Хизмати содиқонаи занон-бонувони тоҷик дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, аз 28-уми декабри соли 2023)
“Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, аз 28-уми декабри соли 2023 иброз доштанд: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”.
Оре, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ барои мустаҳкам гардонидани мавқею манзалати занон дар ҷомеа имкониятҳои бештарро фароҳам овард, ки тавассути онҳо имрӯз зани тоҷик метавонад нерӯи созандаи худро барои ободию рушди кишвар равона сохта, дар ҳамаи самтҳои азнавсозии мамлакат дар баробари мардон фаъолона ширкат варзад. Пешвои муаззами миллат дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуданд: “Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем”. Дар шароити ҷумҳурии мо мақсади сиёсии Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои созандаи занон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо маълум буда, хусусияти устувор дорад. Дар ин раванд Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” нақши муассир дорад. Пешвои муаззами миллат барҳақ фармудаанд:“Дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусу ибтикори занон, беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа боиси боз ҳам фаъол гардидани занону бонувони мо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, пешрафти ҷомеа ва афзудани саҳми онҳо дар раванди ободкории кишварамон мегардад”. Зеро зан-модар ҳама вақт мекушад, ки чеҳраи нуронии худро баҳри пешгирӣ намудани ҳама гуна низоъҳо, барои осоиши халқ аз тамоми унсурҳои моддиву иҷтимоии рӯзгори хеш истифода барад.
Сиёсати ҳадафмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба афзудани сафи занон дар мақомоти корҳои дохилӣ низ мусоидат намуд. Дар тули истиқлоли хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои зиёде таҳия намудааст, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик равона шуда, ояндаи хуби пешрафти ӯ ва боло рафтани мақоми занро дар ҷомеа муайян менамояд, инчунин, мо занонро водор месозад, ки баҳри татбиқи онҳо ба хотири шукуфоию пешрафти кишвар талош варзем. Ҳадаф аз қабул намудани ин санадҳои сарнавиштсоз, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бонувон мебошад. Занон- кормандони Мақомоти корҳои дохилӣ низ ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти кунунии ВКД бо диди нав назар намуда, содиқонаву самимона аз вазифаҳои бадушдоштаашон баромада истодаанд. Зиёд гардидани шумораи занони кордону содиқ ба Савганд ва дорои масъулияти баланд дар мақомоти корҳои дохилӣ амри воқеӣ хоҳад буд, зеро беҳтарин ва арзандатарин хислати занон - поктинатию инсондӯстӣ, нексириштию фарҳангпарварӣ, созандагию заҳматписандӣ ва эҳсоси волои ватандӯстию ифтихори ватандориро танҳо дар симои занони покдомани мо дарёфт кард. Ҳар як зан - корманди сохторҳои қудратӣ дар арсаи кору фаъолияти худ шоистаи ҳама гуна эҳтирому сипос буда, таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида, ободиву пешрафти фаъолияти ВКД мебошанд.
Баландии сатҳи фарҳангиву маънавии миллати мо аз ин ҷо маълум аст, ки имрӯз дар сохторҳои қудратии кишвар, низ шумораи занони соҳибмаърифат рӯ ба афзоиш дорад. Занон ва бонувони мақомоти корҳои дохилӣ сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ҷонибдорӣ намуда, дар пешрафту густариши кишвари хеш, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, амнияти кишвар саҳми арзанда доранд.
Мо занон шукргузори замони осоиштаем, ки имрӯз зан-модар бори дигар дар ҷамъияти мо ба мақому манзалати воқеӣ молик гардид. Ӯро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ, роҳбару роҳнамои мардум, корманди болаёқати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар шинохтаанд. Мо аллбата ба қадри ин меваҳои шаҳдбори истиқлол хоҳем расид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023), қайд намуд: “Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷалби бонувон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ густариш ёфта истодааст, зеро Ҳукумати кишвар ба неру ва ташаббусҳои занон эътимод дорад. Ғайр аз ин занони тоҷик дар чорабиниҳои бузурги байналмилалии сиёсию илмӣ ва фарҳангии минтақавию ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд. Айни замон таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳалли масъалаҳои занон ва ташаккули чеҳраи сиёсии онҳо яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, барои ташаккули ҷаҳонбинии муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳимояи манфиатҳои занону ҷавондухтарон, воридшавии онҳо ба раванҳои муносибатҳои нави ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои созандаи занон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон ба масъалаи татбиқи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин намудани занон дар ин сохторӣ қудратӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Барои сайқал додани донишу малакаи касбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ пайваста кушиш намуда, имконияти мусоиди баланд бардоштани савияи саводнокии занону духтарон ба роҳ монда шудааст. Аз аввали соли 2023 то охири сод дар байни занон-кормандони мақомоти корҳои дохилӣ озмунҳои “Беҳтарин иншо”, “Беҳтарин кормандзани мақомоти корҳои дохилӣ” (дар байни занон-кормандони МКД, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд), озмуни “Беҳтарин китобхон” дар доираи романи “Духтари оташ” – и Ҷалол Икромӣ, “Беҳтарин забондон” ва ғайра ба роҳ монда шуда, курсҳои кутоҳмуддати “Зан-роҳбар”дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занон-кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷалби профессорон ва омӯзгорони ботаҷрибаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба роҳ монда шуд. Яъне, дар баробари ҷалби бештари бонувон ба вазифаҳои масъул ва роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилӣ, ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ, қобилияти ташкилотчигии онҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, онҳоро дар руҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, поквиҷдонӣ, Содиқ будан ба Савганд, хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия ва ҳидоят намудан низ вазифаи аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад. Зикр бояд кард, ки қалби поки занон-модарон ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.
Ҳамеша бо Ватан будан ва дастгирии сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати мо занон - модарони тоҷик аст.
Давлатшозода Азиза, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД полковники милитсия