Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛӢ

256Истиқлолият аз муҳимтарин арзиши ормонии миллати тоҷик аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо барои расидан ба он ниёкони мо талошу ҷонбозиҳо намуда, ҷони ҳазорон фарзандони диловари ин миллат дар ин роҳ нисор гардидааст.

Боиси ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар фазои ороми сиёсӣ, сарфи назар аз мураккабиҳои ҷаҳони муосир 32-юмин солгарди Истиқлолияти хешро бо тантана истиқбол менамояд.
Ин ҷашни сарнавиштсоз дар шароите таҷлил мегардад, ки инсоният барои расидан ба ҳаёти осуда, таъмини сулҳу субот ва адолату инсоф талош меварзад. Бинобар ин раванди мазкур, ки маҷрои муайяни худро дар самти шинохти асли фалсафаи хеш муайян накардааст, моро зарӯр аст, ки Истиқлолияти худро дар ин ҳолат чун гавҳараки чашм гиромӣ дошта, бар ивази ҷон ҳам бошад ҳифз намоем. Чунки Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва эътибори ҷаҳонии миллат мебошад. Воқеан, Истиқлолият ва озодӣ дар ҳар давру замон рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат аст.
Қайд намудан зарур аст, ки Истиқлолияти сиёсӣ ва расидан ба Ваҳдати комили ҷомеа, бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар охири саддаи ХХ ва ибтидои асри ХХ1 мебошанд.
Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол бо осонӣ ба даст намеоянд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи начандон дур барои дастёбӣ ба Истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва асили худро аз даст додаанд.
Вобаста ба ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи Истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд (Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён. Китоби сеюм.-Душанбе: Ирфон, С. 28).
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат зикр намудаанд, ки ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи Истиқлолияти Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо нерӯву тавон бахшидааст.
Омӯзиши масъалаҳои Истиқлолияти сиёсӣ дар шароити давлатдории навини Тоҷикистон аҳамияти муҳими илмию назариявӣ ва сиёсию амалиро касб намудааст. Тадқиқу таҳлил ва хулосагирӣ аз раванду ҳодисаҳо низоми оғози раванди истиқлолитяти Тоҷикистон, монеаҳо ва нерӯҳои пешбар, тадқиқи амиқу ҳамаҷонибаи инкишофи он ба предмети махсуси илмҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд.
Масъалаҳои мухталифи истиқлолияти давлатӣ, бахусус масъалаҳои амалияи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсиро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди назари хоса қарор дода, муносибат ва самтҳои сиёсати кабирро ташхис намудааст. Дар суханрониҳо ва баромадҳояш чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар сафарҳои расмию мулоқотҳо дар хориҷи мамлакат, ба масъалаи асосию тақдирсози инкишофи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври махсус дахл намуда, роҳҳои асосию самараноктарини рушди онро ба таври возеҳ ва таҳлили амиқ нишон додааст (Зокиров Г.Н. Истиқлолияти сиёсӣ. – Душанбе, «Деваштич», 2006. С.3).
Бояд қайд намуд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллати тоҷик ифшо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид.
Инчунин, Истиқлолияти давлатӣ дар назди ин миллати фарҳангофар масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди: ҳифзи Истиқлоли давлатию манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва суннатҳои фарҳангӣ, талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба насли оянда интиқоли ин рисолати таърихиро тақозо намуд.
Ҳанӯз дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ миллати худогоҳи тоҷик ба хубӣ дарк намуда буд, ки Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст ва онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш пайгирона бояд ҳифз намуд.
Мутаассифона ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи зарурӣ мавриди қадршиносӣ қарор нагирифт. Талошҳои сиёсии як зумра ашхоси мансабталаб, дахолату ғаразҳои сиёсии нерӯҳои дохиливу хориҷӣ боиси майдоншиниҳои тӯлонии ғайриқонунии мардум гардид.
Шиддати муқовиматҳои сиёсӣ торафт буҳрони сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангиро тезонида, боиси фалаҷ гардидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ гардида, заминаи пайдоиши гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ба дасти мардум афтодани силоҳи ғайриқонунии оташфишон гардид. Ин падидаҳои номатлуб ва барои миллати тоҷик бегона кишвари тозаистиқлоли моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, боиси ҳисороти зиёди моливу ҷонӣ намуд.
Гурӯҳҳо ва нерӯҳои сиёсӣ зикргардида дарк карда натавонистанд, ки ҳадафу арзишҳои Истиқлолият бояд бартару волотар аз ғаразу манфиатҳои сиёсӣ ва шахсӣ қарор дошта, арзиши ин неъмати бебаҳо муқаддас ҳисобида шавад.
Идомаи муқовиматҳои сиёсӣ метавонист хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷикро ба воқеият табдил диҳад. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаи ҳассосу тақдирсоз Иҷлосияи 16 – уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардида асоси давлатдории навинро гузошт, ки идораи он ба души фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари дурандешу сарсупурдаи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид.
Ба арсаи сиёсат ворид гардидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон иттифоқ афтод, ки дар ин раванди ниҳоят мураккаб тавонист бори масъулияти пуштибонии Истиқлолият, таъмини сулҳу субот, амният ва оромии кишварро бар уҳдаи хеш гиранд.
Бояд зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте масъулияти зимомдориро бар уҳда гирифтанд, ки кишвар дар оташи ҷанг месухт ва ба гирдоби нобудӣ фуру мерафт.
Шахсе, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт ва бо талошу иродаи бемислаш давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёт. Дар натиҷа Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат бақои худро таъмин намуд, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд соҳиб гардидааст.
Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, умедворию заковати мардуми бо нанги соҳибтамаддунамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Барқарор гардидани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатиро боз ҳам устувор гардонид ва нури умед ба ояндаи нек дар дили мардум роҳ ёфта, барои гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоидро фароҳам овард.
Маҳз чунин хидматҳои беназири Пешвои муаззами миллат мебошанд, ки баъди ҳазор сол тоҷикон тавонистанд бо номи миллати хеш давлати миллиро бунёд намуда онро ҳифз намоянд. Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистони тозаистиқлол агар дар натиҷаи буҳрони сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ давлати миллии худро аз даст медод, ҳеҷ гоҳ насли имрӯзу ояндаи ин миллату давлат моро намебахшид.
Инчунин, зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист, ки мустақилона тамомияти арзии хешро ҳифз намуда, умедвории ояндаро дар зеҳни шаҳрвандони кишвар ба вуҷуд оварад. Ҳамзамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ системаи фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро мукаммал, барқарор ва бунёд намуд. Барои мисол мо метавонем аз барқарорсозӣ ва бунёди артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар ёдовар шавем. Яъне ҳолати мазкур бе дарназардошти меросбарӣ аз давлати абарқудрати Шӯравӣ ва аз пояи сифр оғоз карда шуд, ки дар ин ҷода низ иродаи қавӣ ва мавқеи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз мебошад.
Масъалаи бунёди мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини Ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди зерсохторҳои Ваҳдати миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Ҳамзамон таъкид намудан лозим аст, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи як миллату давлат маҳдуд набуда, балки фарогири ҷомеаи инсонӣ мебошанд. Барои мисол мо метавонем аз чанд масъалаи муҳим, пеш аз ҳама ҳимояи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ, пешниҳоди ҳалли масъалаи об дар сайёраи инсонӣ, саҳмгирӣ дар таъсиси созмонҳои минтақавӣ, таъмини сулҳу субот ва пешгирии хатари интишори терроризм ва ифротгарои дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шавем.
Имрӯз метавон дилпурона зикр намуд, ки мақому манзалати Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию байналмиллалӣ хело боло рафта, дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ саҳми худро гузошта, ҳамзамон ташаббускор барои рафъи хатароти имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад менамояд.
Дар барорбари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки баҳри пойдории Истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон якқатор чорабиниҳоро аз ҷумлаи азнавсозии тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатиро амали созад.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари ҳама ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ, мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба чунин имтиҳону озмоиши таърихи даҳшатбори миллат, ки ибтидои солҳои 90 уми асри ХХ фаро гирифта буд рӯ ба рӯ гардид.
Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстиву ватандустӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалаҷ гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, милитсияи тоҷик аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд усулан сарпечӣ накард ва дар ин раванди ниҳоят душвор баҳри таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти комили ҷомеаи Тоҷикистон ҷонисориҳои бемисл анҷом додааст. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин ҷода чунин зикр намудаанд. «… ҷасорат ва мардонагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар солҳои барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти канститутсионӣ аз худ нишон доданд, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири халқ зудуда нахоҳад шуд».
Бояд қайд намуд, ки кормандони милитсияи Тоҷикистон дар душвортарин давраҳои солҳои аввали Истиқлолият аз тинҷиву амнияти кишвар пуштибонӣ мекарданд ва ҳамеша дар сафи пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ қарор доштанд. Дар мамлакат даҳҳо ва садҳо гурӯҳҳои хурду калони ғайриқонунии ҷиноятпеша амал мекарданд, ки сулҳу субот ва тинҷии Тоҷикистонро намехостанд.
Ҳамзамон, дар тамоми зинаҳои музокирот ва гуфтушунидҳо баҳри таъмини сулҳ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз иқдомҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, дар роҳи пиёда намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат пайваста талош варзидаанд. Илова бар он, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар сангарҳо алайҳи олами ҷинояткорӣ мубориза мебурданд, дар раванди музокирот ва минбаъд фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар ҳаллу фасли бисёр масоили сарбастаю мураккаби раванди оштии миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ин муддат новобаста аз шароити душвори иқтисодиву молиявӣ, нарасидани маош, хӯрока, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ, таъмини ночизи моддию техникӣ, инчунин ҳолати вазнину хатарнок, пуршиддату буҳронии рӯҳию ҷисмонӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, баҳри расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолият, ва суботи комили ҷомеа ҷасорату мардонагӣ нишон дода, дар ин роҳ ҷони беш аз 2000 нафар кормандони худро аз даст додаст, ки албатта имрӯз ёди онҳоро бо неки ба забон оварда, барои насли имрӯзи милитсияи тоҷик намунаи ибрат мешуморем.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки замони мураккаб гардидани вазъияти сиёсӣ, ягона унсуре, ки ҳамеша баҳри амалӣ гардонидани ниятҳои нопоки хеш оғоз менамоянд гурӯҳҳои ҷиноятпеша мебошанд. Яъне бо ҳар роҳу восита мехоҳанд то, ки ҳаёти осоиштаи мардумро мушкил гардонида, қишрҳои тангназар ва маҳдуди ҷомеа ва пеш аз ҳама ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреб кашида, барои худ ва манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии хеш нафъ ба даст оваранд. Албатта ҳаводиси сиёсии солҳои ибтидои Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли равшани гуфтаҳои мазкур буда метавонад.
Ҳамзамон, мақомоти корҳои дохилӣ дар ин солҳои мудҳиши таърихи миллат, бо падидаҳои нави ҷинояткорӣ аз ҷумлаи терроризм, ифротгароӣ, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, коррупсия, ҷиноятҳои вазнини бо истифода аз яроқи оташфишон ва ғайраҳо рӯ ба рӯ гардид, ки дар замони пешин ба чашм намерасиданд.
Албатта, ҳамаи ин омилҳо дониш, маҳорату малака, кордонӣ, андешидени чораҳои нав ба нави фаврӣ, интихоби роҳу усулҳои нави мубориза, таъсиси шуъбаву раёсат ва ҷузъу томҳои нав ба навро дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва қабули меъёру санадҳои ҳуқуқиро тақозо дошт, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохилӣ аз уҳдаи он низ сарбаландона баромада, имрӯз ба як сипари боэътимоди миллату давлат ташаккул ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳарчанд 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида бошад, ҳам ҳамоно вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ мураккаб буд. Ҳанӯз дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дастаҳои силоҳбадасти муташаккили ғайриқонунӣ мавҷуд буданд, ки тинҷиву осудагӣ ва сулҳи саросарии кишварро намехостанд ва бо дастгирии молиявию даъватҳои душманони ҳориҷии миллати тоҷик амалҳои зишту бедодгарона ва ҷинояткоронаи хешро идома медоданд.
Дар ин раванд, мақомоти корҳои дохилӣ сарфи назар аз мураккаб боқӣ мондани фаъолияти касбияш баҳри таъмини сулҳу субот, таҳкими Истиқлоиляти давлатӣ ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ аз тамоми захираву имкониятҳои хеш истифода бурда, дар сафи пеши мубориза қарор дошт.
Дигар падидаи нодире, ки дар раванди сиёсати сулҳофарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон таъсис дода шуд, Комиссияи оштии миллӣ буда, ҳадафи асосии он тадбиқи амалии талаботи ҳуҷҷатҳое, ки дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ба имзо расида буданд ба ҳисоб мерафт. Коммисияи мазкур тавонист то соли 2000 фаъолияти пурсамари хешро ба роҳ монда дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, устувор гардонидани ҳаёти иҷтимоии мардум ва умуман таъмини адолати иҷтимоӣ, ки асли фалсафаи сулҳро ташкил медиҳад ҳизмати арзанда анҷом диҳад. Албатта, тибқи вазифа ва уҳдадориҳои Комиссияи зикршуда, ки фарогири масъалаҳои сиёсию низомӣ ва ҳуқуқиву муҳоҷирин буданд, дар ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро аз ҷумлаи реинтегратсияи (реинтегратсия калимаи лотинӣ буда, дар ин ҷо ба маънои шомил кардан, пурра кардан, муттаҳид кардани нерӯҳои мусаллаҳи опозитсиони тоҷик ба қувваҳои ҳукуматӣ), размандагони иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, шомили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ намудани онҳо, гузаштан аз камиссияи тиббӣ, халъи силоҳ ва дигар масъалаҳои иҷтимоиро ба сомон расонидаанд, ки дар ҳама ин равандҳои зикршуда милитсияи тоҷик фаъолияти пурсамар анҷом додааст.
Ҳамзамон, милитсияи тоҷик дар таъмини амнияти аъзои Комиссияи зикршуда, пеш аз ҳама намояндагони фаъоли раванди мазкур аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ, хосатан иштирокчиёни бевоситаи ҷонибҳои раванди амалигардонии талаботҳои Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварро бар уҳда доштанд.
Дар воқеъ ба кормандони милитсияи ҳамон давра чандон осон набуд. Онҳо мебоист ҳам гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпешае, ки сулҳу оштии миллиро қабул надоштанд безарар мегардониданд ва ҳам барои тантанаи сулҳу суботи сартосарии кишвар мусоидат менамуданд. Хусусан барои он кормандоне мушкилтар буд, ки дар минтақаҳояшон ҷараёни реинтеграсияи нерӯҳои иттиҳоди мухолифини тоҷик сурат мегирифт. Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва гурӯҳи ноҳияҳои Рашт бошанд дар ҳолати пурзӯри хизматӣ ва реҷаи пуршиддати корӣ хизмат мебурданд. Баъзе хизматчиёни силоҳбадаст ва ё гурӯҳи алоҳидаи иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки гузаштаи шубҳаноку ҷиноятҳои вазнин доштанд, ба талаботҳои намояндагони ҳукуматӣ гӯш намекарданд.
Баъзе саркардаҳои дастаҳои мусаллаҳи саркаш бошанд сулҳу салоҳро нахоста, ба дастурҳои Комиссияи оштии миллӣ гӯш надода, ҳамлаҳои роҳзанона, дуздию ғоратгарӣ, амалҳои терраристӣ содир карда, вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва криминогении ҷумҳуриро тезу тунд мегардониданд. Маҳз дар ҳамин давра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро дар хатар гузошта, шабу рӯз баҳри тинҷиву осӯдагии кишвар бо ин дастаҳои ҷинояткор дар набард буданд.
Воқеан, аз лиҳози таҳлили вазияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба даҳаи аввали Истиқлолияти кишвар бингарем, мебинем, ки тамоми кӯшишу талошҳои давлату Ҳукумат, хосатан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри берун кашидани ҷомеа аз вартаи ҳалокат ва расидан ба сулҳи деринтизор сарф гардида, танҳо баъд аз солҳои 2000 раванди бевоситаи созандагӣ дар кишвар оғоз гардидааст. Аммо барои милитсияи тоҷик бошад давраи мазкур низ даврони рӯ ба рӯ гардидан бо чандин ҳаводису рӯйдодҳои дохилӣ мебошад, ки мисоли равшани он ҳодисаҳои солҳои охир ва дигар амалиётҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри безараргардонии унсурҳои ҷинояткор ва таъмини осудагиву амнияти миллӣ дар кишвар буда метавонанд.
Имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот пеш аз ҳама он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар, ҳарчӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад. Ҳамзамон, мақсад он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ватандӯсту ифтихорманди ин миллат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошанд. Чунки падида ва зуҳуроти муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумлаи гаравиши қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан баъзан ҷавонони ноогоҳ ва маҳдуд ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, ки натанҳо Тоҷикистон балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, моро водор менамояд, ки ҳарчи бештар андеша намуда, арзишҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар ҳамраъйиву ҳамдастӣ бо нерӯ ҳои солими ҷомеа ватанамонро обод намоем.
Бояд иқрор шуд, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар дар 32 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мураккабиҳои фаъолияти касбӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардида, имрӯз ба як мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд. Вале, ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин дилпуру хотирҷамъ бошем. Зеро, ҷинояткории имрӯза, ки шаклу зуҳуроти нав ба нав пайдо намудааст, инчунин авзои сиёсии мураккабу хатарҳои минтақа моро водор месозанд, ки лаҳзае фориғ нагашта, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Метавон иброз намуд, ки имрӯзҳо милитсияи Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамоянд, то ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа, як қатор чорабиниҳоро аз қабили корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкили конференсия ва мизҳои мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, барномаҳои махсуси телевизионӣ, вохӯриҳо ва суҳбатҳоро бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, хосатан ҷавонон оиди таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, таблиғи ахлоқи ҳамида ва ҳамкориро бо аҳолӣ ба роҳ монда, масъулияти хешро дар назди миллату давлат сарбаландона иҷро намоянд.
Мехоҳам бори дигар зикр намоям, ки бо вуҷуди рушди бесобиқаи илму техника, ки далели сатҳи баланди маънавиёти инсонӣ мебошад, ҳамзамон асри муосир чандин хатару таҳдидҳоеро низ бо худ дорад, ки барои рафъи онҳо ва эмин нигоҳ доштани пояҳои истиқлолият ва амнияти кишвар талошу заҳмати шабонарӯзии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, алалхусус мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд.
Бархурди манофеи геополитикии абарқудратҳо боиси он гардидааст, ки ҳар лаҳза роҳу равиши идораи давлатҳо тағйир ёфта, пешомади зиндагии осудаи инсонӣ зери таҳдиду хатарҳо боқӣ монад. Яъне равшантар агар ба умқи масъала назар андозем, номуайянӣ дар идораи имрӯзи ҷомеаи инсонӣ аён буда, манфиатҷӯии баъзан кишварҳо низ асоси идораи имрӯзи ҷомеаи башариро ташкил менамояд.
Аслан манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат, зиддияти байни давлатҳо боиси он гардидааст, ки дар олам ҳар гуна хатару ҳодисаҳои мураккаб ба амал оянд. Аз ин рӯ, асри XXI-ро мушкилот ва таҳдидҳои гуногуни ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза метавонанд хосияти манфии худро ба оламиён маълум созанд.
Таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ, таъсири манфии худро на ин ки ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд.
Мушкилоти асосии солҳои охирро таҳдидҳои навини олам ташкил медиҳанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо‚ пеш аз ҳама‚ терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, бемориҳои сироятӣ, қашшоқӣ, масоили экологӣ, хариду фурӯши одам, касалиҳои сирояткунанда ва дигар масъалаҳо дохил мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки агарчи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани чунин хатару таҳдидҳо кӯшишҳо намуда истодааст, вале пурра аз байн бурдани чунин хатару таҳдидҳо ғайриимкон аст. Илова бар ин‚ таҳдидҳо дар ҷаҳон сол то сол афзоиш ёфта, амнияту оромии сокинони оламро халалдор месозанд.
Аз ин рӯ метавон зикр намуд, ки мо имрӯз дар марҳилаи ҳассос қарор дорем, ки аз ҳарвақта дида ба таъмини амният, ҳифзи асосҳои истиқлолият ва суботи комил бештар ниёз дорад.
Таъмини амнияти миллӣ имрӯзҳо муҳимтарин бахш дар раванди бунёди давлатдории миллӣ ҳисоб меёбад. Ҳифзи ҳама арзишҳои милливу давлатӣ ба амнияти ҷомеа алоқаманд мебошанд. Бинобар ин таъмини амнияти кишвар ва ҳифзи тамомияти арзии он омили меҳварии истодагарӣ намудан дар рӯёрӯи таҳдидҳои имрӯзи ҷомеа мебошад.
Имрӯз замоне фароҳам омадааст, ки вожаҳои муқаддаси давлатдории навини миллати сарбаланди тоҷик аз ҷумлаи Истиқлолият ва Ваҳдатро чун унсури фарҳанги миллӣ дар зеҳнияти шаҳрвандон, хосатан ҷавонон ҳарчӣ бештар тақвият бахшем. Чунки таблиғи чунин арзишҳо ва муаррифии дастовардҳои замони Истиқлолият яке аз омилҳои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба муқаддасоти кишвар мебошад.
Албатта, дар рӯзгору ҷомеаи мо мушкилоти ҳалталаб вуҷуд доранд, аммо муҳим он аст, ки мо аз мушкилоти пешомада дар ҳарос набошем, корҳои ободониву созандагиро дилпурона идома бахшем, барои пешрафту шукуфои ватани азизамон содиқона хизмат намоему Истиқлолият ва дастовардҳои онро таҳким бахшида, ҳифз намоем. Бо назардошти ин, аз ҳар фарди бо нангу номус ва ватандӯсту ватанпараст тақозо мегардад, ки бо иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи худ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо эҳсоси масъулият ва ифтихор аз давлату давлатдории милати куҳанбунёдамон ва бо истифода аз тамоми имконияту сатҳи дониш ва маҳорату малакаи худ пешрафту ободии Тоҷикистонро ба таври арзанда таъмин намоем.
Итминони комил дорем, ки мардуми шарифу заҳматталаби тоҷику тоҷикистонӣ, бо шукронаи давлати озоду соҳибистиқлол, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушкилоти ба вуҷуд омадаро бо азму иродаи қавӣ ва кору фаъолият баротараф намуда, баҳри суботи сиёсӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, инчунин зиндагии осудаи ҳар хонадони тоҷик ва тоҷикистонӣ хизмат менамоем.

Самиъзода Бахтиёр Салим, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...