Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - қонуни асосии давлат
Дар зери мафҳуми Конститутсия дар илими ҳуқуқшиносӣ одатан қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон асосҳои сохтори давлатӣ муқаррар карда шудааст. Конститутсия аз калимаи лотинии «constitutio» гирифта шуда, маънояш сохт ва муқарраркунӣ, барпо намудан, бунёд гузоштан, таъсис додан мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ мебошад. Гарчанде, ки давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, вале, Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Дуруст аст, ки истилоҳи конститутсия ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд. Аммо, он вақт баъзе санадҳои муҳимтарини шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори давлатӣ алоқамандро ба танзим медароварданд, чунин номида мешуданд. Дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ конститутсия дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазии - демократӣ ва ба сари ҳокимият омадани синфи нави буржуазия пайдо гардидааст. Аввалин маротиба конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат соли 1787 дар ШМА қабул шудааст. Баътар соли 1791 дар Фаронса ва Полша қабул карда шудааст. Дар дигар давлатҳо бошад, қабули конститутсия ба асри 19 рост меояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба конститутсия соли 1929 қабул карда шуд.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Одатан, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёрии давлат, шакли он, ба ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои конститусионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, хориҷиён ва шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар Тоҷикистон истиқомат доранд, асос мебошанд. Меъёрҳои конститутсионӣ бисёр вақт усулҳо ва самтҳои асосии сиёсии давлат, аз ҷумла, сиёсати хориҷиро низ муқаррар менамоянд.
Агар дар хусуси давраҳои асосии инкишофи конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф занем, пас бояд ёдовар шавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаги 5 маротиба конститутсия қабул карда шудааст.
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1929.
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1931.
3. Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1937.
4. Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1978.
5. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994.
Конститутсияи Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1929.
Мувофиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттифоқи Шӯравии 27-октябри соли 1924 Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Узбекистон таъсис дода шуд, ва аввалин маротиба баъди 5-сол 28-апрели соли 1929 дар анҷумани дуюми ҶХШС Тоҷикистон конститутсия қабул карда шуд. Ин конститутсия дар асоси конститутсияи ИҶШС соли 1924 ва ҶШС Узбекистон соли 1927 тайёр карда шуда буд. Сабабҳои асосии дер қабул шудани ин конститутсия аввалан дар он буд, ки Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис дода шуда буд, ки дар он соли 1927 Конститутсия қабул карда шуд.
Дуюм ин, ки гарчанде ки Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуда бошад ҳам, аммо мақомоти олии намояндагии он таъсис наёфта буд. Он соли 1926 бо номи Съезди Шӯрои ҶШСТ ташкил карда шуд. Сабаби дигараш вазъи нооромии сиёсӣ ва мубориза бар зидди босмачигариҳо буд.
Конститутсияи соли 1929 масъалаҳои зеринро дар худ инъикос менамуд:
- қоидаҳои умумӣ, дар бораи ташкилёбии мақомоти марказии Тоҷикистон, дар бораи ВМКБ, ҳокимияти маҳаллӣ, интихоботи Шӯроҳо, ҳуқуқи буҷетӣ ва рамзҳои давлатии Тоҷикистон.
Конститутсияи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1931.
Ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба санадҳои анҷумани сеюми фавқулодаи Шӯроҳои Тоҷикистон асос меёбад. 16-октябри соли 1929 қарор дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон кабул гардид ва бевосита ба ҳайати ИҶШС дохил гардид. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ВМКБ ва округҳои маъмурии Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҳисор, Ғарм, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Панҷакент ташкил ёфт. Дар ин анҷуман эъломия дар бораи таъсиси ҶШСТ қабул карда шуда, ба ҳукумати нави ҶШСТ супориш дода шуд, ки лоиҳаи Конститутсияи нави ҶШСТ-ро тайёр карда, ба анҷумани Тоҷикистон пешниҳод намояд. Соли 1931 Анҷумани 4-уми Шӯрои Тоҷикистон Конститутсияи Тоҷикистонро қабул намуд.
Конститутсияи соли 1931 масъалаҳои муҳими ҳамон давра, аз ҷумла қоидаи умумӣ, дар бораи анҷумани шӯроҳо, КИМ-и Тоҷикистон, сохтори ҳокимияти марказӣ, ВМКБ, ҳокимияти маҳаллӣ, интихобот, ҳуқуқи буҷетӣ, рамз, нишона ва ғайраҳоро дар бар мегирифт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1937
5 декабри соли 1936 дар Иттифоқи Шӯравӣ Конститутсияи нав қабул карда шуд, ки он боиси қабули конститутсияҳои нави ҷумҳуриҳои иттифоқӣ гардид. Дар ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз ҷумла, ҶШСТ масъалаи омода ва қабули конститутсияи нав ба вуҷуд омад. 1 марти соли 1937 Анҷумани 6-ми фавқуллодаи шӯроҳои Тоҷикистон Конститутсияи соли 1937-ро қабул намуд, ки ин Конститутсия ғалабаи пурраи сотсиализмро дар худ таҷассум намуд.
Дар Конститутсияи мазкур масъалаҳои сохтори ҷамъиятӣ ва давлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти олии идоракунии давлатӣ, ВМКБ, мақомоти маҳаллӣ, буҷет, суд, прокуратура, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон, нишон, парчам, пойтахт ва тартиби тағйири конститутсия муқаррар карда шуданд.
Ин Конститутсия мақомоти нави олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракуниро муайян намуд, ки ба ҷои анҷумани шӯроҳо ва комитети иҷроияи марказӣ шӯрои вазирони Тоҷикистонро таъсис дод.
Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1978
7 октябри соли 1977 дар Иттифоқи Шӯравӣ конститутсияи нав қабул карда шуд, ки мувофиқи он дар ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ конститутсияҳои нав қабул карда шуд. 14 апрели соли 1978 дар ҶШСТ Конститутсияи сотсиализми мутараққӣ, ё ин ки Конститутсияи давлати умумихалқӣ қабул карда шуд, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт:
- асосҳои сохтори ҷамиятию сиёсии давлат, асосҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон, сохтори давлати ва марзиву маъмурӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунӣ, мақомоти маҳаллӣ, вазъи ҳуқуқии ВМКБ, ҳокимияти судӣ ва прокуратура, тартиби тағйири конститутсия ва ғайра.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994
Масъалаи тайёр ва қабули Конститутсияи охирони Тоҷикистон соли 1990 ҳануз ба вуҷуд омада буд, ки асоси ҳуқуқии он эъломия дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 мебошад. 23 августи соли 1990 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ташкил карда шуд, ки раиси он Маҳкамов Қ.М. интихоб гардид. Тобистони соли 1991 комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи конститутсияро тартиб дод, аммо пош хурдани Иттифоқи Шӯравӣ ба он имконияти қабул шуданро надод.
9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти ҶТ эълон гардид ва лоиҳаи тайёргардидаи Конститутсия ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд. Бинобар он давраи дуюми омодасозии лоиҳаи Конститутсия сар шуд. 10 феврали соли 1992 комиссияи нави конститутсионӣ бо сарварии Раҳмон Набиев таъсис дода шуд. Ин навбат вазъи нооромии ҷумҳурӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ қабули конститутсияро ба қафо гузошт.
Саршавии давраи сеюми кори тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарори иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олӣ аз 26-июли соли 1993 дар бораи таъғир додани ҳайати комисияи конститутсионӣ алоқаманд аст. Мувофиқи қарор, раиси комисияи конститутсионӣ Эмомалӣ Раҳмонов - Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 4 сентябри 1993 якумин ҷаласаи ин комиссия баргузор шуд ва дар он масъалаи аз нав тартиб додани лоиҳаи Конститутсия қайд гардид. Комиссияи номбурда моҳи апрели 1994 лоиҳаи Конститутсияро дар ду вариант пешниҳод намуд: лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии президентӣ; лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии парлумонӣ. Комиссия конститутсионӣ баъди омӯхтану муҳокимаи онҳо барои ба муҳокимаи мардум пешниҳод кардани варианти конститутсияи ҷумҳурии президентиро тавсия намуд. Раёсати Шӯрои Олӣ бо қарори худ аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаро интишор кард ва ба комиссия супориш дод, ки таклифу эродҳои мардумро оиди такмил додани лоиҳа ба ҳисоб гирад ва то якуми июли соли 1994 онро ба Раёсати Шӯрои Олӣ пешниҳод намояд. Лоиҳаи конститутсияи нави ҶТ, 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳои ҷумҳури интишор гардид ва муҳокимаи он оғоз гардид. Баъд аз интишор конститутсия дар иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олӣ муҳокима гардида, ба райпурсӣ тавсия карда шуд. Ниҳоят 6 ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ конститутсияи ҶТ бо натиҷаҳои зерин мақул дониста шуда, ба амал даромад: дар 64 ҳавза 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуд, дар райпурсӣ 2535437 нафар ё 94,4% иштирок намуданд;
Тарафдор – 2352554 ё 87,59%
Муқобил – 105300 ё 3,92% овоз доданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ озоди ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохти давлатӣ ва марзию маъмурии ҶТ, ҳуқуқи интихоботӣ ва низоми интихоботии ҶТ, ВМКБ, инчунин тартиби ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатиро (Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти Судӣ, Прокуратура, Ҳокимияти маҳаллӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам менамояд.
Конститутсияи ҶТ дорои чунин хусусиятҳои хос мебошад:
1. Асосҳои сохтори конститутсиониро мустаҳкам менамояд. (боби якум)
2. Хусусиятҳои конститутсионии ҶТ-ро (соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона) мустаҳкам мекунад (моддаи 1).
3. Усулҳои таҷзияи ҳокимиятро (қонунгузор, иҷроия, судӣ) дар ҶТ муайян мекунад (моддаи 9).
4. Волоияти конститутсияро ҳамчун қонуни асосии давлат мустаҳкам менамояд (моддаи 10).
5. Мавчудияти шакли гуногунии моликиятро иҷозат медиҳад (моддаи 12).
6. Аввалин маротиба дар баробари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқу озодиҳои инсонро низ эълон намуда онҳоро кафолат медиҳад (моддаи 5).
7. Тартиби ташкилёбӣ ва фаолияти мақомоти давлатиро муқаррар менамояд (моддаи 9).
Конститутсияи ҶТ ҳамчун қонуни асосии давлат дорои чунин хусусиятҳои ҳуқуқӣ мебошад: Қувваи олии (юридикӣ) ҳуқуқӣ дорад, меёрҳои он мустақиман амал мекунанд, Ҳамчун сарчашмаи асосии тамоми қонунгузорӣ баромад мекунад, тартиби махсуси тайёр ва қабулшавӣ дорад, тамоми қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ бояд дар асоси он ва дар мувофиқа ба он қабул карда шаванд, барои қабул ва ворид намудани тағироту илова ба он тартиби махсуси овоздиҳӣ пешбинӣ карда шудааст. (аз 3-2 ҳисса).
Тартиби қабули конститутсия.
Конститутсия – ҳамчун қонуни ассосии давлат тартиби қабулшавии махсусро дорад. Дар илми ҳуқуқи конститутсионӣ 3-тарзи қабули конститутсия фарқ карда шудааст:
1. Қабули конститсия аз тарафи муассисон (маҷлиси муасисон, парламент, конвент ва ғайра).
2. Қабули конститутсия аз тарафи корпуси интихоботӣ (райпурсӣ).
3. Қабули конститутсия аз тарафи ҳокимияти иҷроия (монарх-тӯҳфашуда).
Дар таҷрибаи давлатдории ҶТ ду тарзи аввал истифода бурда шудааст; яъне қабули конститутсия аз тарафи парламент (4-конститутсияи пешина) ва дар райпурсӣ (конститутсияи 5-ум 1994).
Хусусиятҳои давлатии Тоҷикистон дар моддаи якуми Конститутсия нишон дода шудаанд. Баъзеи ин хусусиятҳо даставвал дар эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон муқаррар гардида, баътар дар Конститутсия соли1994 инъикос карда шудаанд.
а) Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр.
Соҳибихтиёрии Тоҷикистонро аввалин маротиба эъломия дар бораи ташкилёбии ҶШСТ ҳамчун давлати иттифоқӣ муқаррар намуд (соли 1929). Баъдан 24-мӣ августи соли 1990 Шӯрои Олии ҶШСТ, Эломия дар бораи истиқлолияти ҶТ-ро қабул намуд, ки ин соҳибихтиёри низ соҳибихтиёрии пурра набуд танҳо ба соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ равона карда шуда буд. Баъди барҳам хурдани иттифоқи Шӯравии, ҳар як ҷумҳурии иттифоқӣ истиқлолияти худро эълон намуданд. Аз ҷумла мувофиқи қарори шурои олии ҶТ 9-сентябри соли 1991 Тоҷикистон худро хамчун давлати соҳибистиқлол эълон намуд.
Дар қисми аввали моддаи якуми Конститутсия баъд аз ибораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «давлати соҳибихтиёр» омадааст, ки ин гувоҳи аҳамияти аввалиндараҷа доштани соҳибихтиёри дар фаъолияти давлат мебошад. Соҳибихтиёрӣ (аз калимаи франсавии souveranete – ҳокимияти олӣ) маънои волоият ва истиқлоли ҳокимиятро дорад.
Соҳибихтиёрии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар сиёсати хориҷӣ – тарзу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.
Хушбахтона имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби беш аз 130 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст. Аз соли 1992 ҶТ узви СММ мебошад.
Мафҳуми соҳибихтиёрии миллӣ ифодакунандаи ҳокимияти комили миллат, озодии сиёсии он ва имконнияти фароҳам овардани шароит барои ҳаёти миллӣ худ мебошад.
б) Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ.
Дар моддаи якуми Конститутсия баъд аз калимаи «соҳибихтиёр» тавсифи дигари ҳуқуқию давлатӣ ё худ яке аз шаклҳои реҷаи сиёсӣ – мавҷуд будани реҷаи демократӣ омадааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои демократияи нав дохил шуда, омилҳои асосии давлати демократии Тоҷикистон инҳоянд:
1. Дар қонуни асосии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мустаҳкам ва таъмин карда мешаванд.
2. Низоми намояндагӣ ва принсипҳои интихобӣ будани онҳо этироф карда мешавад.
3. Дар қатори ҳизбҳои ҳукуматӣ ба дигар ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷумла апазитсионӣ имконият дода мешавад, ки фаъолияти худро озодона ба амал бароранд.
в) Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд.
Давлти ҳуқуқбунёд нафақат давлатест, ки ҳуқуқро ҳамчун падидаи дар шуури ҷамъиятӣ таърихан инкишофёбанда эътироф намуда, онро ба сифати омили вусъатдиҳандаи демакратия ва озодиву адолат эътироф мекунад. Баръакс маънои давлати ҳуқуқбунёд хеле васеъ аст. Давлати ҳуқуқбунёд чунин давлатест, ки дар он фаъолияти ҳама – ҳам давлат ва мақомоти он ва ҳам кулли шаҳрвандон тобеи ҳуқуқ мебошанд. Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои ба ҳуқуқ ва пеш аз ҳама ба конститутсия тобеъ будани ҳама гуна фаъолияти мақомоти давлатиро дорад. Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошанд. Мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф шудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ташкили Суди конститутсионӣ як қатор шарту омилҳои дигари муҳими давлати ҳуқукбунёд аз ҷумлаи ҳамин кафолатҳо мебошанд.
г) Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ.
Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст ва ҳамаи дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар доранд. Ҳамин тавр нишонаҳои асосии давлати дунявиро ба тариқи зайл тасниф кардан мумкин аст: манъи дахолати иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷониби давлат эътироф нашудани мундариҷаи ҳуқуқии санадҳо ва қоидаҳои динӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ ва баробарҳуқуқии мавҷудияти динҳо. Давлат ба масъалаи озодии виҷдони шаҳрвандон мудохила намекунад ва иттиҳодияҳои динӣ низ дар навбати худ ба корҳои давлат дахолат намекунанд. Ин маънои онро надорад, ки давлат бо ташкилотҳои динӣ ҳамкорӣ намекунанд.
д) Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона.
Давлати ягона (унитарӣ) будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судии барои тамоми кишвар умумӣ дорад, як конститутсия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) дорои соҳибихтиёрӣ буда наметавонанд. Вобаста ба тобеият аз мақомоти марказӣ давлатҳои ягона - мутамарказ ва ғайри мутамарказ мешаванд. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати мутамаркази ягона аст, зеро сарварони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъин карда мешаванд. Дигар хусусияти давлати ягона ҳамин аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ягона дорад ва онҳо аз ҷониби мақомоти марказӣ идора карда мешаванд.
е) Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ
Қисми дуюми моддаи яки Конститутсияи моҳияти иҷтимоии давлатро муқаррар кардааст. Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ чунин уҳдадориҳои конститутсионӣ дорад: Ҳифзи меҳнат ва саломатии одамон, муқаррар кардани андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат, дастгирии давлатии оила, маъюбон ва шахсони пиронсол, мунтазам инкишоф додани низоми хадамоти иҷтимоӣ, муқаррар намудани нафақаи давлатӣ, кумакпулиҳо ва дигар кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст.
Солеҳзода Фароғат Фатҳиддин, дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.
Наимов Шоҳрухҷон Мирзоевич, курсанти гурӯҳи 106 курси 1
факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ.