Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши давлат дар пешгирии нобаробарии гендерӣ

54Мафҳуми зӯроварӣ калимаи ба ҳама фаҳмо аст. Аҳли ҷомеа хуб медонад, ки ҳама одамон бо ҳуқуқҳои баробари ҷудонопазир ва озодиҳои асосӣ таваллуд мешаванд. Ва орзуи аслии инсон ин аст, ки дар муҳити берун аз тарсу ҳарос, зулму истисмор ва нокомиҳо ба камол расида, зиндагӣ кунад. Ҷойи иштибоҳ нест, ки ҷомеаи имрӯзаи мо аз нуқсонҳо холӣ нест. Ва яке, аз инҳо ин зӯроварӣ нисбат ба занон мебошад. Ногуфта намонад, ки дар ҳамаи ҷамъиятҳо занон ва духтарон, сарфи назар аз мавқеашон ба таҳқирҳо гирифтор мешаванд. Ҳамзамон зӯроварӣ нисбат ба зан ва духтар, умуман ба аъзои оила ба мушоҳида мерасад.
Кӯдакон ва занҳо одатан ба хушунатҳои оилавӣ гирифор мебошанд, ҳол он ки беҳтарин паноҳгоҳ ин оила аст. Омори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар чорумин зан ба хушунати оилавӣ гирифтор буда, ҳар сол 10000 ноболиғ маъюб мегардад. Ҷамъ дар ҷаҳон аз ҳисоби занон ва ноболиғон, сеюмин марг аз оқибати хушунати оилавӣ ба миён меояд.
Зӯроварӣ дар оила – ин қасдан расонидани зарар ба саломатӣ ва ё зарари рӯҳи ба аъзои оила маҳсуб меёбад, ки идоракунии комили оилавиро ба зери даст гирад. Яъне, рӯҳӣ, ҷисмонӣ, озодӣ ва ғайра.
Зӯроварӣ дар хона поймолкунии ҳуқуқи инсон буда, ҷинояте мебошад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд онро пешгирӣ намоянд. Ин на танҳо қарзи хизматӣ, инчунин қарзи виҷдони ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, онҳоро уҳдадор месозад, ки зан ва он дигар шахсони ҷабрдидаи зӯроварии хонадонро дастгирӣ намояд ва ҳуқуқҳои ӯро ба ҳаёт, амният (бехатарӣ) ва дахлнопазирии ҷисмонӣ ҳифз намояд.
20-уми декабри соли 2023 бо ташаббуси намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи барномаи «16 рӯзи алайҳи хушунати хонаводагӣ» ва «Даҳаи ҳуқуқи инсон» бо якҷоягии ширкати телевизионии «Азия» сабти барномаи телевизионӣ дар мавзуи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирии нобаробарии гендерӣ» дар толори клиникаи «САДАФ» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур 20 нафар курсантони курси 3-юм ва омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Сайфиддинзода Султонхуҷа - муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, капитани милитсия Маъруфзода Маъсумахон - муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ ва лейтенанти калони милитсия Муродӣ Баҳодур - сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос ширкат варзиданд.
Дар барномаи телевизионӣ намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, кумитаи кор бо занон, имомхатиби Масҷидӣ Тақъво, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти САҲШ иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур мавзуъҳо доир ба механизмҳо ва субъектони ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қурбониёни нобаробарии гендерӣ, нақши ҷомеа дар пешгирии нобаробарии гендерӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кумитаҳои маҳаллаҳо, фаъолони ҷамъиятӣ баҳри пешгирии нобаробарии гендерӣ баҳсу мунозира намуда, дар охир аз тарафи коршиносони барнома таклифу пешниҳодҳо баҳри бартараф намудани ин камбудиҳои зикргардида пешниҳод гардид.
Маъруфзода Маъсумахон Маъруф, муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...