Асари Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат» – рамзи худшиносии миллат
«Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи
гуфтугӯю муошират ба шумор меравад,
балки болотар аз он, шиносномаи миллати
азизам, рӯҳу поки гузаштагонам ва оинаи осори
ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони
шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо
ҳиси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд
бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину
дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва
ҳас¬тиамро бо ҳастии забон пайванд медонам».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ифтихори забондорӣ, масъалаи омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Таълифоти таърихиву адабӣ ва забоншиносии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба нашр расидан ва ба забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ тарҷума гардидани асари «Забони миллат – ҳастии миллат» ба вуҷуд омадааст. Эҷоди ин асар на танҳо мавриди омӯзиш ва баррасии забоншиносон қарор дорад, балки диққати ховаршиносону таърихнигорон ва адабиётшиносони сатҳи ҷаҳониро низ фарогир мебошад.
Асари Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» аз зумраи он асарҳоест, ки на танҳо сарчашмаи илҳомбахши дӯстдорони забони тоҷик ба ҳисоб меравад, балки дар он муҳимтарин масъалаҳои забониву таърихӣ аз дидгоҳи нави илмӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд. Ҳарчанд дар самти забоншиносии тоҷик барои омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ донишмандони тоҷик корҳои судманде анҷом додаанд, аммо китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» аввалин китоби фарогирест, ки таърихи тайкардаи забони тоҷикиро аз қаъри таърих то қарни мо бо ҳама нокомиву бурдбориҳояш дарбар мегирад.
Асари мазкур аз муқаддима, шаш боб, зерфаслҳо ва хулосаву китобнома иборат буда, масъалаҳои зиёди илмӣ, махсусан забоншиносиро дар бар мегирад.
Боби аввали китоб – «Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон» аз 6 фасл иборат буда, дар фасли якуми он дар бораи «Ҳуҷуми муғул ва оқибатҳои он дар сарнавишти тоҷикон» сухан меравад. Дар фасли дуюми боби якум зери унвони «Забону адаби тоҷикӣ дар ин давра» ҳодисаҳои таърихии асри XII инъикос гардида, гуфта шудааст, ки дар нимаи дуюми он қарн забони тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ оҳиста-оҳиста ривоҷ ёфтааст.
Дар фаслҳои дигари боби якум сухан дар бораи вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар давраи таназзули ҳукмронии муғулҳо, рушди забон ва фарҳанг дар ҳамин давра, вазъи сиёсиву таърихӣ ва забону адаб дар давраи давлатдории Темуриён меравад.
Боби дуюм «Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон» ном гирифта, аз шаш фасл иборат аст. Дар ин боб масъалаи муносибатҳои дигар қавму миллатҳо бо тоҷикон, аз ҷумла ҳиндуҳо ва ҳифз намудани забони ноби тоҷикӣ дар он кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Боби сеюми китоби «Забони миллат- ҳастии миллат», дар бораи мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри XVI сухан меравад ва аз шаш фасл иборат аст.
Боби чоруми китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» бо унвони «Забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII -XVIII» навишта шудааст ва аз ҳашт фасл иборат аст.
Боби панҷуми китоби «Забони тоҷикӣ дар асри XIX» унвон гирифта, аз шаш фасл иборат аст.
Боби шашуми китоб «Вазъияти забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон» ном дошта, аз чор фасл иборат аст.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки «Забони миллат — ҳастии миллат» вазъи забонро дар давраҳои гуногун мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст. Албатта, пас аз нооромиву нобасомониҳо дар он давраҳои бисёр шадид кас бовар намекунад, ки аз ин забон, фарҳанг ва миллат осоре боқӣ мемонад, вале шахсиятҳои маъруфи ин миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки дар ҳар як давраи таърихӣ забону давлати худро муҳофиз бошанд.
Дар китоб, ҳамчунин, дастовардҳои асрҳои XIII -XX ва зина ба зина ба он ноил гардидан зикр гардидааст, ки ҳар як хонанда пас аз мутолиаи он аз таърихи гузашта огоҳ шуда, боз ҳам ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва ҳуввияти миллӣ дар қалбаш бедор мегардад.
Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат, пойдор мондани забони модарии он аст. Забони тоҷикии мо дар роҳи пурпечутоби таърих ва даҳшату тохтутозҳои аҷнабиён зинда монда сарчашмаи бақои миллат гардид.
Мо соҳибзабонон аз ин ифтихор намуда, барои поку беолоиш нигоҳ доштани он пайваста ҷаҳд хоҳем кард. Беҳуда нест, ки дар яке аз суханрониҳои хеш Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънӣ фармудаанд: «Мо ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро дар қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл диҳем».
Бойзода Ҷамшед, полковники милитсия,
Исматова Ситора, лейтенанти милитсия.