Вохӯрии муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бо ҳайати олимону омӯзгорон
22-юми январи соли 2024, дар асоси супроиши сардори Академияи ВКД вохӯрии муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Акбаров Н. бо ҳайати олимону омӯзгорони Академияи мазкур баргузор гардид.
Вохӯриро муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. оғоз намуда, иброз намуд, ки дар асоси талаботи илмӣ теъдоди нашрияҳои илмӣ аз ҷумла, энсиклопедияҳои соҳавӣ дар Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ривоҷ ёфтаанд.
Дар асоси дастури Вазири корҳои дохилӣ, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва ҳамчунин қарори ҷаласаи фаврии назди сардори Академия дар назди ҳайати профессорону омӯзгорон мураттабсозӣ ва таълифи энсиклопедияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузошта шудааст. Дар асоси ин мо барои ба таври дуруст мураттабсозии энсиклопедияи мазкур намояндаи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷикро барои гузаронидани тавсияҳои илмӣ-методӣ даъват намудем.
Сипас муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., суханро ба намояндаи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик пешниҳод намуда, қаблан барои гузаронидани ин чорабинии илмӣ - методӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Акбаров Неъматулло баромад кард. Мавсуф иброз дошт, ки боиси ифтихор аст, ки дар заминаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин энсиклопедия мураттаб мегардад. Аввалан ин энсиклопедияи мақомоти корҳои дохилӣ, ки аллакай ба нашр расид. Акнун дар навбат таҳияи энсиклопедияи ФОҶ меистад. Дар мураттабсозии энсиклопедия таҷрибаҳои гуногуни илмӣ истифода мешаванд. Аз ҷумла, энсиклопедия ин Донишнома аст. Вобаста ба мавзуе, ки Шумо интихоб намудаед, яъне фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боиси ифтихор ва дастгирӣ аст. Ин аз он дарак медиҳад, ки ВКД ва Академия ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи хос менамояд. Чӣ тавре, ки медонед, ҳар як Донишнома вобаста ба соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бояд сохтори тартибӣ ва мантиқии худро дошта бошад. Ба назари мо мутахассисон аз якчанд қисматҳо иборат аст: а) очерки таърихӣ; б) маводҳои бойгонӣ; в) маълумотҳои тарҷумаҳолӣ ва ғайра. Инчунин, дар донишнома талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Забони давлатӣ” тарзи дурусти навиштани калимаҳои кӯтоҳшуда ҳатман бояд риоя гарданд. Ҳамчунин, дар Донишнома Шумо метавонед баъзе тасвирҳо, суратҳо ва нақшаҳои тахассусиро низ ҷой дода, дар бораи он маълумот диҳед.
Тартиби мураттабсозии донишнома дар асоси тартиби ҳарфҳои алифбои забони тоҷикӣ (агар русӣ бошад забони русӣ) иҷро карда мешаванд. Ҳамчунин, дар маводи пешниҳодшуда ба адабиёти истифодашуда ё бойгонӣ иқтибос дода мешавад. Ҳамин тавр суханронии худро намояндаи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ба анҷом расонида, сипас ба саволу ҷавоб гузаштанд.
Ба саволҳои олимон омӯзгорон Одиназода А.Ш., Саидзода З.А., Самиев Н.М., Нарзуллозода С.С., Давлатшозода А.Ш., Абдулаҳадзода А.А., дар бораи ба таври дуруст ва фаҳмо ҷобаҷокунии Донишнома саволҳои қаноатбахш доданд. Ҳамчунин, намояндаи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик изҳор намуд, ки омода аст, ки барои таҳияи энсиклопедияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ёрии амалии худро расонад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. барои ҳамкории муштарак ба устод Акбаров Неъматулло изҳори сипос намуд.
Асламов Б.С., Дадазода Д.О.