Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём – роҳнамои сиёсати ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

482Аз рӯзҳои аввали роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои асосӣ ин ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои хориҷӣ буд, ки имрӯз мо ба натиҷаҳои назаррасе расидаем.
Консепсияи хориҷии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2013 тасдиқ шудааст, самтҳои фаъолияти давлатӣ, ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии онро дар хориҷи кишвар дарбар мегирад. Тибқи консепсияи мазкур, самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои узви ИДМ ба шумор меравад.
Бинобор ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ будани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо чандин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расонида шудааст.
Кушода шудани намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои мухталифи гуногуни хориҷӣ, ин яке аз самтҳои афзалиятнок ва боварӣ ҳосил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробар ба дигар давлатҳои ҷаҳон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Ин аст, ки бо талошу заҳматҳои зиёд таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ҳамкории байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид.
Дар лаҳзаҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ танҳо бо роҳи барқарор сохтани муносибатҳои дипломатӣ бо дигар давлатҳо ва ворид намудани молу маҳсулот аз дигар давлатҳо пеши роҳи гуруснагӣ ва нест гардидани миллат роҳи асосӣ ба шумор мерафт. Бо роҳбарии Пешвои миллат ва сафарҳои хориҷии пайдарҳам ҳамаи ин масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд.
Намояндагӣ ва консулгарии дигар давлатҳо бо беҳтар гаштани вазъияти сиёсӣ дар кишвар баргардонида шуда, фаъолияти худро ба пуррагӣ ба роҳ монда буданд:
- тамоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи байналмилалӣ ва демократӣ мутобиқ гардонида, қабул карда шуд;
- имконияти ба таҳсил фаро гирифтан дар мактабҳои олии дохилӣ ва хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат барои фарзандони ятим ва оилаҳои камбизоат ба роҳ монда шуд;
- барқарор намудани ҳамкории дуҷониба бо тамоми давлатҳои дунё дар воридот ва содироти молу маҳсулот тақвият ёфт;
- ҷалб намудани меҳмонони хориҷӣ барои сайёҳӣ ва маблағгузорӣ дар ширкатҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ дар амал татбиқ гардид.
Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ва таккондиҳанда ба пешрафт ва ободкории кишварамон гардидааст.
Вазифагузории саривақтӣ ва иҷрои он таккондиҳандаи имрӯзу фардои сиёсат ва пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз Паёми соли 2023-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:
Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд.
Бо ин гуфтаҳо Ҷумҳурии Точикистон ҳамчун давлати транзитӣ ва гуфтушунидкунанда бо давлати Исломии Афғонистон дар пешгирии ҷиноятҳои муташаккили террористӣ ва экстремистӣ нақши асосиро мебозад. Дар ҳар як баромади худ дар зинаҳои гуногуни ҳамкорӣ ва форумҳои байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такрор менамоянд, ки зуҳуроти хатарнок, ин яке террористӣ ва экстремистӣ бошад, дигаре хариду фурӯши маводи нашъадор аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ин ҳарду самти ҷиноятҳои трансмиллӣ шабу руз муборизаи беамон мебарад ва паҳн гардидани онро дар ҷаҳон пешгирӣ менамояд.
Кишвари мо ба сифати афзалияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад.
Дар ин росто, мо ҳамкории худро бо кишварҳои ҷаҳони ислом боз ҳам густариш мебахшем. Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст.
Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем.
Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ бо чаҳду талоши зиёд маром гирифта, бо баромадҳои пурмуҳтавои худ собит намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар баробари дигар давлатҳои пешрафта овози худро дорад. Ҷиҳати таъмин намудани пойдории низом ва суботи байналмилалӣ аҳамияти тақвияти нақши муҳиму ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунанда Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 давлати амнтарин эълон гардид.
Қобили ёдоварист, ки соли гузашта бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.
Мо аз ҳамкориҳои худ бо ҳамаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд қаноатманд мебошем ва минбаъд низ бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои худро бо онҳо густариш медиҳем.
Ҳамин тариқ аз оғози фаъолияти ҳамкорӣ бо давлатҳои дигар масъалаи баргардонидани гурезагон, ки дар давлатҳои ҳамсоя сарсон ва овора буданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, ба нооромии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нигоҳ накарда, ба онҷо сафар намуд. Бо гурезагон вохӯрӣ карда, аз беҳтар гардидани ҳолати оромӣ дар кишвари азизамон хабардор намуд ва ҳамаи онҳоро давра ба давра ба ватан баргардонид.
Дар Тоҷикистон бо кӯмаки сармоягузорони хориҷӣ сохтмони нақби ағбаи Анзоб (Истиқлол), нақби Шаршар (Озодӣ), нерӯгоҳи барқии Сангтуда - 1, якчанд кӯпрукхои муҳим дар дарёи Панҷ ба истифода дода шуданд ва минбаъд нерӯгоҳи Сангтӯда - 2, коркарди металлҳои рангаю нодир, коркарди пахта, истеҳсоли нуриҳои минералӣ, инкишофи соҳаҳои агросаноатӣ ва боз чандин корхонаҳои дигар ба кор хоҳад даромад.
Дар баробари робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон муносибатҳои фарҳангии худро низ сол аз сол бо мамлакатҳои гуногун густариш медиҳад. Тайи чандин сол гузаронидани рӯзҳои санъату адабиёти Тоҷикистон дар Россия, Фаронса, Олмон, Лаҳистон, Ӯзбекистон ба шакли анъана даромадааст.
Олимону нависандагони тоҷик бо бисёр марказҳои илмию фарҳангии Аврупо, Осиё ва қитъаи Америка робитаҳои наздик доранд. Асарҳои онҳо бо чандин забонҳои хориҷӣ нашр гардида, шуҳрати илм ва адабиёти тоҷикро боз ҳам баландтар мегардонанд.
Ба таври хулосавӣ бояд ҳаминро қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои геополитикии Авруосиё мавқеи махсусро ишғол менамояд, ки ҳалқаи асосӣ дар ҳама иттиҳодияҳои бузургтарини интегратсионии минтақавӣ ба шумор меравад.
Адабиётҳои истифодашуда:
1. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тағиру иловаҳо)аз 6 ноябри соли 1994.
2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» декабри соли 2023.
3. Мақолаҳо вобаста ба 30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Рӯзнома ва маҷаллаҳои илмӣ ва оммавии солҳои 1992-2022.

Мирзоҳофизиён М., сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...