Иштироки мутахассисони Академияи ВКД дар Х-умин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Барномаи мақсадноки Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, 24-уми ноябри соли ҷорӣ Х-умин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Муқовимат ба экстремизм ва терроризм: ҷанбаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ» (Противодействие экстремизму и терроризму: философские, социологические и политилогические аспекты) дар шакли он-лайн баргузор гардид.
Бояд иброз намоем, ки масъалаи мазкур дар Академияи ВКД тули солҳо мавриди омӯзиш қарор ёфта, мавзуи илмӣ таҳти унвони «Хусусиятҳои пешгирӣ ва воситаҳои мубориза бо зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ дар муҳити ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз бӯҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, таҳқиқоти имлӣ гузаронида шуда истодааст.
Дар конференсия мутахассисони барҷастаи ин соҳа аз Россия, Озорбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуда, оид ба ҷанбаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва сиёсатшиносӣ нуқтаи назари худро баён намуданд. Иштирокчиёни чорабинии илмӣ ба хулоса омадаанд, ки дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли экстремизм ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ки аллакай хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмуи умумидавлатии мубориза анҷом дода шавад.
Аз тарафи Академияи ВКД дар рафти конференсия сардори факултети № 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. бо маъруза дар мавзуи «Таъмин намудани ҳуқуқи инсон дар шароитҳои таҳдидҳое, ки аз зуҳуроти экстремизм ва терроризм мебароянд» (Обеспечение прав человека в условиях угроз, исходящих от проявлений экстремизма и терроризма) ва профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С., ки дар мавзуи «Моҳияти экстремизми динӣ-сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баъзе хусусиятҳои мубориза бо он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Сущность религиозно-политического экстремизма в странах Центральной Азии и некоторые особенности противодействия ему в Республике Таджикистан) баромад намуданд.
Маърузачиён қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили экстремизм ва терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятҳоро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад. Зиёда аз ин, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрӯзҳо Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ буда, ҳамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ саҳми муносиби хешро мегузорад.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъ нашр