Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

231Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар асоси банди 25 фасли I «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» ва банди 32 фасли III Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 санаи 26-уми октябри соли 2023 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Муқовимат ба савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» ба нақша гирифта шудааст.
Дар кори конференсияи мазкур олимон, ҳуқуқшиносон, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд, адвокатура, роҳбарият ва кормандони мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба кори конференсия таваҷҷуҳ доранд, метавонанд иштирок намоянд.
Дар кори конференсия мавзуъҳои зерин баррасӣ мегарданд:
– ҳуқуқи байналмилалӣ: дастовард, мушкилот ва дурнамои он дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон;
– қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон;
– масоили назария ва амалияи ҳуқуқи меҳнат, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, криминология, криминалистика ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар муқовимат ба савдои одамон;
– сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон;
– ислоҳоти мақомоти давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон: дастовард, мушкилот ва дурнамои он;
– нақши ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон;
– нақши шарикони иҷтимоӣ дар муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон;
– назария ва амалияи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он;
– мушкилоти ҳуқуқӣ-ташкилии эътироф намудан ва додани мақоми ҳуқуқӣ ба қурбониёни савдои одамон;
– масоили таъмини ҳуқуқи қурбониёни савдои одамон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳҳои ҳалли он;
– масоили мубрами муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– дигар паҳлуҳои мавзуи баррасишаванда.
Иштироки бевосита ва ё ғойибона дар кори конференсия имконпазир аст.
Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад.
Забони кори конференсия – тоҷикӣ ва русӣ.
Баромад ва мақолаҳоро метавонед бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоед. Мавод бояд ба мавзуъҳои кори конференсия мутобиқат намояд.
Баъд аз анҷоми кори конференсия омода намудани маҷмӯаи маводи конференсия дар назар аст, ки ба махзани ШИИР (РИНЦ) ворид карда мешавад. Барои иштирок дар кори конференсия то 20 октябри соли 2023 дархост (замимаи 1) ва шакли электронии фишурда (тезис) ва мақола (замимаи 2) қабул карда мешаванд.
Дархостҳое, ки баъд аз 20 октябри соли 2023 ирсол карда мешаванд, инчунин маводе, ки тибқи талабот тартиб дода шудаанд, барои нашр дар маҷмӯаи маводи конференсия то санаи 15 ноябри соли 2023 қабул карда мешаванд.
Суроғаи электронӣ барои ирсоли мавод: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..
Оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия метавонед тавассути телефонӣ: + (992 37) 226-28-92; 226-28-57; факс: + (992 37) 226-60-43; + (992) 917.60.60.54; + (992) 501.30.34.36 дар тамос бошед.
Шахси масъул: Ҳайдарзода Зафар Пирмаҳмад.

Иштироки Шуморо дар кори конференсия таманно дорем!
Кумитаи тадорукот
05.10.2023 с.

Замимаи № 1
ДАРХОСТ
барои иштирок дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи
«Муқовимат ба савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо»

1. Ном, насаб ва номи падар (пурра)
2. Ҷойи кор, вазифа
3. Дараҷа ва унвони илмӣ
4. Номи мавзуъ
5. Шакли иштирок (бевосита / ғойибона)
6. Суроға, рақами телефон ва суроғаи электронӣ

Замимаи № 2

ТАЛАБОТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД
1. Мақола ва ё фишурдаи (тезис) ба маҷмӯа пешниҳод гардида, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешаванд.
2. Дастнависи барои чоп пешниҳодшуда бояд инҳоро дошта бошад:
2.1. Аз рӯйи мазмун он ба мавзуи конференсия мувофиқат намояд.
2.2. Мақола/фишурдаи (тезис) бояд асоснокӣ ва аниқу мураттаб будани масоили дар асар ошкоршударо дарбар гирад, роҳҳои мушаххаси ҳалли онро, ки барои муқовимат ба савдои одамон аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ доранд, пешниҳод кунад.
3. Ҳаҷми мақола ва фишурда (тезис) бояд на кам аз 5 ва на зиёда аз 12 саҳифа бошад (барои докторон ва номзадҳои илм то 20 саҳифа).
4. Мақола/фишурда (тезис) бояд дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Дастнавис дар формати doc, docx, дар як тарафи варақи А4 бо якуним фосила, андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад. Ҳошияи саҳифа: боло ва поён – 20 мм, чап – 30 мм, рост – 10 мм.
5. Дар матн мавҷуд будани расмҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва формулаҳо иҷозат дода мешавад.
6. Ҳар як мақола бояд инҳоро дар бар гирад:
6.1. Маълумот дар бораи муаллиф бо забонҳои русӣ ва англисӣ (насаб, ном, номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор (номи ташкилот), суроғаи ҷойи кор, вазифаи ишғолкарда, суроғаи почтаи электронӣ).
6.2. Сарлавҳа бо забонҳои русӣ ва англисӣ.
6.3. Аннотатсия бо забонҳои русӣ ва англисӣ (аннотатсия бояд тавсифи мавзуи мавриди омӯзиш, натиҷа ва хулосаҳои онро дар бар гирад). Дарозии тавсияшудаи аннотатсия 1000 аломат (100-150 калима) аст.
6.4. Калидвожаҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ (ҳам калимаҳои ягона ва ҳам ибораҳо метавонанд ҳамчун калидвожаҳо истифода шаванд, ки бояд мавзуъ, ҳадаф ва объекти тадқиқотро инъикос кунанд, шумораи калидвожаҳо 5-7-то аст).
6.5. Рӯйхати библиографӣ дар шакли ягона, ки аз ҷониби низоми Шохиси иқтибосоварии илмии Росия (РИНЦ) дар асоси ГОСТ Р 7.0.5–2008 муқаррар шудааст.
6.6. Рамзи таснифоти даҳии универсалӣ (УДК).
6.7. Рӯйхати адабиёт бояд истинод ба манбаъҳоеро дар бар гирад, ки дар раванди кор бо мақола истифода шудаанд ва дар охири мақола ҷойгир карда шудаанд. Дар матн бошад сноска дар шакли поварақ (постраничный) гузошта мешавад.
7. Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word дар андозаи * doc бояд мутобиқат кунад.
8. Файл бояд дорои ному насаби муаллиф (-он) бошад, мисол: Раҷабов Н. doc, Раҷабов-Собиров. Doc.
9. Дар дохилӣ матн истифода бурдани рақам ва ё аломатгузории автоматӣ манъ мебошад.
10. Варақҳо саҳифабандӣ карда намешаванд.
11. Барои мазмуни мақола ва фишурда (тезис), инчунин саҳеҳ будани маълумоти дарҷгардида, ҳиссаи матни (плагиат) муаллифонашон масъул мебошанд.
12. Асарҳое, ки дар нашрияҳои дигар чоп шудаанд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд.
Мақолаҳо ва тезисҳо ба суроғаи 734012, ш.Душанбе, кӯчаи М. Мастонгулов, 3, тел: + (992 37) 226-28-92; Факс: + (992 37) 226-60-43; электронные адреса: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол карда мешаванд.

НАМУНА БАРОИ ТАРТИБ ДОДАНИ МАҚОЛА

УДК 343.326:351

ТЕОРЕТИЧЕСКИЕ АСПЕКТЫ ОРГАНИЗАЦИИ АНТИТЕРРОРИСТИЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ

THEORETICAL ASPECTS OF THE ORGANIZATION OF ANTITERRORIST ACTIVITIES

САФАРОВ Х.С.,
Сафарзода Ҳ. С.
SAFAROV H.S.
Начальник кафедры государственно-правовых дисциплин факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, подполковник милиции
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2-юми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия
Head of the Department of State and Law Disciplines of the Faculty No. 2 of the Academy of the MIA of the Republic of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences, Lieutenant
Colonel of the Militia

Аннотация: В статье дефиниции «управление» и «организация» рассматриваются в контексте борьбы с терроризмом как взаимодополняющие категории, представляющие собой вопросы как организационного, так и управленческого характера. Отмечается важность теоретических разработок в деле создания целостной системы антитеррора, представляющих три основных направления организации борьбы с терроризмом: профилактику, борьбу и минимизацию последствий.
Ключевые слова: управление, организация, деятельность, государство, терроризм, борьба, антитеррористическая деятельность.

Abstract: In the article, the definitions «management» and «organization» are considered in the context of the fight against terrorism as complementary categories that are both organizational and managerial issues. The importance of theoretical developments in the creation of a comprehensive system of antiterror, representing the three main directions of the organization of the fight against terrorism: prevention, struggle and minimization of consequences is noted.
Keywords: management, organization, activity, state, terrorism, struggle, antiterrorist activity.

В связи беспрецедентным ростом террористических угроз в мире и регионе в последние годы, основатель мира и национального единства, Лидер нации, Президент Республики Таджикистан, уважаемый Эмомали Рахмон в своих выступлениях уделяет особое внимание проблемам борьбы с терроризмом и экстремизмом, акцентируя особое внимание правоохранительных органов, силовых структур, органов государственной власти на местах, неправительственных организаций и отдельных граждан к скоординированной деятельности в борьбе с этим злом .
Поэтому сегодня теоретические вопросы, связанные с эффективной ролью органов государства в организации и управлении сил и средств по предупреждению и пресечению терроризма приобретают особую актуальность.
Поэтому сейчас управление деятельностью всех заинтересованных органов как совокупность взаимосвязанных действий, как по горизонтали, так и по вертикали направлено на достижение целей антитеррористической деятельности. В связи с этим, понятие «управление» рассматривается не только как управленческая функция, но и как категория, представляющая организационные основы деятельности органов государства. Это связано с тем, что органическая связь понятий «управление» и «организация» как категорий, выполняющих одну социальную функцию , переплетаясь друг с другом, представляют собой совокупность вопросов как организационного, так и управленческого характера. В этом плане организация антитеррористической деятельности компетентных органов государства направлена на создание эффективных условий для выполнения определенных законом функций компетентных органов.
Использованная литература:
1. Послание Лидера нации, Президента Таджикистана, уважаемого Эмомали РахмонаМаджлиси Оли Республики Таджикистан 23.01.2015 г. [Электронный ресурс].
– Режим доступа: http://president.tj/ru/node/8137 (дата обращения: 10. 03.18).
2. Гвишиани Д. М. Организация и управление. – М.: Издательство: "Наука" 1972.
– 536 с.
3. Солодовников С. А. Терроризм и организованная преступность: монография.
– М.: «ЮНИТИ – ДАНА»: Закон и право, 2008. – 173 с.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...