Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, барои таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як фарди кишвар нигаронида шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 декабри соли 2023 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад.
Дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. «Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад», - таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 қабул гардид. Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Тавре маълум аст, тамоми механизми қонунгузории мамлакат аз Конститутсия сарчашма мегирад. Конститутсияе, ки соли 2024 сиюмин солгарди қабули он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳамон Конститутсияе, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини тоҷикон дар асри нав мебошад. Ба ифодаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии давлатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Сарчашмаи марказии сиёсати ҳуқуқии мамлакатро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд. Вобаста ба ин, мавқеъ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории кишвар ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас буда, маҳз дар заминаи муқаррароти меъёрҳои заминавӣ (бунёдӣ)-и он дурнамои инкишофи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва муқаррар гардидааст.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд.
Бояд зикр намуд, ки вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он, сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде мавҷуд аст, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум, принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки стратегия ва дурнамои масъалаҳои танзими муфассали ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар доираи қонунгузорӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мавриди танзим ва муқаррарнамоӣ қарор дода шудаанд. Таҳлил ва омори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба он далолат менамояд, ки то ба имрӯз аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар зиёда аз 400 санадҳои қонунгузорӣ ҷиҳати танзим, муайяннамоӣ ва пешбинӣ намудани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд. Дар баробари ин, дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ зиёда аз 17000 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул гардиданд, ки моҳияти асосии онҳоро асосҳо ва иҷрои нишондодҳои санадҳои қонунгузорӣ ташкил медиҳад. Дар ин раванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ гардида, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 51 конвенсия ва 964 шартнома ва созишномаҳои байналмилалиро ба тасвиб расонидааст.
Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабули Конститутсия бо дарназардошти унсурҳои асосии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам гардид. Агар ба масъалаҳои танзими қонунии муносибатҳои ҷамъиятӣ пеш аз қабули Конститутсия назар афканем, қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои алоҳида бештар ба масъалаҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нигаронида шуда буданд. Айни замон бошад, ташаккул ва рушди низоми қонунгузорӣ бештар ба самти таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра равона гардидааст.
Дар маҷмуъ, таҳлили Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлуҳои мухталифи сиёсати ҳуқуқии кишварро, махсусан дар самти такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳкими фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ равона гардида, ба таъмини рушди низоми қонунгузорӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар назди ҳар сокини мамлакат масъулияти бештар мегузорад. Зеро таъмини волоияти Конститутсия ва қонун бештар аз ҳама ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алоқамандӣ дорад, ки то куҷо ҳисси эҳтиром ба қонун ва ё худ ҳисси қонунпазирӣ доранд. Чунки бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд, сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайримкон аст.
Каримзода У.К., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия.