Ҷавонон ояндасози давлату миллатан
“Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Имруз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олӣ саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба насли ҷавон буда, Пешвои миллат оид ба вазъи кунунии донишандӯзии донишҷӯён ва нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи ҷавонон, забонӯмозии наврасону ҷавонон, бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусти оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст. Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро бо Ватан ва эҳтиромашонро бо арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавоноро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.
Умуман, ҷавонон дар маркази ҳама гуна тағйироту табаддулотҳои ҷиддӣ ва ҳам нек дар кишварашон буданд. Масалан, ҷавонон ба мисли Сӯҳробу Сиёвуш дар таърихи мо дар дифои манфиатҳои миллат ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд, барои истиклоли Ватанаш ҷонашро фидо карда буд, гуруҳи ҷавонон инқилобҳои демократиро дар кишварҳои Аврупову Осиё ба вуҷуд оварданд ва имрузҳо ҷавонони ба идораи давлатӣ ҷалбшуда дар кишварҳои собик Шӯравӣ, аз ҷумла Қазоқистону Руссия ба пешрафти нисбии сарзаминашон хизмати назаррас менамоянд. Бинобар ин, таърихи инсоният аз гувоҳи он, ки ҷавонон нерӯи созандаи бузург ҳастанд, саршор аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд, зеро роҷеъ ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногун изҳори назар карда, борҳо ба насли ҷавон боварӣ ва эътимод зоҳир намудаанд. Чунончӣ дар яке аз мулоқоти худ таъкид доштанд, ки «Имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки аз миёни наврасону ҷавонон лаёқатмандонро ҷустуҷӯ намоем, барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо шароит муҳайё гардонем, нерӯи созандаашонро ба фатҳи қуллаҳои нави илму техника ва фарҳанг ҳидоят созем истеъдодҳои ҷавононро сари вақт дастгирӣ кардан зарур аст».
Ин гуфтаҳо аз ҷониби Сарвари давлат ифодагари онанд, ки мавсуф дар ҳар маврид барои дастгирӣ ва интихобу муаррифии ҷавонон ва бахусус ҷавонони болаёқат кӯшиш намуда, такрор ба такрор ин нуқтаро ёдрас намудаанд. Президенти кишвар хуб дарк карда, ки асоси пешрафту густариши соҳаҳои гуногуни кишвар маҳз ба нерӯи ҷавонон вобастагӣ доранд. Дар иқтибоси боло таъкид гардидааст, ки ҷавононро дар ҳар ҳолат ва дар ҳар вазъият чунон дастгирӣ ва кӯмак намоем, ки ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бошанд. Шароити комилан мусоид барои ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити фаъолият маҳз дар гуфтаҳои Сарвари кишвар батакрор зикр шудааст, ки ин баёнгари сиёсати устувор ва оянданигар дар рушди давлат ва давлатдорӣ аст. Дар суханрониҳоиСарвари кишвар натанҳо ба нерӯи созандаи ҷавонон умед баста шудааст, балки бамаврид таъкид шудааст, ки ҷавонони мо аз ҳар гуна пешрафтҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд ва сари вақт муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоиро, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рух медиҳанд огоҳона дарк намоянд.
Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррифкунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрузу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд.Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутарраққию пешрафтаи ҷаҳон табдил меёбад. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозуи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.
Ин гуфтаҳо аз ҷониби Сарвари давлат ифодагари онанд, ки мавсуф дар ҳар маврид барои дастгирӣ ва интихобу муаррифии ҷавонон ва бахусус ҷавонони болаёқат кӯшиш намуда, такрор ба такрор ин нуқтаро ёдрас намудаанд. Президенти кишвар хуб дарк карда, ки асоси пешрафту густариши соҳаҳои гуногуни кишвар маҳз ба нерӯи ҷавонон вобастагӣ доранд. Дар иқтибоси боло таъкид гардидааст, ки ҷавононро дар ҳар ҳолат ва дар ҳар вазъият чунон дастгирӣ ва кӯмак намоем, ки ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бошанд. Шароити комилан мусоид барои ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити фаъолият маҳз дар гуфтаҳои Сарвари кишвар батакрор зикр шудааст, ки ин баёнгари сиёсати устувор ва оянданигар дар рушди давлат ва давлатдорӣ аст. Дар суханрониҳоиСарвари кишвар натанҳо ба нерӯи созандаи ҷавонон умед баста шудааст, балки бамаврид таъкид шудааст, ки ҷавонони мо аз ҳар гуна пешрафтҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд ва сари вақт муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоиро, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рух медиҳанд огоҳона дарк намоянд.
Дар вохӯрии дигаре, ки бо ҷавонон сурат гирифта буд сарвари давлат чанд нуктаи муҳимротаъкид намуданд. Чунончи «Шумо-ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошед".
Ин нукта воқеан таъкиди он аст, ки Сарвари давлат маҳз ба ҷавононе муроҷиат мекунанд ва он ҷавононеро соҳиби давлату миллат ва офарандаву созандаи фарҳанги миллӣ медонанд, ки онҳо пеш аз ҳама бонангу номус ва боиродаву устуворанд. Илова бар ин, дар вохӯриҳои Сарвари кишвар аз назари дигар ишорае ҳаст, ки ҷавононро маҳз ба ҳамин хислатҳои мардонагию ҷавонмардию ватандорӣ ҳидоят менамояд. Дар мавриди дигар ишора менамоянд, ки «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосиикадрҳо ҳастанд".
Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву ичтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ ба бисёр мушкилиҳои сахту сангин рӯбарӯ гардид.
Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, яъне замоне, ки аксари шумо хануз хурдсол будед, ҷомеаи моро ҷанги шахрвандӣ ва баъдан буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, дар баробари талафоти гарони ҷонӣ, ки муттаассифона, қисми зиёдтарини онхо ҷавонон буданд, иқтисоди кишварамон ба ҳисороти вазнини моддӣ дучор омад.
Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба ҳол давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз чумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.
Маълум мешавад, ки андешаҳои Президенти кишвар дар мавриди нақши муассир доштани нерӯи ҷавонон дар муҳити сиёсӣ ва дигаргуншавиҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳамчунин густариши соҳаҳои гуногуни ҷомеа такя ба меъёрҳои устувори сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.Метавон мисолҳои зиёдеро инҷо овард, ки бевосита таваҷҷӯҳ ва эътимоди шахсии Сарвари давлатро нисбат ба насли ҷавон ифода менамояд. Бояд гуфт, ки маҳз ҳамин эътибори Пешвои миллат сабаб гардида,ки аҳли Ҳукумати Тоҷикистон низ дар самт пайрави сиёсати пешгирифтаи Президент мебошанд.
Ҳамагӣ баъд аз шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ парламенти кишвар Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” - ро ба тавсиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.
Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба роҳ монд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт.
Боварӣ ва ифтихори сарвари кишвар аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонӣ ва одобу ахлоқи насли замони истиқлол бори дигар онҳоро водор месозад, ки далерона ба сӯйи фардои дурахшони ватан ҳамчун нерӯи пешбарандаи сиёсати Пешвои миллат устуворона гом бардоранд.
Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хосса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд.
Ибрагимзода Ҷ.И., муаллими калони кафедраи ФОҶ МКД, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия
Ревазода М.Р. муаллими кафедраи ФОҶ МКД, факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия