Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ПОЯГУЗОРИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

437Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки кишварамонро дар ҳолати ногувор қарор дода, иқтисодиёти онро хароб кард. Чи хеле ки аз таҳлили мутахассисону олимони иқтисоддон бармеояд, ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонд. Аз ҷониби дигар, кандашавии риштаҳои ҳамкории шарикӣ байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба бунбасти коммуникатсионӣ рӯ ба рӯ намуд. Сатҳи бекорӣ дар ин давра ба ҳадди ниҳоии худ расид. Сатҳи камбизоатӣ ба 83% расид, ки дар маҷмуъ чунин вазъият ҳолати хеле ногуворро дар иқтисодиёти миллӣ ба миён овард.
Маҳз дар чунин давраи мушкилу ҳассос тақдири миллатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зима гирифтанд, ки мо инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонем. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал кӯшиш намуданд, то вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварда, пастравии сатҳи истеҳсолотро боз доранд ва иқтисодиёти кишварро аз вазъи номусоид берун оранд. Бо гузашти солҳо таърих собит намуд, ки маҳз бо шарофати хизматҳои бузурги Сарвари хирадманди кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва хиради бузури сиёсии ӯ Тоҷикистон ба сарзамини сулҳу салоҳ табдил ёфт. Дар муддати на чандон тӯлонӣ Тоҷикистон ба рушди босуботи иқтисодӣ муваффақ гардид, ки мо ин соҳаҳоро дар расми 1 пешниҳод намудаем.
Расми 1. - Саҳми Пешвои миллат дар рушди иктисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Таҳияи муаллиф
Бомаврид аст, ки чанде аз рақамҳои илман асоснокшударо мисол орем. Яке аз ҳадафи асосие, ки Пешвои миллат баъди барқарор намудани сулҳу субот дар назди худ гузоштанд, масъалаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ ва ба ин восита таъмин намудани шуғли аҳолӣ буд. Бо ин мақсад Пешвои миллат як қатор қарорҳоро қабул намуданд, ки бобати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ замина гузоштанд. Масалан, агар дар соли 1991 сатҳи камбизоатӣ 80%-ро ташкил медод, пас дар соли 2022 музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш додашуд.
Пӯшида нест, ки таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат бо ҷойи кори доимӣ яке аз вазифаи мураккаб дар назди давлат мебошад. Таҷриба нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт натиҷаи хуб дошта, ба ҳар як шаҳрванд имконияти кор ва фаъолият фароҳам оварда шуд.
Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсоли он, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳми босазо мегузорад. Бо дарки ин нукта, бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар мамлакат солҳои охир даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ, ҳам бо маблағҳои дохилӣ ва ҳам бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда шуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон афзоиш дода шуд. Аз ҷониби дигар, тавассути бунёди ин корхонаҳо даҳҳо ҳазор сокинони кишвар бо кор таъмин гаштанд.
Яке аз самтҳои дигари муҳими таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ ин истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз мавҷуд будани иқтидори бузурги истеҳсоли қувваи барқ дар ҷумҳурӣ Пешвои миллат ба амалисозии тарҳҳои муҳим дар соҳаи энергетика шуруъ намуданд, ки муҳимтарини онҳо нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, нерӯгоҳи Роғун ва садҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ мебошанд.
Яке аз самтҳои дигари муҳими стратегии таъмини рушди иқтисодиёти миллиро Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ намуда буданд, ки дар ин самт низ дар ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштем. Бунёд ва азнавсозии роҳҳои Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қарақурум, Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб, нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон, Чормағзак, роҳҳои Душанбе – Нуробод – Ҷиргатол – Саритош, Айнӣ –Панҷакент, Душанбе –Турсунзода аз ҷумлаи тадбирҳои анҷомдода дар ин самт мебошанд. Тавре аз таҳлили мутахассисон бармеояд, дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супорида шудаанд. Бунёди чунин роҳҳо имкон доданд, ки ҳамлу нақли молҳои транзитӣ тариқи коридорҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шаванд ва бешубҳа, ин тадбир барои рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Рушди соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои фаровонии бозорҳои кишвар бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ ба шумор меравад. Бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат фазои соҳибкории истеҳсолӣ тайи солҳои охир дар мамлакат шумораи корхонаҳои хурду миёнаву бузурги истеҳсолӣ афзуда, ба зиёд гардидани маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуд.
Вобаста ба ин масъала, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ нахуст аз дастовардҳои соҳаи мазкур сухан карда, зикр намуданд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст:
- мутобиқ ба ин санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои субъектҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорон 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ гардидаанд;
- танҳо дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки ин рақам дар давоми солҳои 2016–2018 ба 15 миллиард сомонӣ баробар буд;
- ҳоло аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад;
- шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст;
- дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки ин нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад;
- танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Ин, бешубҳа, аз саҳми назарраси соҳибкорони мамлакат дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла тавассути бунёди корхонаҳои иҷтимоию истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав дарак медиҳад;
- бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ, дар давоми соли 2022 як қатор ҳамоишҳои иқтисодӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор гардиданд. Дар ин раванд, танҳо дар натиҷаи баргузории Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб–2022», Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-инвест–2022» ва бизнес-форуми Тоҷикистону Белорусия 65 санади ҳамкорӣ дар ҳаҷми беш аз 9,1 миллиард сомонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ва созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расидаанд;
- дар панҷ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 55 миллиард сомониро ташкил кард, ки 36 фоиз ё беш аз 20 миллиарди он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.
Дигар самти сиёсати хориҷии мамлакат дар шароити имрӯза ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба муносибатҳои тиҷоратӣ гардиши тиҷоратии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 ба 6359,1 млн дол. ИМА расид, ки нисбат ба соли гузашта 39,5% афзоиш ёфт. Ва ё ин ҳаҷми содирот соли 2022 ба 2149,6 млн дол. ИМА-ро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,8% зиёд гардид.
Ҳаминро бояд қайд кард, ки Тоҷикистон бо сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ муносибатҳои берунии худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ густариш дода, аз имкониятҳои ҷорӣ ва оянда ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад.
Дар бораи саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иқтисоди миллӣ боз метавон далелҳои зиёд овард. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз тавре ҳамагон шоҳидем, ҳадафҳои стратегии Пешвои миллат барои муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ин ҳама сокинони кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста саҳмгузор бошанд.
Сайфиддинзода Самариддин Сайфиддин, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...