Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Пешвои миллат - роҳнамои имрӯзу фардои миллат

483Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» рӯзи 28 декабри соли 2023 ироа гардид.
Бешак Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат натиҷагирӣ на танҳо аз соли сипаригардида, балки аз 32 соли Истиқлоли пурбаракат ва файзбори Тоҷикистон мебошад. Инчунин Паёми навбатӣ воқеан ҳамчун роҳнамо барои гузаштан ба марҳилаи сифатан нави рушди тараққиёти мамлакатамон ба ҳисоб меравад.
Ҳар як фарди худогоҳ ва худшинос бояд дар хотир дошта бошад, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мо тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Чуноне, ки Сарвари давлатамон таъкид менамоянд: «Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил гардидан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносанд ва эътироф мекунанд, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашидаанд».
Имрӯзҳо бо дарки масъулият ва ҳисси баланди меҳанпарастиву ифтихор аз сарзамини аҷдодиамон метавон гуфт, ки кишвари маҳбуби мо дар зарфи 32 соли Истиқлол бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва хисороти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз даст додани 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, ки қурбонии ин ҷанг гардиданд, боз ба пешравиҳои назаррас дар соҳҳаҳои ҳаётан муҳим ноил гардидааст. Кишвари азизу ҷавони мо дар роҳи пешрафту тараққиёт устуворона қадам мениҳад, обод мешавад ва рушд мекунад.
Роҳбалади беназири ин шоҳроҳи бунёду тараққиёт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина давлати ҷавони Тоҷикистонро аз имтиҳону озмоишҳои тақдирсоз ба марҳилаи рушду камоли устувор ҳамсафии сазовор бо кишварҳои мутамаддин ва пешрафтаи сайёра ворид месозад.
Зимни ирои Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон воқеан соли бобарор ва хотирмон буд, чунки бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он, ки ба хушксоливу камобии солҳои охир дар тамоми ҷаҳон оварда расонидааст, Тоҷикистон ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландаш боз як соли дигарро сарбаландона паси сар намуд. Сарвари давлат ҳамеша зимни суханрониҳояшон аз заҳмату талошҳои мардуми шарифи кишвар, бахусус ҷавонон ёдовар шуда, ба онҳо изҳори миннатдорӣ менамояд. Фарҳангу маданияти баланди тоҷиконро ёдовар гардида, ҳамеша мардумро ба сулҳу суббот, ягонагӣ, якпорчагии давлати азизамон, меҳнати софдилонаю содиқона даъват менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Сарвари давлати тоҷикон аз рӯзи ба сари қудрат омаданашон баъд аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, нисбат ба ин соҳаи афзалиятноки мамлакат таваҷҷуҳи беандоза доранд. Чуноне, ки зимни ирои Паём таъкид доштанд: «Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад». Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар партави ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ва дастгириҳои ҳамешагиашон соҳаи маорифи кишвар ба яке аз соҳаҳои пешрафта табдил ёфтааст. Шумораи зиёди мактабҳои олӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ таъсис ва ба истифода дода шудаанд. Ҷавонони кишвар барои илм ва касбомӯзӣ ба хориҷи кишвар сафарбар карда шуда, барои дастгирии онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар Паёми навбатӣ баҳри боз ҳам тақвият бахшидани соҳа Пешвои миллат баҳри бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф дастуру супоришхои мушаххас дод.
Дар ин асно Сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд. Таҳия ва роҳандозӣ кардани чунин як лоиҳа бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, ташкили муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия саривақтӣ ва мақсаднок мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ дар Паёмҳои ҳарсолаашон ва чӣ дар баромадҳояшон зимни сафарҳои корӣ пайваста дастуру супоришҳояшонро дар роҳи тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таълими онҳо, ксбомӯзии на танҳо насли ҷавон балки тамоми қишрҳои ҷомеа, беҳтар намудани сатҳӯ сифати зиндагии аҳолӣ ироа менамоянд.
Роҳбари дурандешу заковатманди тоҷикон чунин дарҷ намудаанд, ки: «Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад». Оре, суханони Сарвари давлат гувоҳи онанд, ки сарвари мо ҳамчун сарвари оқилу доно дар идораи давлатӣ ва дар роҳи бунёди давлати мутамаддин устовории кишварро дар тақвият бахшидани соҳаи маориф, илму маърифат ва тарбияи насли худогоҳ мебинанд. Пешаи омӯзгорӣ чунин як пешаест, ки тамоми касбҳои олам маҳз аз он сарчашма мегиранд. Асосгузори илми педагогика Ян амос Каменский ҳанӯз дар даврони худ нисбати ба касби омӯзгорӣ гуфта буд, ки «….. ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар олам вазифае вуҷуд надорад». Омӯзгор аст, ки насли солимфикр, соҳибмаърифат ва дорои ҷахонбинии комилро тарбия менамояд, ки ба ин васила дар рушду нумӯъ ва иқтидору устувории кишвар нақши бузург мебозад.
Дар ин раванд дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Масъалаи дигаре, ки ба таври хамешагӣ дар зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат қарор дорад ин баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа мебошад. Тули солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои пайвастаи Сарвари давлат мақоми зан дар кишвар марҳила ба марҳила баланд бардошта шуда, барои таҳсил, кор ва фаъолияти занон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯзҳо занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд. Зани тоҷик имрӯзҳо ба ҳайси омӯзгор, табиб, соҳибкор, иқтисодчӣ, афсар, яъне дар самтҳои гуногун фаъолият менамояд. Бахусус дар мақомотҳои қудратӣ шумораи занҳои фаъолияткунанда рӯз аз рӯз бештар шуда истодааст. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд.
Дар ин муддат дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст, алалхусус қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз қабили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, таҳти №89, Қонуни Ҷумҳӯрии Тоҷикистон «Дар бораибаробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз аз 19 июли соли 2022, №1890, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030), Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини хуқуқу имкониятхои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби духтарони лаёқатманд дар се мархила (барои солҳои 2007-2016, солҳои 2017-2022 ва 2023-2030), инчунин Консепсия ва Стратегияҳои зиёди дигар, ки маҳз бо мақсади баланд бардоштани накши занон дар ҷомеа равона карда шудааст ва Ҳукумати мамлакат давра ба давра онхоро амалӣ намуда истодааст.
Ҳамзамон дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироа гардид, ки соли 2024 мардуми шарифи Тоҷикистони азиз 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил хохад кард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Он нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид. Дар Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ хамчун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, дахлнопазирии худуди давлати Тоҷикистон, эътибори олии Конститутсия дар низоми хуқуқии кишвар, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънавӣ истифодаи қонунии худро пайдо намудаанд. Забони русӣ ҳамчун замони муоширати байни миллатҳо эътироф гаштааст.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия имкон фароҳам овард, то пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон дода шуда, дар қаламрави кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёбад ва ба ин васила барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё гардад. Сарвари давлат барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ин санаи муҳим ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дода, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратии мамлакатро муваззаф намуданд, ки баҳри иҷрои вазифаҳои додашуда, тамоми имконияту захираҳои мавҷударо истифода баранд ва баҳри таъмини амният ва суботи кишвар фаъолияти муташаккилона ба роҳ монанд.
Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат соли 2024-ро ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Мақсад аз эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Бояд гуфт, ки бе ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайриимкон аст.
Инчунин бояд дарҷ намоем, ки масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз мазмуни ҳуқуқӣ иборат набуда, балки аз маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллӣ ва ахлоқӣ оид ба некӣ ва некукорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростқавлӣ, ҳақиқатпарастӣ, поксириштӣ, адолатпарварӣ ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти инсоният мавҷудбуда иборат мебошад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамон, соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар сатҳи мактабҳои миёна, омӯзишгоҳҳои касбӣ, мактабҳои олӣ ва умуман тамоми қишрҳои ҷомеа омӯзиши санадҳое, ки ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бевосита дахл доранд, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 таҳти №1920, «Консепсияи миллии таълим» аз соли 2002 ва Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи санадҳои зикршуда рӯи кор омада, бешубҳа дар баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим мебозад, аз аҳамият холӣ нест.
Солеҳзода Фароғат Фатҳиддин, дотсенти кафедраи «Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ»-и факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...