянд.
Масъалаи муҳиме, ки пайваста дар Паёмҳои Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон садо медиҳад ва ин дафъа низ баланд садо дод, ин нақш ва мавқеи ҳуқуқ дар давлат, низоми сиёсӣ ва ичтимоӣ мебошад.
Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон нисбат ба ин падидаи муҳими сиёсию иҷтимоӣ бо дарк ва фаҳмиши баланди масъала ва проблема ҳарф зада, онро ҳамчун,
1) Унсур;
2) Сарчашма;
3) Омил ва роҳу механизми асосии таъмини иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатӣ, нигаҳдории муназзам ва боъэтимод, инчунин сарчашмаи суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат арзёбӣ намуданд.
Воқеан ҳам ҳуқуқ таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ дар давлат аст, неруе аст, ки тавассути он қоидаи рафтори давлат ва мақомоти давлат ҳамчун унсури сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, қоидаи рафтори ҷомеа ва шахс дар дар чорчӯбаи муайян, ки ҳуқуқ ном мебаранд, муайян шудааст.
Ҳуқуқ ҳамавақт иродаи синфи муайян, элитаи сиёсӣ, халқ, ҷомеа ва давлатро ифода менамояд. Ҳуқуқ ҳамчунин қоидаи рафтори барои ҳама ҳатмиро муайян месозад. Умумиҳатмӣ будани он муҳимтарин аломати ҳуқуқ мебошад.
Аломати дигари ҳуқуқ он аст, ки ҳуқуқ аз тарафи давлат ҳифз ва таъмин мешаванд.
Ҳамин аломатҳои муҳими ҳуқуқ ва нақши калидии он дар рушди давлат ва ҷомеа мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бори дигар бо дахл ба ҳуқуқ таъкид намуданд, ки “таъмин намудани рушди устувор ва босуръати мамлакат танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷониба талаб менамояд. Қонунгузорӣ пайваста бояд такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад, аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ин самт равона созанд. Зимнан, хотирнишон менамоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи мамлакат натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулнамудаи парламенти мамлакат мебошад”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маърузаву суханрониҳо ба масъалаҳои гуногуни конститутсионӣ, меъёру принсипҳои он, ки дар Конститутсия эълон шудаанд, дар робита ба рушди давлату давлатдорӣ рӯ меоваранд. Истинод овардан ба мафҳумҳои конститутсионӣ сатҳи баромаду маъруза ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам арзишмандтар, қавитар, мантиқдор, таъсирбахш ва бо далелҳои муътамад мустаҳкам мегардонад.
Чунонччӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “бояд гуфт, ки дар раванди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.
Ибораи “бунёди ҷомеаи адолатпарвар” мафҳуми конститутсионӣ буда, он дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфта, ҳамчун вазифа ва мақсади ниҳоии халқи Тоҷикистон эътироф шудааст.
Муносибати хирадмандона ва некбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия ва ҳуқуқ ҳамчун зуҳуроти муҳимтарини ҷамъиятӣ ва давлатӣ, бешак, намунаи олии давлату давлатдорӣ буда, барои ҳар сиёсатмадор, роҳбар, махсусан хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони дигар касбу кор намунаи ибрат аст.
Ҳамин тариқ, ки дар пайвастагӣ ба Конститутсия ва ҳуқуқ риояи қатъии онҳо ва тарбияи баланди худшиносиву худогоҳии ҷомеа, ки бе боло бурдани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ғайриимкон аст, дастуру супоришҳои ҳамешагии Роҳбари давлат ба шумор мераванд.
Боварии комил аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 баҳри боз ҳам баланд рафтани сатҳи фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқии Тоҷикистон, ки ҷомеаи мо ба он сахт ниёз дорад, нақши назаррас мегузорад. Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи мамлакат дар Соли маърифати ҳуқуқӣ бо амалҳо ва қоидаи рафтори созандаи тамоми қишрҳои ҷомеа бо шукуҳу тантана дар фазои тинҷиву оромӣ ва шукуфоии Ватани азизамон баргузор мегардад.
Абдуллозода Х.Ш., муаллими кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия