Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инъикоси сиёсати иҷтимоии давлат дар Паёми Пешвои миллат

482Дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати иҷтимоии давлатро самти афзалиятнок ҳисобида сол ба сол аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо менамояд. Бо ташаббуси Пешвои миллат Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Асоси таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 се принсипи асосии рушди оянда: (1) боздоранда (пешгирии осебпазирии рушди оянда), (2) саноатикунонӣ (баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ) ва (3) инноватсионӣ (рушд дар асоси навовариҳо дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар) ташкил менамоянд.
Дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои мазкур се вазифаи асосӣ гузошта шудааст, ки ҳалли онҳо дар шароити кунунӣ хеле зарур мебошад:
- якум, расидан ба сатҳи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии баробар ба сатҳи кишварҳои тараққиёташон миёна бо дараҷаи миёнаи даромад муқоисашаванда;
- дуюм, таъмин намудани рушди устувор тариқи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;
- сеюм, тавсеа ва таҳкими мавқеи табақаи миёна .
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати барпо намудани давлат ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум эълон доштанд, барои рушди иқтисодиёт ва беҳтару хубтар гаштани сатҳи зиндагии мардум гузошта, миллати тоҷик дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ ба истиқболи фардои дурахшон бо иродаи қавӣ ва эътимоди комил ба роҳи интихобкардаи худ қадамҳои устувор мегузорад.
Мафҳуми “давлати иҷтимоӣ» миёнаи асри XIX пайдо шудааст. Он аз ҷониби олими немис Лоренс фон Штейн пешниҳод гаштааст.Барои иҷтимоӣ будани давлат вазифаҳои зерин бояд амалӣ гарданд:
-аз байн бурдани монеаҳои ҳуқуқии ҳаракатҳои озодихоҳонаи байнисинфӣ;
-шароити мусоид барои инкишофи маънавӣ ва ҷисмонии шахс;
-ба мақсади ноил шудан ба хоҷагии мустақил ба роҳ мондани тақсимоти мехнат,ки ба сармоядор тааллуқ надорад.
Сиёсати иҷтимоии давлат масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
-дастгирии камбизоатон ва муҳтоҷон:
-таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ;
-ташкили ҳифзи меҳнат,тандурустӣ ва истироҳат;
-рушди хизматраосониҳои дастрас дар соҳаи таъминоти ичтимоӣ, маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фарҳанг;
-марҳила ба марҳила беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум.
Сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси давлатиро меноманд, ки барои паст кардани нобаробарии даромадҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Нобаробарии даромадҳои аҳолӣ дар зери таъсири омилҳои зерин ба вуҷуд меояд: сифати кори коргарон, шумораи аъзоёни оила, вазъи саломатӣ, шароитҳои иқлим, вазъи ҷуғрофии маҳали зист ва ғайра.Шартҳои асосии таъмини баробарии даромадҳо, ки мақсади асосии сиёсати иҷтимоии давлат ин «ҳифзи иҷтимоӣ» ва «кафолати иҷтимоӣ» мебошанд.
«Дар Паёми навбатии Президент, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳифзи иҷтимоии мардум бахусус кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифт. Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд».
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра инфрасхтори мақомоти корҳои дохилӣ таҷдиду тармим гардида, биноҳои нави замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ин ҳам дар таҳкими ҳифзи иҷтимоии кормандон саҳми калон гузошт.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маҷаллаи «Дастовардҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар замони истиқлол (Душанбе, 2021.-С.3-4.» қайд менамояд: «Дар давраи соҳибистиқлолӣ 1053 бинову иншооти ВКД, минтақаҳои маъмурӣ ва нуқтахои такягоҳи милитсия бунёду таъмир гардиднд. Аз соли 2014 то соли 2019 ҷиҳати тадбиқи муқаррароти Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиарду 150 миллион сомонӣ ва аз тарафи донорҳои хориҷӣ 329 миллион сомонӣ маблаггузорӣ карда шуд». Ин албатта пеш аз ҳама ғамхории Роҳбари давлат нисбати кормандон мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб меёбад.
Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зикр намуданд: «Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд.Бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд. Барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб ва таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, тақвият бахшидани фаъолияти байнисоҳавии вазорату идораҳо дар самти ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, бо дарназардошти беҳтар намудани иқтидори заминавию захиравии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ бозбинӣ намудани сохтори соҳа, ҳамчунин, андешидани чораҳои мушаххасро тақозо дорад.
Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам:
– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.
– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;
– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;
Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Боиси тазаккур аст, аз Паём то Паём ҳифзи иҷтимоӣ дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст. Дар Паёми Пешвои миллат Ба Маҷлиси Олии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 Пешвои миллат зикр намуда буданд: «Ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳуб меёбад. Вобаста ба ин Роҳбари давлат иброз намуданд: «Бинобар ин дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шуд ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона гардид. Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд. Дар ин замина, соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад». Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин нишондоди муҳимро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ нигоҳ хоҳанд дошт».
Ҳамчунин дар Паёми имсола Пешвои миллат иброз намуданд: «Дар кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар панҷ соли охир 8,4 фоиз зиёд гардидааст.Инчунин, суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад.Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки тибқи супоришҳои қаблӣ дар соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд.Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили кишвар ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад.Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дар ин самт масъулияти бевосита доранд».
Ин ғамҳории навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паём то Паём ба мардуми тоҷик ва бахусус барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боиси руҳбаландии нави хизматӣ маҳсуб ёфта, аз ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулияти иҷрои вазифаҳои хизматиро дар сатҳи баланд ва бо назардошти талаботҳои маърифати ҳуқуқӣ тақозо менамояд.
Собирзода А.Ҷ., муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...