Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масоили геополитикии сайёра вобаста ба об

229Соли 2016 бо Қатъномаи СММ ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон қабул гардидани ташаббуси нави башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мақому манзалати Тоҷикистон ва обрӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар гардонид.
Моҳи марти соли 2016 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким бо ирсоли нома аз интихоб ва пазируфта шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” хабар доданд. Қарор дар бораи таъсиси Панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои аъзои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмаи умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи Рушди Устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қабул гардида буд. Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланди 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд. Узвияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои дигари ин панел аз моҳи январи соли 2016 оғоз ёфта, ду сол идома хоҳад дошт. Ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалииТоҷикистонаст.
Дар идомаи ташаббускорӣ дар ҳалли масоили мубрами байналмилалии вобаста ба об моҳи августи соли 2016 дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон иштирок намуданд. Моҳи ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити оби Будапешт дар Венгрия иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро бори дигар ба масоили доғи рӯз, яъне ҳалли саривақтии мушкилоти марбут ба об дар сайёраҷалбсохтанд.
Дар рӯзҳои охири ин соли таърихӣ, яъне 21 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи худ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, 2018-2028-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд . Дар робита ба ин Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва Раиси Маҷмаи Умумии ин созмони ҷаҳонӣ Питер Томсон бо ирсоли номаи табрикӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди тоҷикро бо қабули муваффақонаи қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 самимона шодбош гуфтанд. Хотиррасон менамоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея бо назардошти идомаи татбиқи амалии тадбирҳои нақшавӣ дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор пешниҳод намуданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад.
Даҳсолаи дуюми байналмилалии амали «Об ба хотири рушди устувор», 2018-2028 ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон мебошад, ки бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории давлатҳои аъзои ин созмони муътабар қабул карда мешавад.
Тибқи маълумоти СММ, имрӯз тахминан 40 дарсади аҳолии ҷаҳон аз камбуди оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Вобаста ба мавзӯи мазкур дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҷаллаи «Хроникаи СММ» моҳи марти соли 2018 таҳти сарлавҳаи «Об барои рушди устувор» чоп кардааст, чунин оварда шудааст: «Тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон, то ҳоло зиёда аз 844 миллион одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 миллиард одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 миллиард одамон ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то 2,3 миллиард мерасад».
Имрӯз бисёре аз сиёсатмадорон ва роҳбарони мӯътабари ҷаҳонӣ ақидаву пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷиконро дарк карда, дар суханрониҳои худ ба он такя мекунанд. Яъне, онҳо низ дарк кардаанд, ки масъалаи норасоии оби нӯшокӣ проблемаи кишвар ё минтақаи алоҳида набуда, балки умумиҷаҳонӣ аст ва бетаваҷҷуҳӣ ба он пайомадҳои хатарнок ва мудҳиш, аз ҷумла, хатари муноқишаҳои бузурги низомиро метавонад ба миён орад.
Попи Рим Франсиск, аз эҳтимоли сар задани муноқишаҳои бузурги ҷаҳонӣ барои об ҳушдор дод. «Ҳуқуқ ба об яке аз муҳимтарин омил барои зинда мондани инсон ва ояндаи инсоният аст. Аз худ мепурсам, ки оё мо ба сӯйи ҷанги бузури ҷаҳонӣ барои об равона нестем. Рақамҳое, ки СММ интишор намудааст, наметавонанд моро бетараф гузоранд. Ҳар рӯз ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаанд, мефавтанд. Миллионҳо нафар оби ифлосро истеъмол менамоянд. Бояд таваққуф кард ва ин вазъиятро ба қафо баргардонид. Хушбахтона, ин ғайриимкон нест, аммо фаврӣ аст», — ин иқтибос аз суханони Попи Рим Франсиск дар сомонаи Znak.com. дарҷ шудааст.
Дар гузоришҳои вобаста ба об интишорнамудаи СММ низ дар мавриди хатари ба миён омадани муноқишаҳои ҷиддӣ ва низомӣ таъкид шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки муддати 50 соли охир 507 муноқиша маҳз дар масъали об ба қайд гирифта шуда, дар 21 ҳолат муноқишаҳои лафзӣ ба муноқишаҳои низомӣ расидаанд. Ҳоло ҳам баҳсҳои зиёд дар мавриди обу истифодаи он боқӣ монда, ҳар лаҳза хатари ба ҷанг мубаддал гаштани ин баҳсҳо вуҷуд дорад.
Проблемаи мазкур мушкилоти рақами яки геополитикии инсоният дар асри XXI аст. Метавон гуфт, ки бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди қудратҳову тамаддунҳо шуда метавонад. Дар ин маврид як нукта мавриди зикри хос мебошад. Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне Сарвари давлати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли он даъват намуданд.
Мувофиқ ба маълумотҳои ба мо дастрасгардида, дар давраи аз 25 апрели соли 2016 дар ҷаҳон 7 миллиарду 289 миллион нафар одам зиндагӣ намуда истода, ҳамасола ҳаҷми афзоиши он тақрибан 83 миллионро ташкил медиҳад
Дар навбати худ, мувофиқ ба ин афзоиш, талабот ба истифодаи оби нӯшокӣ ҳаҷми 64 миллион кубометрро ташкил намуда, дар мавриди афзоиш ёфтани аҳолии рӯи замин дар ҳаҷми се маротиба, ҳаҷми истифодаи об аз ониби аҳолӣ 17 маротиба зиёд шуда истодааст, ки ин албатта ташвишовар аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Миёна аз нигоҳи захираҳои об бойтарин кишвар аст, ки амасола дар қаламрави он 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад. Дар навбати худ, ин миқдор захираи об тақрибан 60 фоизи ҳаҷми оби дарёҳои минтақаро ташкил медиҳад, ки ин ба фоидаи кишвари мо хоҳад буд, аммо Тоҷикситон, ки дар ҳудуди минтақаи Осиёи Миёна ҷойгир аст, ягона давлатест, ки пайгири беҳтар намудани вазъияти захираи об дар минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб аст.
Агар ба масъалаи таҳлил намудани вазъи ногувори захираи об дар минтақаи Осиёи Миёна баргардем, боиси қайд аст, ки агар дар ибтидои қарни XX масоҳати заминҳои обёришаванда дар Осиёи Миёна баробар ба 2,5 – 3 миллион гектар буд, дар охири садсола ин ҳаҷм ба 8,5 миллион гектар афзоиш ёфтааст ва дар навбати худ аҳолии ин минтақа, ки соли 1956 беш аз 20 миллион буд, имрӯз бошад ин шумора ба 65 миллион нафар наздик шудааст.
Илова бар ин, агар дар оғози солҳои 1960-ум минтақаи Осиёи Миёна дар як сол тақрибан 60 километри мукааб обро истеъмол менамуд, имрӯз бошад ин шумора ба 110 километри мукааб афзоиш ёфта, мувофиқ ба маълумотҳои гуногун то ибтидои соли 2030-юм афзоиши истеъмоли об дар минтақаи мазкур то 20 фоиз зиёд хоҳад гардид.

Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э. - омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Адабиёт:
1.Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222 аз-21-уми декабри соли 2016 дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”. [Захираи электронӣ]. Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ. Манбаъи дастрасӣ: www.mfa.tj www.president.tj. Санаи муроҷиат 23.12.2020.
2. Суханронии Попи Рим Франсиск. [Захираи электронӣ]. Манбаъи дастрасӣ: www. Znak.com . Санаи муроҷиат 25.12.2020.
3.Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 22.03.2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. [Захираи электронӣ]. Манбаъи дастрасӣ www.president.tj.Санаи муроҷиат 23.12.2020.
4.Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 ”, 20-июни соли 2018, ш. Душанбе. [Захираи электронӣ]. Сомонаи расмии Президенти ҶТ. Манбаъи дастрасӣ www.president.tj. Санаи муроҷиат 23.12.2020.
5.Ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағирёбии иқлим». Ню-Йорк , 26-сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлосияи 74- уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню—Йорк. [Захираи электронӣ]. АИМТ. Манбаъи дастрасӣ: www.president.tj.Санаи муроҷиат 23.12.2020.
6.Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: «Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ». Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ, моҳи декабри соли 2019 , шаҳри Алмаато. [Захираи электронӣ]. Ежегодник, 2019. Манбаъи дастрасӣ: www.cawater-info. Санаи муроҷиат 23.12.2020.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...