Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми зан-модар дар меҳвари Паём

486Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян менамояд. Паём яке аз рукнҳои муҳим ва муосири давлатдории миллии мо тоҷикон ва дигар кишварҳо буда, ҳамчун дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар тӯли 20 сол инҷониб ироа мегардад.
Паём, яъне сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Паёми аҳамияти муҳими сиёсӣ, назариявӣ, илмӣ, таҳлилӣ, ояндабинӣ ва амалиро доро буда, чун қутбнамо барои муайянсозӣ ва тадбиқи амалии ормонҳои миллӣ хизмат менамояд.
Ироаи Паём дар шароити соҳибистиқлолии ватани азизамон Тоҷикистон, муҳимтарин комёбӣ дар ҷодаи давлатдории миллӣ буда, ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар баробари таҳлили фаъолияти сохторҳои давлатии мамлакат дар соли 2023 саҳми назарраси занону бонувон низ дар рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ мавриди натиҷагирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Албатта, мавзӯи Зан - Модар ва мақому манзалати он дар ҷомеа, яке аз муҳимтарин арзише мебошад, ки тамоми олимону донишмандон, шоирону нависандагон ва умуман инсоният атрофии он андешаҳои худро баён намуда, муҳаббату садоқати хешро бо ҳар роҳу равиш изҳор намудаанд.
Дар ин замина метавон тазаккур дод, ки миллати соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик дар тӯли таърих дар боби эҳтиром гузоштан ба мақоми Зан- Модар ва ташкили оилаи солим таҷриба ва ананаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи эҳтиром гузоштан ба мавқеи занону бонувон дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, алалхусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайваста баҳри дастгирӣ, гиромидошт ва ҷовидонии ин мояи офариниш, талош меварзанд.
Далели гуфтаҳои зикргардида қабули барномаҳо ва стратегияҳои сатҳи давлатӣ ва амалисозии нақша-чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошанд.
Дар даврони истиқлоли кишвар ба мақоми занон то он андозае таваҷҷуҳи давлатӣ зоҳир гардидааст, ки дар ҳеҷ давраи таърихи давлатдории мо тоҷикон, ба ин ҳад ҷойгоҳи шоистаро надошт. Ин нукта яке аз хусусиятҳои хоси институти давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳатто дар ин масъала, яъне таваҷҷуҳи хоссаи давлатӣ ба мақоми зан ва нақши он дар ҷомеаи Тоҷикистони маҳбуби мо дар соири кишварҳои пасошуравӣ дар радаи аввал қарор гирифтааст.
Вобаста ба масъалаи мазкур дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки «…мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем ».
Қайд намудан зарур аст, ки дар тамоми суханронӣ ва паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофии мавзӯи занону бонувон хосатан таваҷҷуҳ менамоянд, ки мисоли онро мо дар паёми солонаи Пешвои миллат ба таври равшан дида метавонем. Дар паёми навбатӣ зикр карда шуд, ки “Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд».
Масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарону бонувон дар ҳама зинаҳои таҳсилот, яке аз бахшҳои муҳим ҳисоб меёбад, ки дар Паём мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд.
Возеҳ аст, ки маориф ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Зеро, роҳи наҷот аз буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро ба бор оваранд, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм вобастагӣ доранд.
Миллати бомаърифат ҳамеша ҷонибдори рушду нумӯи ватани хеш буда, дар ин зимина насли давронсозро барои фаро гирифтани донишҳо ҳидоят мекунад. Пешвои миллат ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм афзалият дода, мақоми занону бонувонро дар меҳвари он қарор медиҳанд, ки ин матлаб дар паёми имсола низ мушоҳида гардид.
Вобаста ба ин зикр карда шуд, ки «…ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд».
Фарогирии духтарон ба таҳсилоти олии касбӣ нишони баланди маърифати ҷомеа мебошад. Чункӣ омили асосии соҳибмаърифат гардидани ҷомеа, маҳз бо соҳибкасб ва умуман варогирии занону бонувон ба таҳсилоти олӣ алоқаманд мебошад.
Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯзҳо зери роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади тадбиқи амалии сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирии занону бонувони мақомот, ҳама чораҳоро меандешанд то, ки ин қишри тарбиятгари ҷомеа ҳамеша пойдевори зиндагии насли ояндасози миллат бошад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз занон дар тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷума дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кору фаъолият доранд.
Ҳоло дар Вазорати корҳои дохилӣ теъдоди зиёди корманд-занон бо масъулияти баланд, бо меҳру муҳаббат ва садоқатмандӣ ба касби пуршарафи хеш ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва сулҳу субот дар кишвар, адои вазифа намуда истодаанд.
Новобаста аз он, ки касби милитсия заҳмату талошҳои зиёдеро талаб менамояд, корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ бошанд бо эҳсоси баланди Ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар баробари мардони далеру шуҷои Ватан ба ин сарзамини аҷдодии хеш хизмат намуда истодаанд.
Вобаста ба нақши занону бонувон дар раванди бунёди давлат, иштироки фаъоли онҳо дар низоми идоракунӣ, нақши онҳо дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли созандаи миллат дар Паём чунин зикр гардид, ки «…Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».
Асри муосир бо равандҳои ҳассос ва мураккабе рӯ ба рӯ мебошад, ки масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.
Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад. Эҳтироми шахсияти модар чун нерӯи офарандаи инсон дар Паём таъкид гардид, ки «Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем». Чунин нутқи самимӣ, ҳидоятгар ва саршор аз меҳру муҳаббати Пешвои муаззами миллат ба модарони кишвар, таҷассумкунандаи фарҳанги баланди инсонӣ ва идомаи анъанаҳои неки ниёгони тоҷик дар боби эҳтироми Зан-Модар иебошад.
Ҳамин тариқ, дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии кишвар нақши занону бонувони тоҷик ҳамчун нерӯи боэътимод ва пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои ин қишри ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва махсусан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дастгирӣ ёфта занону ҷавондухтарон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ кор ва фаъолият доранд.
Аз ин рӯ, ҳар як зан, модар ва фарди солимақли ҷомеаро зарур аст, ки аз ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат, алалхусус Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани мақоми Зан-Модар бархӯрдор бошанд ва ҷавобан ба ин гуна дастригиҳо дар рушди ҷомеа, бахусус тарбияи насли солим, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва содиқ ба Савганд, саҳми арзанда гузоранд.
Рузихонзода С.Р., муовини сардори факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...