Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозии тӯби дастӣ ва хусусиятҳои хоси он

340Бозии тӯби дастӣ ё гандбол дар охири асри Х1Х дар Дания пайдо шудааст. 50 сол лозим шуд, ки ин бозии аҷоиб ва ҳассос дар тамоми ҷаҳон машҳур гардад. Дар баробари дигар бозиҳои варзишӣ мусобиқаҳои қаҳрамонӣ (чемпионат) гузаронида мешаванд, он ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил гардидааст.339
Унсурҳои асосии бозӣ маҳорату малакае мебошанд, ки барои ҳаёти рӯзмарра заруранд: дав, ҷаҳишҳо, партобдиҳӣ. Машғулияти пайваста бо гандбол барои дорои суръатнокии баланд шудан, иҷро кардани ҳаракатҳои зуд, ногаҳонӣ ва ҳаракатҳои чобукона бо тӯб, вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои гуногуни бозӣ ва ғайра мусоидат мекунад.
Дар бозӣ истифодабарии часпишҳои қуввагӣ бо ҳарифон барои ба даст овардани тӯб, барои мавқеъгирӣ иҷозат дода шудааст.
Қоидаҳои техникаи бехатарӣ
Бо тӯби дастӣ бозӣ карданро аз синфи 5 оғоз мекунанд. Майдонча барои ин бозӣ бояд аз 18 то 40 м дарозӣ ва аз 9 то 20 м бар дошта бошад. Дарвоза 3 х 2 м (2,70 1,80 – барои мини – гандбол). Дар ҳар даста 7-нафарӣ бозӣ мекунад, яке аз онҳо дарвозабон аст. Ивазкунии бозингарон дар ҳар лаҳзаи бозӣ иҷозат дода мешавад.
Муҳлати бозӣ 2 қисми 15-дақиқагӣ барои духтарон ва 20-дақиқагӣ барои писарон (барои калонсолон 30 дақиқагӣ) мебошад. Танаффус 10 дақиқа давом меёбад.
Бозингарон ҳуқуқ доранд тӯбро дар даст то 3 сония дошта, бо он на зиёда аз се қадам монанд. Пас аз он бояд, ки онро ба дарвоза партоянд, ба дигар кас диҳанд ё ба бурдани он оғоз бикунанд.
Тӯбро бо як даст ба муҳлати номаҳдуд бурдан иҷозат дода мешавад, аммо пас аз доштан онро ба додан ё ба дарвоза партофтан лозим аст. Монеъ шудан ба ҳариф фақат бо бадан мумкин аст. Аз ҳолати аут тӯб бо як даст партофта мешавад. Агар тӯб аз хати пеш ба ҳимоятгарон бархӯрда (дарвозабонро ҳисоб накарда) аз бозӣ берун равад, он гоҳ аз кунҷ ба майдон партофта мешавад. Аз бозингаре, ки тӯбро ба бозӣ дароварданист, дар ҳамаи ҳолатҳо ҳарифон 3 м ақиб меистанд. Бозингарони майдон ҳуқук надоранд, ки ба минтақаи дарвозабон дохил шаванд. Дарвозабон дар майдон бояд қоидаҳои умумиро риоя кунад.
Ҷаримаҳо барои қоидавайронкунӣ. Дар мавриди қоидавайронкунии сабук (тездавӣ, бо тӯб зиёда аз се қадам мондан, бозӣ бо пой, дохилшавӣ ба майдончаи дарвозабон, часпиши дастон, қапидани зарбаҳои ҳариф) партоби озод аз он ҷой тайин мегардад. Барои вайрон кардани қоида, к ибо имконияти задани тӯб ба дарвоза алоқаманд аст, партоби ҷаримавӣ ба дарвоза аз фосилаи 7 метр тайин мегардад (ҳимоятгари дарвоза танҳо дарвозабон асту халос). Барои қоидавайронкунии шадид ё ахлоқи ғайриварзишӣ бозингарон бе ҳуқуқи ивазкунӣ то 2 дақиқа аз майдон ронда мешаванд.
Гандболбозе, ки се маротиба аз майдон ронда шавад, минбаъд дар бозӣ иштирок намекунанд, ӯро бозингари дигар иваз менамояд.
Бозиро аз маркази майдон пас аз қуръапартоӣ яке аз дастаҳо оғоз мекунад. Баъд аз ҳар як гол дастаи голсардода бозиро аз марказ оғоз мекунад.
Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо ё мусобиқаҳо зарур аст, ки қоидаи техникаи бехатарӣ риоя гардад:
1. Пеш аз бозӣ тамрин намуда, мушакҳо ва пайвандҳоро хуб гарм кардан.
2. Ба ҳолати тозагӣ овардани майдон (тоза кардани он аз сангу партовҳо ва ғайра), тафтиш кардани ҳолати дарвоза, устувории он ва мустаҳкамии тӯрҳо.
3. Аз назар гузаронидани либосҳои варзишии бозингарон. Ба пойафзоли мехдор бозӣ кардан мумкин нест. Гӯшворҳо, занҷирҳо, соат ва дигар ороишотро бояд гирифт, нохунҳо бояд қайчӣ карда шаванд.
4. Ба болочӯби дарвоза овезон шудан манъ аст.
5. Риояи қоидаҳои эҳтиёткорӣ ҳангоми афтидан. Эҳтиёт кардани чашмҳо.
6. Ҳангоми партофтани тӯб ба дарвоза бо ҷаҳиш пойи теладиҳандаро ба тарафе, дуртар аз ҳимоятгар бурда, ба боло пеш ҷаҳидан.
7. Муқовимати ҳуҷумкунӣ бо дастаҳои росткарда, аз ақиби сар ё дасти ҳариф доштан мамнӯъ аст.
Қоидаҳои асосии бозӣ
Ҳолати ҳимоятгар, пойҳо аз зонуҳо каме қат гардида, ба дарозии як қадам меистанд, бадан каме ба пеш хам шуда меистад. Дастҳо васеъ ба тарафҳо кушода шуда ба боло, дар баробари китфҳо қарор мегиранд, кафи дастҳо ба пеш нигаронида, ангуштҳо аз ҳам ҷудо шудаанд.
Ҳимоятгар бояд ба ҳуҷум кардан ва муқовимати ҳуҷумкунанда, тӯбро зада гирифтан, мавқеи қулайро ишғол кардан тайёр бошад.
Дар ҳолати дифоӣ ҳаракат бо қадамҳои ҷафс ба самтҳои чап ва рост, зуд ба пеш ба 3-4 м баромадан ва гашти ақиб пушт сӯи дарвоза, хеззанӣ ба 8-15 м ба пеш барои доштани тӯбро ёд гиред.
Ҳолати ҳуҷумкунанда пойҳо аз қисмати зонуҳо қат шуда, яке ба пеш бароварда мешавад (фосилаи байни кафҳо 40-50 см). Дастҳо каме қат шуда ба пеш ба тарафи тӯб бароварда шудаанд. Бозингар ба ҳаракаткунӣ ва доштани тӯб тайёр аст.
Ҳолати асосии дарвозабон. Пойҳо каме аз зонуҳо қат гашта, кафҳои онҳо дар масофаи 20-25 см дур аз якдигар гузошта шудаанд. Дастҳо аз оринҷҳо қат шуда, ба тарафҳо бурда шудаанд (кафҳо ба пеш нигаронида шудаанд).
Дарвозабон бояд доимо ба бозӣ омода бошад.
Ҳангоми ҳуҷум аз паҳлуҳо дарвозабон дар кунҷи наздик меистад. Дасти наздик ба паҳлучӯб кунҷи болои дарвоза, дасти дигари ба боло – ба тарафи муқобил бурдашуда кунҷи болоии дурро муҳофизат мекунад.
Ҳаракат дар майдон яке аз унсурҳои асосии усулӣ ҳисоб мешавад. Бозингарон бо қадамҳои муқаррарӣ ва часпанда, дави рӯй ва пушт ба пеш, бо хеззанӣ, бо ҷаҳиш ҳаракат мекунанд.
Ҳаракат ё ҷойивазкунии ҳимоятгарон асосан бо қадамҳои ивазшаванда дар ҳолати ҳимоявӣ ба чап ва ба рост, дави босуръат ба 3-4 м ба пеш аз хати 6-9 – метра ва пуштнокӣ ақиб баргаштан ба дарвозаҳои худ ба амал меояд.
Ҷойивазкунии ҳуҷумкунандагон тездавии кӯтоҳ (5-7 м) ва қадамҳои часпанда ва қайчимонанд ба самтҳои чап ва рост, тездавии дароз (20-30 м), дави босуръат рӯй ва пушт сӯи пеш бо тағйирдиҳии самт, ҷаҳишҳо мебошанд.
Ҳуҷумкунандагон ва ҳимоятгарон бояд пас аз давидан дарҳол истодан, мувозинатро дар ҳолати бозингарӣ нигоҳ доштан тавонанд. Ин усул барои фиреб додани ҳарифон, интихоби вазъияти қулай зарур аст.
Таваққуф (ё ист) як ё ду қадам пас аз давидан. Ин амал бо гузаштани қадами паҳни боздоранда иҷро мегардад. Нӯги пойи боздоранда ба сӯи дарун гардонида мешавад.
Баъди дави тез ё босуръат қадами аввал кӯтоҳ, дуюм боздоранда мешавад. Бадан дар ҳолати рост ё каме ба ақиб хамхӯрда воқеъ мегардад.
Ҷойивазкунии дарвозабон аз ҷойивазкунии бозингарон каме фарқ мекунад. Дарвозабон дар ҳолати асосӣ бо қадамҳои часпандаи кӯтоҳ аз назди як паҳлучӯб ба паҳлучӯби дигари дарвоза (ба тарафи ҷойгиршавии тӯб), бо дави тези кӯтоҳ (2-4 м) ба пеш ҳангоми партофтҳо ба дарвоза ӯ, бо гашти пуштнокӣ сӯи дарвоза ҳаракат мекунад. Ҳангоми ҳуҷумҳо ба дарвоза дарвозабон дар ҳоли ҳаракаткунии бардавом ва омода ба баргардонидани зарбаҳо мебошад.
Бозиҳои серҳаракати махсуси намунавӣ барои азхудкунии ҷойивазкунӣ ва таваққуфҳо
«Ба пушт расидан». Бозии ҷуфтӣ. Як нафар пуштнокӣ ё бо қадамҳои часпанда мегурезад, нафари дигар бо дави одӣ ӯро думболагир шуда, кӯшиш мекунад, ки ба пушти ӯ даст расонад ва савор шавад. Баъд аз ин бозингарон ҷойҳои худро иваз мекунанд.
«Давидан аз пушт». Бозии ҷуфтӣ. Ҳуҷумкунанда босуръат самти даврро ба чап ё ба рост иваз карда, бояд ба пушти ҳариф гузарад. Ҳимоятгар бо гашти пуштнокӣ (қафо-қафо рафта) бо қадамҳои часпанда ё паҳлуӣ ҳарифро монеъа мешавад. Пас аз гузаштани масофаи ҷойҳо иваз карда мешаванд.
«Қатора». Бозии гурӯҳӣ. Сармин рӯбарӯи гурӯҳи 4-7 нафара, ки аз миёни якдигар доштаанд, меистанд. Ӯ бо хеззандаҳо ба чапу рост ба охири саф медавад ва кӯшиш мекунад то ба болои бозингари дар охири саф қарордошта сафор шавад. Ҳамаи гурӯҳ, парешон нашуда, бо қадамҳои часпанда ба рост ва ба чап ҷой иваз мекунад ва шарики худро ҳимоя менамояд. Бо ба мақсад расидани сармин, ё «кандашавӣ»-и гурӯҳ сармин ба бозингари якум ва бозингари охирин ба сармин табдил меёбад.
Доштани тӯб бо як ё ду даст. Пойҳо каме аз зонуҳо, дастҳо аз оринҷҳо қат карда шуда, панҷаҳо дар сатҳи сина қарор мегиранд. Тӯбро бо кафҳо ва ангуштони аз ҳам ҷудошуда ниаҳ медоранд. Ин ба бозингар имконият медиҳад, ки тӯбро аз ҳариф муҳофизат кунад, ба шарикаш диҳад ё худ бо он бозиро давом диҳад.
Бо як даст тӯб аз ҳисоби нигаҳдории мувозинат дар лаҳзаи тайёрӣ ба тӯбдиҳӣ, партофт ё бурдани он нигоҳ дошта мешавад. Ангуштони аз ҳам ҷудошуда тӯбро каме фишурда онро мустаҳкам медоранд.
Доштани тӯб бо ҳар ду даст унсури асосии бозӣ мебошад. аз ҷойи ист, ҳангоми ҳаракат ва бо ҷаҳиш боздоштани қатъии тӯбро ёд гирифтан хеле муҳим. Барои боздоштани тӯб дар ҷойи ист бояд ба тарафи тӯб тоб хӯрд ва дастҳоро каме аз оринҷҳо қат намуда, ба пеш дароз кард. Ангуштҳои омода аз ҳам ҷудо карда мешаванд. Ангуштони калон қариб ба якдигар намерасанду ангуштҳои дигар шакле мегиранд, ки гӯё тӯберо дошта бошанд. Дар лаҳзаи бархӯрд бо тӯб ангуштон онро дошта, дастҳо ва оринҷҳо пурра қат мешаванд, ки дар натиҷа суръати тӯби парвозкунанда суст мегардад. Дар вақти доштани тӯб барои идома додани бозӣ, дарҳол ҳолати устуворро қабул кардан лозим аст.
Додани тӯб яке аз унсурҳои муҳими бозӣ мебошад. Додани тӯб бояд аниқ, зуд, шадид ва саривақтӣ бошад. Он дар ҷойи ист, дар вақти ҳаракат, ҳангоми ҷаҳиш, пинҳонӣ бо дастони рост ва чап иҷро мешавад.
Бештар додани тӯб аз бол обо дасти қатшуда маъмул гардидааст. Ҳангоми тӯбдиҳӣ бо дасти рост қисми чапи бадан ба самти партофт гардонида, пойи чап ба пеш бароварда мешавад. Тӯб дар дасти рост каме аз оринҷ қатшуда ва дар паҳлу дар сатҳи сар ё болотар аз он қарордошта, ҷойгир мешавад. Тӯбдиҳӣ бо гардиши зуди бадан ба пеш – ба чап ва такони пойи қафоистода ба амал меояд. Аввал ба пеш оринҷи дасти тӯбдор, баъд бозуи он бароварда мешавад. Даст якбора рост карда ва тӯб бо ҳаракати иловагии панҷа ва ангуштон ба пеш партоб мегардад.
Машқҳо:
1. Тӯбдиҳӣ ба шарики худ бо пайваста зиёд кардани фосила.
2. Пойи ростро ба пеш бароварда дар ҳолати муқаррарӣ истодан. Ҳамзамон бо доштани тӯби парвозкунанда, бо пойи чап як қадам зада, тӯбро ба сӯи шарик партоб додан.
3. Пойи ростро ба пеш бароварда, дар ҳолати ҳуҷумкунанда истодан. Ҳамзамон бо доштани тӯби аз ҷониби шарик партофташуда бо пойи чап як қадам ба пеш мондан. Сипас, зимни бо пойи рост ба пеш қадам гузоштан дастро ба қафо-боло бурдан. Баъд, бо пойи чап як қадами дигар гузошта, тӯбро ба сӯи шарик партофта, зуд ба ҳолати аввала баргаштан.
Бозиҳо: «Тӯбро ба замин парто!», «Сармин дар давра», «Холгирӣ», «Тӯбро кашида гир», «Муҳориба бо монеъа», «Тӯбдиҳӣ ба якдигар», «Бо тӯб расонидани ҳариф», «Бо тӯб задани гурӯҳи дигар», «Тӯб ба худиҳо».
Бурдани тӯб дар гандбол услуби асосии техникӣ ба ҳисоб намеравад. Онро гоҳ-гоҳ, асосан ҳангоми пешравии зуд, вақте, ки тӯбро ба ҳеҷ кас додан имкон надорад ё дар вақти гурехтан аз ҳарифи ҳамаҷониба монеъашаванда истифода мебаранд. Дар минтақаи авҷи ҳуҷум тӯббарӣ қариб истифода намегиранд, он сабаби коҳиш ёфтани суръат мешавад.
Партофтани тӯб ба дарвоза аз ҷойи ист бо тавоноии имконпазир амалӣ мегардад. Он ҳангоми партофтҳои ғайричашмдошт, бе омодагӣ, аз масофаҳои гуногун ба кор бурда мешавад.
Дар лаҳзаи оғоз кардани партофти тӯб маркази вазнинии бадани бозингар ба пойи дар қафобудаи аз зону қатшуда гузаронида мешавад. Бадан ба тарафи рост тоб дода мешавад. Кӯшиш бо шадидан қат намудани панҷаи даст аз боло сӯи поён – «тозиёна (қамчин)» - хотима меёбад, ки на танҳо суръати тӯбро метезонад, балки инчунин дақиқиятро барои ба ҳадаф расидан таъмин мекунад.
Хулоса, ҳамин тавр бозии тӯби дастӣ яке аз намудҳои маъмулии варзишӣ буда, дар тамоми ҷаҳон паҳн гаштааст. Ин намуди варзиш дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рушд намудааст.
Саъдуллозода К.С., дастурдеҳи кафедраи ТМ ва ОҶ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...