Моҳият ва рушди варзиш дар ҷомеа
Дар Паёми навбатии хеш 28 декабри соли 2023 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо ба масъалаҳои ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хоса равона намуда, бамаврид аз дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ёдовар шуданд.
Таърихи пайдоиши варзиш ба давраи қадими таърихи ҷомеаи инсонӣ тааллуқ дорад. Унсурҳои варзиш дар ҷомеаи ибтидоӣ пайдо шудааст. Одамон барои худ ғизо дарёфт мекарданд, шикор мекарданд, ҷойи зист месохтанд ва дар раванди ин фаъолияти табиӣ ва зарурӣ худ ба худ тавоноиҳои ҷисмонии онҳо мукаммал мегардид – қувва, тобоварӣ, чолокӣ.
Дар раванди таърихӣ инсонҳо тадриҷан таваҷҷуҳ медоданд, ки он аъзои оилае, ки дар зиндагӣ фаъол ва серҳаракат буданд, ягон амалҳои ҷисмониро чандинкарата такрор менамуданд, талошҳои ҷисмонӣ нишон медоданд, бештар пурқувват, тобовар ва коршоям буданд. Ин боиси он шуд, ки инсонҳо падидаи тамринпазириро бошуурона дарк намуданд. Маҳз падидаи тамринпазирӣ асоси пайдоиши варзиш шуд.
Инсон самараи варзишро дарк намуда, ба тақлид намудани ҳаракатҳои дар фаъолияти меҳнатӣ ба ӯ зарурӣ дар раванди берун аз фаъолияти меҳнатӣ шуруъ намуд, масалан, партофтани найза ба тасвири ҳайвон.
Замоне, ки амалҳои меҳнатӣ дар раванди берун аз фаъолияти меҳнатӣ истифода шуданд, онҳо ба машқҳои ҷисмонӣ табдил ёфтанд. Табдили амалҳои меҳнатӣ ба машқҳои ҷисмонӣ доираи таъсири онҳо ба инсонро васеъ намуда, пеш аз ҳама дар нақшаи такомули ҳаматарафаи ҷисмонӣ нақши муҳим гузошт. Баъдтар, дар рафти рушди тадриҷӣ маълум гардид, ки самараи бештар ва беҳтари тайёрии ҷисмониро инсон вақте ба даст меоварад, ки ба машқ кардан дар синни кӯдакӣ оғоз намояд, на дар синни калонсолӣ, яъне вақте, ки ӯро пешакӣ ба зиндагӣ ва меҳнат омода месозанд.
Ҳамин тариқ, дарки падидаи тамринпазирӣ ва аҳамияти тайёрии пешакии инсон ба зиндагӣ, барқарорсозии муносибатҳо байни онон сарчашмаи пайдоиши варзиш гардид.
Шаклҳои тарбияи ҷисмонии муташаккил дар Юнони Қадим дар намуди омӯзиши махсуси чавонон бо машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ пайдо шуданд, ки то таърихи навин онҳо ҳамчун дороии баъзе аз намояндагони синфҳои ашрофӣ боқӣ монданд ва ё дар давраи омӯзишҳои ҳарбӣ мешуданд.
Варзиш дар Тоҷикистон – яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 825 «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва танзим менамояд.
Варзиш дар Тоҷикистон дар давраи Шуравӣ ру ба инкишоф ниҳод. Нахустин чорабинӣ оид ба тарғиби машқҳо ва тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 16 марти соли 1925 ба муносибати рӯзи таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон баргузор шуд. Соли 1928 Пленуми Олии тарбияи ҷисмонӣ доир гардид, ки масъалаҳои рушди дар ояндаи варзиш дар ҷумҳурӣ баррасӣ карда, соли 1934 дар ш.Душанбе бо Қарори КИМ ва Шурои комиссариати халкии ҶШС Тоҷикистон спартакиадаи умумиҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Барои рушди ояндаи варзиш дар Тоҷикистон як қатор иншоотҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз қабили Спартак (1930), Динамо (1932), Варзишгоҳи марказӣ (1962), Маҷмааи варзиши шиноварӣ (1962).
Варзишгар – шахси воқеӣ, ки мунтазам бо намудҳои интихобкардаи варзиш машғул буда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок менамоянд.
Дар даврони Истиқлолият 11 ҳазор иншооти нави варзиш бунёд гардид, ки он ҳам асосан барои ҷавонон мебошад. Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
Барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда зарур аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои кор бо ҷавононро таҳия ва амалӣ намояд.
Дар ин замина, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.
Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд.
Бо такя ба ҳидоятномаҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва бовариву эътимоди комилашон ба ҷавонону варзишгарон мо омӯзгорони ҷавони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷаҳду талош менамоем, ки насли ояндасоз ва муаррифгари давлату миллатро бо донишу маҳорати хоса тарбия намуда, Ватани азизу маҳбуби худро боз ҳам дар ақсои олам чун пайравони воқеии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намоем.
Нурализода А., муаллими калони кафедраи ТМ ва ОҶ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия
Саъдуллозода К.С., муаллими кафедраи ТМ ва ОҶ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия