Нақши Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва таҳкими Тоҷикистони соҳибистиқлол
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилали муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек усуворона қадам гузоранд. Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. Имруз истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маъориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғ. ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.
Истиқлолият маънои мустақилиятро дорад. Асосан калимаи «Истиқлолият» ба мардум ё давлат мутааллиқ аст ва калимаи «Мустақилият» бошад ба ягон одам ва ё вазифаи ин ё он кас.
Истиқлолият доштан маънои онро дорад ки давлат ё мардум (халк) новобаста аз қарор ё фикри дигар давлату халқиятҳо хулосаву ҳаракатҳои худро мустақилона қабулу амалӣ месозад.
Истиқлолиятро асосан давлатҳо барои худ бо мақсади ҳифз ва тараққӣ додани боигарии милливу ҳудудиашон истифода бурданӣ ҳастанд. Ба сифати боигарии миллӣ ин забони миллӣ, шумораи аҳолӣ, иқтисодиёт ва пули миллӣ, фарҳанг ва санъат ва ғайраҳо мебошанд.
Истиқлолияти давлат имрӯзҳо асосан аз ҷониби якчанд давлатҳо пазируфта шуданаш хело муҳим аст ва барои ҳамин ҳам фикри ҷомеаи беруна ниҳоят зарур аст барои Истиқлолияти комил доштан. Агар давлат Истиқлолияти худро бо эътирофи дигар давлатҳо дошта бошад дар тарраққӣ кардани ин давлат заминаи мустаҳкам мавҷуд аст ва агар эътирофи кишварҳои зиёдро надошта бошад пас ба мубталои ҷангу кашамакашиҳо дарафтоданаш эҳтимолияти зиёд дорад.
Зери мафҳуми мустақилият асосан озодии як фард ё оиларо дар назар доранд. Масалан агар оила ба хонаи алоҳидаи худ соҳиб шаваду соҳиби даромаду хароҷоти шахсӣ дошта бошад ва бе иҷозату розигии дигарон хоҳишу амалҳояшро ба сомон расонад, пас чунин касро мустақил меноманд. Умуман калимаи мустақилиятро то солҳои 1995 ҳамчун Истиқлолият маънидод мекарданд, вале солҳои 2000-ум пас мафҳуми мустақилияту истиқлолият алакай алоҳида ва гуногун маънидод мешуданд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Ватани маҳбуби мо дар соҳаи илми тиб ва дорусозӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола дар Донишгоҳҳои тиббии худ олимону мутахассисон ва донишмандони зиёдро дар ин самт тайёр мекунад, зеро чуноне ки мегӯянд “Саломатии миллат боигарии давлат аст”. Ба ҳамаи ин нигоҳ карда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустиро ҳамчун соҳаи афзалятнок таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор додааст. Сулҳу Ваҳдат аст, ки 1-уми сенябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам бештару бештар ривоҷу равнақ додани соҳаи тандурустӣ ва илми тиб ва ҷиҳати беандоза будани довталабон дар ин самт боз як бинои наву замонавӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пас мо ҷавононро месазад, ки ба қадри ин ҳама ғамҳориҳои Ҳукумати кишвар расида, дар ин сарзамини сулҳофарину соҳибистиқлол бо сари баланд, бо дониши хубу аъло таҳсил намуда, ҳамеша ҷиҳати ободиву озодии ин сарзамини биҳиштосову соҳибистиқлол саъюу кӯшиш намоем.
Истиқлолият ормони абадии ҳар як миллати худшиносу худогоҳ буда, таконбахшандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, муаррифгари он ҳамчун миллати соҳибдавлат ва соҳиби марзу буми мустақили худ баромад намуда, имконияти таърихиро баҳри рушди бонизому мустақилонаи он фароҳам меоварад. Тавассути соҳибистиқлолӣ миллатҳо имкон пайдо мекунанд, ки фарҳангу тамаддуни худро тақвият бахшида, нақши босазои худро дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ гузоранд. Ин аст, ки таърих борҳо шоҳиди муборизаҳои хунин баҳри ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби миллатҳои гуногун гаштааст. Шаҳди истиқлолият миллатҳоро ба корзори шадидтарин бархӯрдҳо кашидааст, бо вазнинтарин шикастҳо рӯ ба рӯ сохтааст. Вале ин ҳама дар назди истиқлолияти комил рӯйдоде беш нест, зеро он ба миллатҳо имконияти мустақилона муаррифӣ намудани худ, тақдирсози зиндагии худ шудан ва соҳибватаниро фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, месазад, ки баҳри таҳкими он талош варзида, дар ҳассостарин лаҳзаҳо аз он бо арзиши ҷони худ дифоъ намуд.
Давлатдории миллӣ дар пояҳои гуногун метавонад устувору пойдор гардад. Ба сифати чунин омилҳо пешрафти иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои фарҳангию маънавиро метавон арзёбӣ намуд. Дар баробари ин ҳама, фаромӯш набояд кард, ки ба даст овардани ҳамаи ин мақсадҳо танҳо ва танҳо дар заминаи ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати сартосарӣ имконпазир аст, зеро ваҳдат маҳз ҳамон заминаест, ки ба ҳам омадани шахсиятҳоро таъмин намуда, фаъолияти минбаъдаи онҳоро дар самти ҳалли масъалаҳои мавҷуда роҳнамойӣ менамояд. Ваҳдат омилест, ки тавассути он суботи сиёсӣ таъмин гашта, дар давлат шароити мусоид баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Аз ин нуқтаи назар, ваҳдатро метавон бо боварӣ асоси пешрафти ҳама гуна ҷомеа ва давлат арзёбӣ намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз ҳама арзиши сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагиро эҳсос менамояд, зеро таҷрибаи талхи таърихии на он қадар дури мо собит намуд, ки раванди бунёди давлатдории миллӣ ҳаргиз раванди орому босубот нест. Омилҳои гуногуни дохилию хориҷие мавҷуданд, ки метавонанд дар ҳар як лаҳза рушди бонизомро халалдор намуда, дар ин роҳ монеаҳои зиёде бунёд намоянд. Ин монеаҳо метавонанд монеаҳое бошанд, ки мавҷудияти минбаъдаи давлатро зери хатар гузоранд. Аз ин нуқтаи назар, доимо бояд дар назар дошт, ки таъмини ҳамбастагӣ ва робитаи зичу ногусастании байни ҳокимият ва мардум метавонад садди бузург дар пеши роҳи ҳама гуна амалҳои ғаразноку манфиатхоҳона гардад.
Чун имрӯз ба раванди соҳибистиқлолии давлат назар меафканем, мебинем, ки он маҷрои пурталотумеро дар як баҳри бекарони истиқлолхоҳӣ мемонад. Дар баҳри бекарон, ки пайдоиши таҳдидҳо дар ҳар як лаҳза имконпазир аст ва роҳбарии сиёсатмадореро тақозо менамояд, ки қудрати идоракунӣ, масъулият, нотарсӣ ва ҷасорат дошта бошад. Фаромӯш набояд кард, ки рӯҳияи баланди сарвари сиёсӣ қодир аст ба рӯҳияи ҷомеа таъсири қавӣ расонида, онро барои ба даст овардани мақсадҳои гузошта роҳнамо бошад. Рӯҳияи лидерӣ ҳамон рӯҳияест, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо шикаста намешавад, баръакс, метавонад дар умқи ҷомеа боварию эътимодро баҳри пирӯзиҳо ҷой намояд. Миллати тоҷик ҳанӯз фаромӯш накардааст, ки дар кадом вазъ Президенти мамлакат роҳбарии давлатро ба уҳда гирифт. Ин як вазъияте буд, ки ноумедӣ тамоми ҷомеаро фаро гирифта, мардум фақат барои ҳамон рӯзе, ки буданд, мезистанд, зеро намедонистанд, ки фардо онҳоро чӣ интизор аст. Вазъе буд, ки падар ба писару писар ба падар боварӣ надошт, зеро хиёнату сиёҳкорӣ сари ҳар як қадам ба миён меомад. Вазъе буд, ки тарси ҷон мардумро сарсону саргардон ба кишварҳои гуногун карда буд. Дар чунин вазъият фақат бо кору пайкори амалӣ, сарсупурдагӣ, азхудгузарӣ, ҷасорат ва далерӣ сарвари сиёсӣ метавонист рӯҳияи ҷомеаро баланд, иродаашро қавӣ ва умедашро ба фардо устувор гардонад. Имрӯз бошад, бо гузашти муддати муайян мо бо ифтихор ва эътимоду қаноатмандӣ аз сарварии Президенти кишвар гуфта метавонем, ки устод Саид Мирзо Шариф дар китоби худ бо номи «Пешвое неъмату лутфи Худост» бо мантиқи баланд навиштааст:
Як замоне шуд парешон ҷумла қавм,
Ҳар яке афтода дар гирдоби ғам.
Тиррарӯзӣ бар сари тоҷик расид,
Офтоб аз дуди ғам шуд нопадид.
Хонаи тоҷик макони оҳу воҳ,
Ҷумлагӣ афтода дар ҳоли табоҳ.
Тифлаке ташна ба дидори падар,
Ҳам падар бар ёди тифлаш хунҷигар.
Чун бародар бо бародар шуд ба ҷанг,
Макри душман ҳарду дилро карда санг.
Чанд ҳазоре аз ватан афтода дур,
Заҳмати ғурбат рабуд аз дида нур,
Хоки афғон шуд мазори тоҷикон,
Тоҷики фирории дур аз макон.
Тоҷики ошуфтаҳолу хастадил,
Тоҷики аз зиндагонӣ шуста дил.
Тоҷики дар ёди он рӯзи сафед,
Тоҷики аз умри ширин ноумед.
Тоҷики хуфта ба дил сад ормон,
Тоҷики саргаштаи бехонумон.
Тоҷики аз дида ашку хун равон,
Тоҷики гумноми беному нишон.
Тоҷики дар ҳасрати руйи Ватан,
Тоҷики афтодарӯҳи беватан.
Роҳи баргаште аён дигар набуд,
Яъсу навмедӣ ба дил аз сар намуд.
Ашки ғам мерехту месухт ҷисму ҷон,
Аз фироқи дӯстони меҳрубон.
Гӯшаи вайронае афканда cap,
Модаре дилхаста бо чашмони тар.
Модаре дар ёди тифле хунҷигар,
Модаре гумкарда ҳам нури басар!
Модаре дар кисвати мотам бараш,
Модаре ҳоли азо ҷо бар сараш.
Модаре мурда ба дил садҳо ҳавас,
Модаре они Ватан мегуфту бас.
Модаре аз қисмати хеш ноумед,
Модаре ларзон танаш чун барги бед.
Аз Худо, мегуфт: «Ай Парвардгор,
Раҳмати хешро ба рӯйи мо бибор.
Аз Ватан дур бе сару сомон шудем,
Аз фироқи бекасӣ нолон шудем.
Бекасу бесоҳибу бесарпаноҳ,
Ҳамдаму ҳамрози мо шуд оҳу воҳ.
Аз сари мо ин балоро дур соз,
Ғам зи мо дур, дидаҳо пурнур соз.
Шуд мақбули ҳақ дуои модарон,
Оҳи пурсӯзу гудози модарон.
Кохи Арбоб шуд макони адлу дод,
Адлу доде дидаҳоро карда шод.
Раҳмате аз ҷониби Парвардгор,
Дарди миллатро расид он ҷоннисор.
Як ҷавонмарде қадам монда ба чил,
Ошиқи халқу ватан аз ҷону дил.
Бо шуҷоат, бо матонат, бо виқор,
Тоҷики фарзонаи бонангу ор.
Шоҳи мардон, оли Раҳмон исми ӯ,
Фикри миллат дар хаёлу ҷисми ӯ.
Назди Парчам cap ба таъзим оварид,
Меҳри фарзандӣ ба тақдим оварид.
Бо қасам, бо шири поки модараш,
Бо қасам, бо обу хоки кишвараш.
Бо қасам, бо қалбу бо ҷони ҷавон,
Бо қасам, бо Холиқи кавну макон,
Ёд намуд аз шири поки модараш,
Ёд намуд аз обу хоки кишвараш.
Ёд кард аз қалбу ҳам ҷони ҷавон,
Ёд кард аз Холиқи кавну макон.
Аввалин қавле, ки омад бар забон,
Бар Ватан овардани фирориён.
В-он дигар эҳёи мулки тоҷикон,
Ваҳдати пойдору сулҳи ҷовидон.
То набинам шодиҳои кӯдакон,
То ба гӯш н-ояд суруди модарон.
То набинам хандаи пиру ҷавон,
Серию пурии ҳар як хонадон.
То наорам сулҳу ваҳдат бар Ватан,
Дон, ки осуда наям, ай ҳамватан!
Мақсаду армон бошад инчунин,
Сулҳу ваҳдат офаридан бар замин.
Ҳар қадам афтода дар зери фишор,
3-он бадахлоқони беномусу ор.
Бо таҳаммул буду бо сабру қарор,
Азми дилро ӯ набигзошта канор.
Меҳри ӯ бо набзи дилҳо ҳамсадо,
Шӯълаи гарме ба сина гашта ҷо.
В-он ҳама андӯҳу ғам рафт аз миён.
Гармие пайдо шуд андар мағзи ҷон.
Баъди солҳои ҷудоӣ аз Ватан,
Нерӯе омад ба ҷисму ҷону тан.
Ёди халқу кишвар андар ин макон,
Шӯъла мезад бар дили пиру ҷавон.
Якдилу ҷон пайрави Сарвар шуда,
Аз ғарибӣ ҷониби кишвар шуда.
Бар ватан омад фирорӣ cap ба cap.
Зиндагӣ аз сар бишуд ранги дигар.
Марди таърихӣ ба олам буд, ки ӯ,
Бо тамаддун менамудӣ гуфтугӯ.
Баҳри ислом аз Миллали муттаҳид,
Бо санад мегуфт сухан чун муҷтаҳид.
Ӯ дифоъ аз ҳар мусалмон менамуд,
Ӯ дифоъ аз дину имон менамуд.
Мазҳабу дини шарифро бовиқор,
Тоза карда, аз ҳама қасду тирор.
Қатлу кушторро зи ислом бесадо
ҳамчу мӯе аз хамир карда ҷудо.
Кист «терорист”? Ҳамонест бе ватан,
Бе дину бе мазҳабу гӯру кафан,
Лаъни халқу волидайн андар замон,
Хор бодо, нафси ӯ дар ду ҷаҳон.
Гар ба таърихи башар сози назар,
Хору зор ёбӣ ҳама аҳли ҳунар.
Хотири озурда гашта хунҷигар,
Хаставу ранҷуру бе хонаву дар.
Рӯдакиро буд ашъоре ҳазор,
Балки сездаҳ раҳ шумурдан сад ҳазор.
Панду ахлоқу қасоиду ғазал,
Қитъаю шеъру рубоию масал.
Панду ахлоқаш ба дилҳо ҷо гирифт,
Подшоҳи шуаро ӯ ном гирифт.
Даври пирӣ чун варо бин хор шуд,
Оҷизу беқадру ҷонбезор шуд.
Гарчи Фирдавсӣ миёни мардумон
Ганҷи ноёбе гузошт аз худ нишон.
Заҳмати сӣ солу пан(ҷ) соли дигар,
Ки варо бинвишта бо хуни ҷигар.
Заҳмати шоир, вале хайре нашуд,
Назди султон «Шоҳасар» қадре нашуд.
Ғазнавӣ баръакси ҳол амре намуд,
Қасди пайдо кардани вайро намуд.
Он Ҳакимро арчи зуд пайдо кунед,
Дар Қудуми фили масте ҷо кунед.
Бӯалӣ султону пири ҳозиқон,
Opифу олим ба ҳар давру замон.
Гарчи буд пири Ҳакимӣ шарқ замин,
Ҳеч набуд ором дар руйи замин.
Носири Хусрав ҷудо шуд аз ватан,
Булбули масти сухан рафт аз чаман.
Ҳикмати ӯ чун ба дилҳо ҷо гирифт,
Киммати лаъли Бадахшонро гирифт.
Оқибат бигрехта аз даври замон,
Дараи Юмгон ба худ карда макон.
Бӯҳанифа соҳиби аҳкоми ҳақ,
Зулми Мансур ҷони ӯ карда рамақ.
Оқибат бо сӯзу созу ҷабру дод
Андар он зиндони Мансур ҷон бидод.
Ё Ҳилолиро нигар болои дор,
Ҷон супурд аз зарби чӯбу сангу хор.
Дар ғариби ҷон бидод мискин Камол,
Сина моломоли дарду хаста ҳол.
Лаҳзае, ки ҷони ӯ мерафт зи тан,
Ӯ Ватан мегуфту мегуфт ӯ Ватан.
Чашми ибрат баркушо, ай ҷони ман,
Боғи ирфонро нигар дар хони ман.
Аҳли илму маърифат якҷо шуда,
Тозагулҳои наве пайдо шуда.
Шеъру шоир дар ватан обод бувад.
Гуфтани шеъру сухан озод бувад.
Шукри он шоҳи халоиқпарварам,
Ҳомии фарҳангу шоирпарварам.
Аҳли илме, ки будан(д) дур аз Ватан,
ҷумларо хонда фаро ӯ бар Ватан.
Ҷашни ирфон, орифони тоҷикон:
Носири Хусрав, Алии Ҳамадон.
Рӯдакию Ҷомию Шайхи Камол,
Туғралу Мавлои Балхӣ баркамол.
Рӯҳи Имоми Аъзамро шод кард,
Мазҳаби ёдрафтаро обод кард.
Нашри Қуръон бо забони тоҷикон,
Афзали хайр асту ҳам хайри равон.
Шомили панҷ сад мусалмони ҷаҳон,
Гашта бо амри Карими ломакон.
Ҳаҷи Акбар чун насиб омад варо,
Вориди Каъба шуда, кард ин дуо:
«Ай Худованди карими бениёз,
Тоҷикистони маро осуда соз.
Дар паноҳи худ нигаҳ дор кишварам,
Миллату в-он мулки зебоманзарам.
Хотири халқи азизам шод кун
В-аз ҳама ранҷу алам озод кун».
Сарвари моро Худованд ёр шуд,
Ҳар куҷое монд қадам гулзор шуд.
Рушди Хатлону Зарафшонро нигар,
Суғду Рашту ҳам Бадахшонро нигар!
Аз қудуми сарвари Соҳибназар,
Ҷаннатосо, Тоҷикистонро нигар!
Се ҳадаф омад сари паймони мо,
Боиси рушноӣ андар шоми мо.
Раҳ кушодан буд яке, роҳи хами ҳаёт,
Роҳи бахту шодию роҳи наҷоот.
Роҳи васли порчаҳои ин ватан,
Роҳи Ваҳдат, роҳи васли ҷону тан.
В-он дигар бунёди боғу роғ дар он,
Кишткорӣ ғаллаву ҳам рушди он.
Амният ҳам ҳифзи озуқа ҳамин,
Ҳосили аъло гирифтан аз замин.
Файзи "Роғун"-ро нигар пеши назар,
Равнақу шодӣ аз он дорад гузар.
Нури гарму равшанӣ дар хонадон,
Боиси хушҳолии пиру ҷавон.
Се ҳадаф омода, шуд анҷоми кор,
Ҳар якеро гашта ёр авҷу барор.
Шуд мунаввар роҳи бахти тоҷикон,
Тоҷикистонро шинохт халқи ҷаҳон.
Сулҳу ваҳдат бар забону ҷони мо,
Гашта ширин чун асал дар коми мо.
Нури ваҳдат равшанӣ бахшида ҷон,
Хуррамӣ оварда ба ҳар хонадон.
Ваҳдати миллат наомад саҳл ба даст,
Он қадар фарзонаҳо рафта зи даст.
Буд яку танҳо дар он рӯзҳои сахт,
«Ҷумла аъзои ҳукумат баста рахт».
Дар гурез афтода аз тақдиру бахт,
Фикри бозгаште набуд бар пойтахт.
Иддае аз мардуми бенангу ор,
Зиндагиро менамудан(д) беқарор.
Бо фиребу ваъдаҳои пучу хом,
Миллати хешро кашида сӯйи дом.
Фитнакорон аз пайи озори ӯ,
Кина дар дил аз пайи терори ӯ.
Нақши нопоке кашида рӯзу шаб,
Қасди ҷони Сарвари олинасаб.
«Бори каҷ, аммо ба манзил нарасид»,
Нохудои бад ба соҳил нарасид.
Гарчи захме ёфт дар пояш ил(л)ат,
Захми ӯ не, балки вай захми мил(л)ат.
Нафрати мардум аз ин боло гирифт,
Дар бари сарвар яко-як ҷо гирифт.
Иттифоқи диду шод гашта аз ин,
Гуфт: «Ба мо бошад Худойи оламин».
3-ин ҳама дар дил варо тарсе набуд,
Дар ҷасорат мисли ӯ марде набуд.
Миллати тоҷику сулҳи тоҷикон,
Муждаи нек офарид аз Толиқон.
Дарраи Хосдеҳ яке зебо макон.
Сарвари моро бишуд як имтиҳон.
Аз барои машварат таъйин шуда,
Бе кафолат ҳам ба он яқин шуда.
Хотири сулҳу субот з-ин имтиҳон,
Заррае тарсе надошт ӯ дар ниҳон.
Чархбол аз байни кӯҳҳо дар само,
Чун сафина ҳар тараф мекард шино.
Гаҳ садои тиру гаҳ таркиши бомб,
Нури хуршедро фурӯ мебур(д) чу шом.
Дар камин истода аз баҳри шикор
В-он сияҳкорони беномусу ор.
3-ин ба таҳлука фитода ёварон,
Таклифи бозгаш(т) ниҳода дар миён.
Қотеъона гуфт: «Он марди Худо,
На, намегардем, аз ин раҳ мо қафо.
«Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем».
Модари фарзона доим бо дуо,
Рӯ ба сӯйи Холиқи арзу само.
Дар набарди зиндагӣ ҳамчу сипар,
Ҳифзи Ӯ мекар(д) дуо аз шӯру шар.
Чун фуруд омад Сарвар бар замин,
Гуфт: «Аҳмадшоҳи Масъуд, Офарин!!!»
Хайра мақдам, ай ҷавонмарди шуҷо(ъ),
Нури дида, тоҷи cap, сад марҳабо.
Оғӯши гарме намуд во баҳри дӯст,
Сулҳу ваҳдат бар забон омад нахуст.
«Ман имрӯз роҳбари давлати Шуморо дидам, ки он ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред!» (Аҳмадшоҳи Масъуд).
Ҳамчунин устод Раббонӣ зи ҷон
Гуфт: “Муборак сулҳу бахти тоҷикон!
Аҳсанат бодо, ҳазорон офарин!
Тухми ваҳдатро бикиштӣ бар замин...”.
Як ҳазору як саду ҳафтоду як,
Рӯзу шаб бигзашта кор шуд як ба як.
Ҳашт музокироту бист суҳбат гузашт,
Файзи ваҳдат бар дилу дида нишаст.
Заҳмати сесола дод охир самар,
Шодӣ омад бар дили шамсу қамар.
Шӯълавар гардида ҳар як хонадон.
Аз чароғи Ваҳдату аз файзи он,
Мерасад акнун аз наздику дур,
Ҳамсадои зиндагӣ савту сурур.
Шодию хушҳолиҳои зиндагӣ,
Сулҳу ваҳдат маншаи осудагӣ.
«Зиндагӣ осуда гашт, обод шуд,
Умр ширин гашта, дилҳо шод шуд».
Тоҷикистон, манбаи оби зулол.
Обу рӯшноӣ атои Зулҷалол.
Таклифи даҳсолаи баҳри амал.
Шуд пазиро ҷониби байналмилал.
Об барои рушду- рушди устувор.
Халқи оламро бишуд сармашқи кор.
Тоҷикистон! Кишвари нуру сафо,
Кишвари оби зулоли мусафо.
Кишвари дарҳои озод дар замин,
Кишвари меҳмоннавози нозанин.
Тоҷикистон ифтихору бахти мост,
Пешвоӣ неъмату лутфи Худост...
«Ҳар валиву ҳар набиро маслакест,
Лек то ҳақ меравад, ҷумла якест».
Тоҷикистон, ҷовидон бо Сарварат,
Пешвои миллату тоҷи сарат!
Нури Истиқлол дурахшон бар раҳат,
Халқи олам шуд дуогӯи дарат.
Парчами тоҷику тоҷи тоҷикон
Ҷилвагар бодо бар олам ҷовидон!!!
Таҳлилҳо ва ковишҳои давр нишон доданд, ки сулҳофарии тоҷикон имрӯз яке аз падидаҳои эътирофшуда ва пазируфта буда, ҷаҳониён онро ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф кардаанд, ки дар тарҳрезӣ ва ташаккулу татбиқи ин таҷриба нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бориз аст. Дуруст аст, ки мафҳуми «созиш» ба ҳам омадани ду ҷонибро дар назар дорад ва ҳаргиз созиш якҷониба шуда наметавонад. Барои ин майлу хоҳиш ва талоши ду ҷониб зарур аст.
Таҷрибаи талхи таърихӣ бори дигар собит кард, ки ҳар мушкилоте, ки пайдо мешавад, албатта, роҳи ҳалли худро дорад. Фақат дар ин кор таҳаммулу ҳамдигарфаҳмиро набояд аз даст дод, зеро маҳз таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ омилҳое мебошанд, ки метавонанд неруи миллатро дар рӯ ба рӯйи ҳама гуна иғво ва дасисаҳо қавӣ нигоҳ доранд, метавонанд баҳри рушди босуботи кишвар заминаи боэътимод гарданд.
Дар ин раванд ҷасорату матонати Сарвари сиёсии мамлакат метавонад намунаи ибрат баҳри тамоми ҷомеа гардад. Зеро, маҳз мардона қабул намудани ҳама гуна омаду ноомадӣ ва ноумед нашудан аз онҳо яке аз хислатҳои хоси Президенти мамлакат буда, дар мушкилтарин лаҳзаҳо тавонистааст ҷомеаи тоҷикро ба ояндаи умедбахш дилпур гардонад. Беҳуда файласуфи бузурги юнонӣ Демокрит нагуфтааст, ки: «Мардонагӣ зарбаҳои тақдирро ночиз мегардонад». Маҳз мардонагии Сарвари давлат буд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон як руҳияи некбинона ба оянда ташаккул ёфта, ҳидоятгари он баҳри пирӯзиҳои тоза гардид. Бо ин рафтори худ собит сохт, ки музаффарияти комил насиби оне намешавад, ки ӯ зӯртар аст, балки насиби онест, ки ҳаргиз таслим намешавад. Миллати сарбаланди тоҷик бо роҳбарии Президенти мамлакат дар назди ягон мушкилӣ сари таслим фуруд наовард, балки бо ақлу заковат ва неруи хиради худ ҳамаи онҳоро то имрӯз паси сар карда омада истодааст. Ин бошад, нишонаи беҳтарин камолоти инсонист.
Яке аз омилҳои муҳиме, ки сарҷамъии миллати тоҷикро дар атрофи Сарвари давлат таъмин намуд, ин ҳамбастагии қавлу амали лидери сиёсии кишвар мебошад. Зеро ҳар қавле, ки дар назди мардум дар мушкилтарин лаҳзаҳо дода буд, онро то ба имрӯз иҷро карда истодааст.
Дар лаҳзаҳои тақдирсоз ваъда дод, ки корро аз сулҳ оғоз мекунад, оғоз кард ва муваффақ ҳам гашт, «тамоми гурезагонро бармегардонам» — баргардонд, «ватанамонро якҷоя обод мекунем» — обод карда истодааст.
Пеш аз ҳама, обрӯйи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо пешниҳод намудани ташаббусҳои наҷиб аз ҷониби Сарвари кишвар боз ҳам баланд гардид. Бо дохил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо раванди ворид гардидани Тоҷикистон ба ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ анҷом ёфт. Ҷумҳурии мо ба ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ шомил шуд. Тоҷикистони озоду мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому манзалати сазовори худро касб намуд.
Мардуми сарбаланди тоҷик медонад, ки бо кадом арзиш ин ҳама суботу оромӣ ба даст оварда шудааст. Замоне буд, ки кишвари тозаистиқлол дар ҳалқаи ҷанги дохилӣ қарор дошт. Маҳз тавассути аз байн бурдани ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷудоиандозӣ қувваҳои аҳриманӣ тавонистанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд, тавонистанд миллатеро, ки таъриху тамаддун ва урфу одатҳои башардӯстонаи ҳазорсола дошт, ба гирдоби ҷаҳолат тела диҳанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, талқин намудани арзишҳои фарҳанги сулҳ дар ҷомеа имрӯз аз ҳаррӯза дида заруртар аст. Набояд фаромӯш кард, ки имрӯз ҳам қувваҳои ғаразноке кам нестанд, ки мехоҳанд ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Таъкидҳои пайвастаи Сардори давлат дар бораи аз даст надодани ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ худ як навъ ҳушдорест, ки аз ҳар як фарди мамлакат огоҳии бештареро дар масъалаҳои сиёсӣ тақозо менамояд ва мақсади асосии он роҳ надодан ба фирефташавӣ ва гаравидан ба ҳизбу созмонҳои бегонаю ифротгарост.
Имрӯз азми Тоҷикистон дар самти бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд қатъист. Сарвари сиёсии кишвар дар ин иродаи худ устувор аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки демократия қолаби муайяни барои тамоми ҷомеаҳо ягонаро надорад. Тақлиди кӯр-кӯронаи он метавонад моро ба мушкилиҳои нав рӯ ба рӯ созад. Аз ин рӯ, арзишҳои демократии замони муосир барои мо то ҳамон дараҷа муҳиманд, ки онҳо барои таҳкими давлатдории мо, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мо ва болотар аз ҳама ҳифзи ҳувияти миллии мо дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза хизмат карда тавонанд. Тавассути талошҳои пайвастаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем имрӯз ба ин маҷрои пурталотум, яъне раванди бунёди демократия огоҳона ворид шавем. Тавонистем низоми мукаммали ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро ташаккул диҳем, халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимият эътироф намуда, ҳуқуқҳои интихоботии онҳоро таъмин кунем, гуногунақидагиро тақвият бахшида, фазои бисёрҳизбиро ташкил намоем, то ин ки мардум вобаста ба манфиату мақсадҳои худ дар онҳо ҷамъ омада, фикри худро озодона вобаста ба рушду пешрафти кишвар баён созад. Дар баробари ин, сӯистифода намудан аз ин озодиҳо аз ҷониби кадом қувваи сиёсӣ ва ё гурӯҳе набошад, нишонаи номардӣ ва носипосист. Фаромӯш набояд кард, ки беҳтарин демократия онест, ки дар он мавқеи қонун баланд буда, ҳама гуна озодӣ маҳз дар доираи он муайян ва риоя карда шавад.
Дар шароите, ки муборизаҳои шадид баҳри тақсими ҷаҳони тақсимгашта дар ҷаҳон идома доранд, дар шароите, ки пешрафти кишвари мо ба чашми бархе аз доираҳо чун хор мехалад, дар шароите, ки Сарвари давлат аз Ватани худ ва манфиатҳои мардумамон ҷиддию қотеъона ҳифз карда истодааст, ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ва воқеан ҳам ватандӯсту ватандорро зарур аст, ки сарфи назар аз мавқеи иҷтимоии худ саҳми муносиби худро дар таҳкими давлатдорӣ ва татбиқи нақшаҳое, ки ҳадафи аслиашон рушду нумуи кишвар аст, гузорад. Муттаҳид гаштан дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби мо» беҳтарин интихоб буда, омили муҳими якдилию якмаромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати пояндаи миллат хоҳад гашт, зеро ин ғояест, ки ба ҳам омадани тамоми неруҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди худшиносро таъмин намуда, баҳри таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат хоҳад кард.
Эътибори нуфузи Пешвои миллати тоҷикон давлати моро дар сархати кишварҳои бонуфуз қарор додааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гашт, ки муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ба ҳам ҳамсоя ва ҳамфарҳанг, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бори дигар барқарор гарданд. Сафарҳои президентҳои ин ду кишвар боис гаштанд, ки сарҳадҳо кушода шуда, одамон бемамоният аз ҳамдигар дидан кунанд, хешу табори аз ҳам ҷудошуда бори дигар ба ҳам қарин гарданд. Бешак, барқарор гаштани муносибатҳо бо кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯст аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дарак медиҳад, зеро Сарвари давлат тавонистанд кори амалинашавандаро амалӣ созанд.
Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиеро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиҳоро босуръат пеш бурда истодааст. Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст.
Аз ин рӯ вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ, давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Ҳифзи истиқлолият дар масири таърих гуногун аст. Маъмулан дар байни сиёсатшиносон, ҷомеашиносон ду роҳи эътирофшудаи он – яке маънавӣ ва дигар низомӣ машҳур аст. Сарвари давлати тоҷикон дар ҳарду самт иқдомҳои муҳим ва тақдирсозро роҳандозӣ намуда, дар таҳкими истиқлолияти ғоявӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини якпорчагӣ, дахлнопазирии сарҳад, хизматҳои шоиста намуданд.
Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.
Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети№2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, подполковники милитсия,
Комилов Далер Рустамович, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.