Соҳаи илму маориф - пояи асосии рушд ва пешрафти ҷомеа
Ниёгони бузурги миллати тоҷик дар масири таърихи бостонии халқамон ба омeхтани илму маърифат ва касбу ҳунар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавасути осори ҷовидонаи худ инсониятро ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодониву xаҳолат ва расидан ба рушди тараrиёт ҳидоят кардаанд.
(иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рeзи дониш: санаи 01.09.2023с.).
Давлату Ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии тарақиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро пайваста таҳким ва рушд дода истодааст.
Дар ин замина аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд барномаву консепсияҳои муҳимми давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакатамон барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф қабул шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти кори олимону омeзгорон шароити мусоид фароҳам оварда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷидди бахшид.
Илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки давлатӣ ба ҳисоб рафта, пешрафти минбаъдаи ҷомеъа ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолӣ маҳз аз ҳамин соҳа вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, саҳм гузоштан ба соҳаи маориф, яъне тарбия кардани кадрҳои баланд ихтисосу соҳибмаърифат, ба меъёрҳои муосир ҷавобгe ва дорои ҷаҳонбинии васеъ яке аз вазифаҳои муҳими зиёиён, бахусус, олимону омeзгорон ба ҳисоб меравд.
Чунон, ки дар боло қайд кардем соҳаи маориф пайваста дар зери таваҷҷуҳи бевоситаи давлат қарор дорад, вобаста ба ин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дониш ва мулоқот бо аҳли маориф қайд карданд, ки устодону омeзгорони арҷманд! Ман ба ҳар яки Шумо, ки рисолати муқаддасу бузурги таълиму тарбияи наслҳои ояндасозро ба дӯш доред, муроҷиат карда, такроран таъкид менамоям, ки дар кадом зинаи таҳсилот фаъолият дошта бошед, дар навбати аввал, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти худ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоед.
Нисбат ба худ ва шогирдонатон серталаб бошед, фаромeш накунед, ки агар Шумо шогирдони худро мутобиқ ба талаботи замонаи пешрафт таълиму тарбия надиҳед, сифати таълиму тарбияро баланд набардоред ва дар ин кори ниҳоят муҳим сахлангорӣ намоед, барои ояндаи миллат, ҷомеа ва давлат мушкилот эҷод мекунед, вақте миллат бесавод мемонад, ҷомеа дар торикӣ мемонад ва ба ҷаҳолат гирифтор мешаванд.
Дар ҷаҳони муосир давлатҳои пешрафта барои ноил гаштан ба дастовардҳои бузург, ба сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавонистанд, ки техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ намоянд. Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии мардум ба соҳаи илму маориф ва боло барошдтани фарҳанги ҷомеа диққати аввалиндарааҷа зоҳир намуда истодааст.
Аз ин лиҳоз барои боз ҳам хубтару бехтар шудани сифати таълим
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 декабри соли 2019 дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040–ро «Солҳои омeзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда, дар ин замина зикр намуданд, ки бо мақсади ҷонок намудани ин масъала ҷалби ҷавонон, наврасон озмуни ҷумҳуриявии таҳти унвони «Илм – фуруғи маърифат» ташкил карда шавад, ки наврасону ҷавонон дониш истеъдод, ва малакиаи хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд гузоранд.
Ҳадафи Пешвои миллат аз ин ташабусҳо дар он аст, ки сатхи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон баланд бардошта шуда, ҳисси миллӣ, ватандустиву меҳанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ, ва омӯхтани забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон дар онҳо бедор шавад.
Ҳамин тариқ зикр кардан зарур аст, ки ҷомеае агар соҳаи илму маорифи босифату замонавӣ надошта бошад пешрафт кардани он ғайри имкон аст. Чунки инсон бедонишу бефарҳанг тарбия ёфт, ҳеҷ вақт кори муфиде, на барои худаш, на барои ҷомеа иҷро карда наметавонад. Баракс, шахси бедонишу бефарҳанг танҳо барои ҷомеа хатар эҷод карда метавонад.
Муаллим – методисти қисми
таълимии факултети № 2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия
Нурализода Ш.Н.