Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони тоҷикӣ - забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

276Забони тоҷикӣ (форсӣ: زبان تاجیکی‎) — забоне, ки дар Эрон форсӣ ва дар Афғонистон дарӣ номида мешавад, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар Ӯзбекистон, гарчанде тоҷикӣ забони ақаллият маҳсуб мешавад, вале дар ин кишвар зиёда аз 15 миллион нафар ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин забон ба оилаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ: форсигӯёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 миллонро дар сатҳи ҷаҳонӣ ташкил медиҳанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ 48,6 миллион (2018) нафар ҳарф мезананд. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII оғоз шудааст. Забони тоҷикӣ дар даврахои гуногун диққати бисёр олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони форсӣ-тоҷикӣ яке аз асосгузорони фалсафаи материалистӣ Фридрих Энгелс, шоири немис Гёте, шоири рус Есенин, шарқшносони маъруфи дунё Бертелс, Брагинский, Бартолд ва дигарон низ мароқи зиёд зоҳир карда буданд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии он ворид мешаванд.
Забони форсӣ ба забонҳои порсиву дарӣ хеле монанд аст ва аҳолии кишварҳо, Эрон,Ҳиндустон,Ӯзбекистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон, Шарқи Наздик, инчунин дар Сангқалъаи Ҷумҳурии Халқии Чин низ бо ин забон гуфтугӯ мекунанд.
Дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд: «Ҳамчун номи точик забони точик хам таърихи ғанӣ ва рангин дорад ва барои мухофизати каламрави хастии худ бо забонхои бегона хамеша дар набард будааст. Дар замони истилои араб тозиён басо кӯшиданд, ки забони дариро аз байн бубаранд. Ғосибони араб ба ин хотир матнҳои авестоӣ ва маъбадҳоро несту нобуд ва забони паҳлавиро бӯғӣ карданд. Онҳо хона ба хона, деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр гашта, тоҷикони бомаърифатро cap буриданд ва бо зарби шамшер кеши моро саркӯб карда, оини худро ҷорӣ намуданд. Осори хатти сосонӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, дарӣ ва суғдиро оташ зада, хирадмандони тоҷикро қатли ом ва овораву саргардони мулкҳои бегона карданд. Умуман, аз беху бун нест кардани фарҳанги як миллат, ба хусус забони вай хоси ҷаҳолати истилогарон аст. Аҷнабиёии истилогар маҳз ба ҳамин восита ба мақсади дуни худ расида метавонистанд. Зеро забон - барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст» [1.c.5].
Тавре Пешвои миллат дар китоби худ «Забони миллат — ҳастии миллат» ишора мекунанд: «Забон дар маҷмӯъ як қисмати муҳим ва ё ба иборати дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст. Аз мутолиаи он мо дар бораи бисёр ҷанбаҳо ва масъалаҳои муҳими ҳаёти гузаштагони хеш иттилое ба даст меоварем, ки ҳатто таърихнигорон ба онҳо камтар таваҷҷуҳ кардаанд. Масалан, аз рӯйи захираи вожагон ва истилоҳоти забон мо метавонем бо боварӣ дар бораи пешрафт ва ё заъфу сустии ягон соҳаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар давраҳои мухталиф қазоват кунем, аз ҷониби дигар, забон манбаи бисёр муътамад барои омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни мо мебошад. Дар он ақидаву мавқеи шахсӣ нақши муассире надорад. Вай таърихи холис, ростин ва маҳсули дастҷамъии миллат ва аломати хоси он буда, воқеияти ҳаёти ҷомеаро ҳамчунон ки ҳаст, бидуни ороишу ислоҳ инъикос мекунад. Албатта, ашхоси ҷудогона дар такмил ва афзоиши захираи луғавии он саҳми бештар мегиранд, вале ин ягона мавридест, ки «муаллифон, бидуни ҳаққи қалам» офаридаҳои худро ба забони модарии хеш мебахшанд. Забон ҳам ки довари моҳир ва сахтгир аст, танҳо коромадтарин ва баргузидатарини онҳоро дар хазинаи худ ҷой дода, сипас дар истифодаи умум қарор медиҳад» [2.c.13]. Ин забон дар давраи аввали подшоҳии Ашкониён ҳамроҳ бо забони юнонӣ ва баъдан аз давраи Меҳрдоди I (солҳои 171—132 то милод) танҳо забони расмӣ ва давлатии Ашкониёни Порт мегардад. Баъзе муҳаққиқон изҳор доштаанд, ки шояд аз ибтидои садаи III то милод забони портӣ забони расмии давлатдории Порт қарор гирифта бошад. Бозёфти навиштаи болои зарфҳо аз Нисо дар ин бора шаҳодат медиҳад».Бояд гуфт, ки забони портӣ баъдан дар такомули забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) нақши муассире дошта, аз лиҳози вожагониву дастурӣ ба забони модарии мо шабоҳати зиёде дорад.Дар давраи Сосониён ҳам забони форсии миёна дар баробари забони портӣ ё паҳлавӣ забони давлатӣ ва расмиву динии шоҳаншоҳии бузурги Эрон буд ва аз он осори зиёди таърихиву динӣ ва илмиву фарҳангӣ боқӣ мондааст.
Нахустин сулолаи маҳаллие, ки баъд аз истилои араб каму беш дар Хуросон мустақил гардид, Тоҳириён (821—873) буд. Ҳукмронони ин хонадон ҳанӯз дар фикри истиқлоли фарҳангӣ набуданд. Баръакс, кӯшиш карданд, ки дини исломро дар қаламрави худ таҳким бахшанд ва огоҳона ё ноогоҳона баҳри густариши забону адабиёти араб мусоидат карданд.Сулолаи дигари маҳаллӣ, ки ҷонишини Тоҳириён гардид Саффориён (873—903) буд. Дар вақти ҳукмронии намояндаи барҷастаи ин сулола Яқуби Лайс, ки аз миёни мардуми одӣ бархоста буд ва на забони арабиро медонисту на ба фарҳанги он алоқа дошт, то ҳудуде дар дарбори вай саҳна барои забону адабиёти араб тангтар шуд ва шоирон барои ӯ ба дарӣ шеър гуфтанд.
Эҳёи воқеии забони адабии мо дар замони Сомониён (874—999) оғоз гардид. Сомониён бар хилофи Тоҳириёну Саффориён дарк карда буданд, ки бидуни эҳёи анъанаҳои қадимӣ ва ривоҷу равнақи забону адабии миллӣ истиқлол устувор ва давомдор шуда наметавонад. Бинобар ин, амирони дурандешу сиёсатмадорони ин хонадон бо камоли ҳушмандӣ муносибати худро бо хилофат тавре оростанд, ки дарбори Бағдод натавонад фитна ва рақобате бар зидди онҳо барангезад. Илова бар ин, Сомониён аз забони форсии дарӣ ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар баробари тозиён барои расидан ба истиқлоли комил истифода мекарданд. Аз ин рӯ, забони форсии дариро, ки забони мардумони Мовароуннаҳру Хуросон буд, забони расмии давлати паҳновари худ қарор дода, ба адибону олимон ба назари эҳтиром нигариста, онҳоро ташвиқ мекарданд, ки китобҳои худро ба форсии дарӣ нависанд ва ё осори арабии худ ва дигаронро ба ин забон баргардонанд.
Бо соҳиб шудани тоҷикон давлати худ солҳои 1924, 1929 ва солҳои тулонӣ ба забони русӣ дар замони Шӯравӣ бурдани корҳои расмӣ боиси нигаронии роҳбарону зиёиёни миллати тоҷик гардид ва бо пешниҳоду қарори Шӯрои Олӣ санаи 22-юми июли соли 1989, Қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» қабул шуд. Аз ҳамон сол иди Забони тоҷикӣ санаи 22-юми июл таҷлил мешуд. Лек бо ташаббуси мақомоти қонунгузорӣ соли 2009 бо ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Забони точикӣ» санаи 5-уми октябри соли 2009 минбаъд бо санаи нав таҷлил мешавад. Мувофики қонуни таҷдидшуда забони давлатии Тоҷикистон забони «тоҷикӣ» мебошад ва донистани он ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад [3]. Солҳои Шӯравӣ донистани забони тоҷикӣ чандон ҳатмӣ набуд.
Дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд» [4.c.4].
Дар китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат - ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар масири таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, ки дар бораи мардуми ориёӣ, фарҳангу тамаддун ва забони онҳо ва бисёре аз масъалаҳои дигари марбут ба ориёӣ ва мавқеи забони тоҷикӣ аз даврони пайдоиш то ба имрӯз, бо далелу хулосаҳои муфассал баён гардидаанд. Ҳоло бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад [5].
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти забон ва адабиёти тоҷик фаъолият менамояд. [6.] Бунёдгузории он ба ташкили Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС, ки дар ҳайати он мувофиқи қарори Президиуми АИ ИҶШС аз 17 марти 1932 сектори таъриху забон таъсис ёфт, вобаста аст. Дар асоси он 19 ноябри 1940 Институти таърих, забон ва адабиёт ташкил гардид ва чун муассисаи мустақили илмӣ ба ҳайати Шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ворид шуд. Пас аз таъсиси АИ Тоҷикистон (1951) мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Ҷумҳурии Тоҷикистон (14. 04. 1951) чун муассисаи мустақил ташкил ёфт. Ба муносибати ҷашни 1100-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1958) номи ин шоирро гирифт. Дар Тоҷикистон теъдоди зиёди мабуоти даврӣ, китобу маҷаллаҳо, сомонаҳои интернетӣ, википедияи тоҷикӣ нашр гардида, барномаҳои телевизиону радиои давлатӣ ва хусусӣ бо забони тоҷикӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пахш мегардад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳавзаи забони тоҷикиро боз ҳам васеъ гардондад ва нутқи пурмуҳтавои Пешвои миллат борҳо аз минбарҳои баланди СММ, Парлумони Аврупо, ЮНЕСКО, СҲШ, Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд садо дод.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.
Адабиёт:
1.Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. (Дастури таълим барон мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ). Душанбе: «Ирфон», 1997.- С.5.
2.Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат - ҳастии миллат. – Душанбе, «Эр-граф», 2016.-С.13.
3.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи забон» аз 5 октябри соли 2009, №553.
4.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе,2016.- С.4.
5. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон [Захираи электронӣ]. http://kumitaizabon.tj/tg/category/.Санаи муроҷиат: 30.01.2023 с.
6. Институти забон ва адабиёти тоҷик. [Захираи электронӣ]. http: http://www.iza.tj/tg. Санаи муроҷиат 30.01.2023 с.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...