Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон кафили сулҳу суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ

267(дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Созмони Милали Муттахид)


Дар замони муосир мақсаду маром ва Стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат, қабл аз ҳама ин таъмини амнияти миллӣ, суботи сиёсию иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули иқтисоди кишвар мебошад.
Ин нуқта мусаллам аст, ки пешбурди сиёсати хориҷии муваффақ ва мутобиқ бо ниёзҳову манфиатҳои миллӣ бе доштани заминаи қавии ҳуқуқӣ ва мушаххас будани самтҳои ҳамкории хориҷӣ муяссар намегардад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози мавқеи геополитикӣ дар шоҳроҳи бузурги абрешим, роҳи транзитии пайвасти Шарқ бо Ғарб ҷойгир буда, аз ҷиҳати захираҳои табиӣ, энергетикӣ, канданиҳои фоиданок бой буда, иқлим ва релефи хеле мувофиқ барои рушди агросаноатӣ доранд.
Сиёсати хориҷии ҳар як давлат дар рушду нумӯ ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ авлавият дорад. Барои Тоҷикистони соҳибисиқлол низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ин сиёсати хориҷии он маҳсуб меёбад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон самти инкишоф ва роҳи муайяншудаи давлатро дар фаъолияти байналхалқӣ зоҳир мекунад, ки ин муносибатҳо бо давлатҳои дигар вобаста ба принсип ва манфиатҳои он ба воситаи шаклҳо ва методҳои гуногун ба амал бароварда мешавад. Сиёсати хориҷӣ ҷузъи таркибии сиёсати дохилии давлат ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи роҳандозии сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ,эълони сиёсати “Дарҳои кушод” дар тӯли солҳои истиқлолият нишон дод, ки ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногуни олам ва қутбҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ба таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти миллӣ ва касби ҷойгоҳи шоиста дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд.
Санаи 20-уми сентябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презденти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мубоисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Созмони Милали Муттахид ширкат намуда суханронӣ намуданд. Толори қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид пур аз иштирокчиёни маҷма буд. Иштирокчиёни мубоисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид бо диққати том суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро гуш намуда, аз он истиқбол намуданд.
Пешвои миллат маърӯзаи худро бо забони давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ироа намуданд. Сухаронии Пешвои миллат як чанд ҷанбаҳои илмӣ- амалӣ дошт, ки онро мухтасаран баён медорем:
- таҳлили амиқи вазъи геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон;
- ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ;
- муборизаи муштараки давлатҳо алайҳи терроризму ифротгароӣ;
- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динӣ ва муқаддасоти он, тарғиби таҳаммулгароӣ байни миллату мазҳабҳо;
- Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд;
- барқарорсозии эътимод ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ: суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор дар самти сулҳ, шукуфоӣ, пешрафт ва устуворӣ;
- дастгирӣ аз ҷудо намудани 500 миллиард доллар ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва хурди ҷазиравӣ;
- пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза андешидани тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла пажӯҳиш, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ва ҳамкориҳои амиқи байналмилали дар ин самт;
- минатдорӣ аз қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;
- дастгирӣ аз соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи “Об барои рушди устувор”, ҳамчунин, соли 2025 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ;
- шароити муосир ташаккули «иқтисоди сабз»;
- роҳандозии муколамаи байниафғонӣ ва таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаи муҳимми расидан ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон ;
- даъвати соли 2024 дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Душанбе баргузории Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он;
- вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалии имрӯза;
- Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳу субот саъй дорад, ки барои солҳои 2028-2029 узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро касб намояд.
Воқан суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Созмони Милали Муттахид аз ҷониби иштирокчиёни он ва давлатҳои ҷаҳон гарму ҷушон истиқбол гирифта шуд. Имрӯзҳо баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ ва маъво гирифтан дар дили халқ аст, ки хушбахтона, ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст.
Маҳз бо дарназардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор кардани сулҳу суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ , сарҷамъ кардани миллати тоҷик, ваҳдати мардум, рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо ва наслҳои оянда ҳаёту хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини хизмату садоқат ба Ватан ва ҷомеа, вафо намудан ба қавлу амали Сарвари сиёсӣ дар ҷаҳони муосир мебошад.

Асламов Б.С.,Муҳаммад С.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...