Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУНАР ҲИССИ ЗЕБОИПАРАСТИИ ХАЛҚ

37

Бо Иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тибқи нақшаи – чорабиниҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва «Иди байналмилалии Наврӯз» дар Факултети 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо баргузор гардид.

Дар чорабинӣ тамоми ҳайати шахсӣ бо курсантон ҳунарҳои дастии мардумиро, ки ҳунарҳои оинасозӣ, дуредгариву кандакории рӯйи чӯб, наҷҷориву наққошӣ, гаҷкориву заргарӣ, қолинбофию зардӯзӣ, кордсозиву оҳангариву кулолгарӣ ва ғайраро аз ҷумлаи ҳунарҳои зебои аҷдодӣ мебошанд, ки садсолаҳо таърих дошта, аз насл ба насл мегузаранд, ба маърази намоиш гузошданд.

38
Ҳунарҳои мардуми амалӣ падидаи ҷолиб ва мураккабе дар фарҳанги бисёрҷабҳаи ҳар як халқу миллат аст. Он падидаи гуногунпаҳлӯ буда, навъҳои мухталифро фаро мегирад, бо баробари пайдо шудани халқу миллатҳо ба миён омада, бо решаҳои фарҳангии куҳанаш имрӯз ҳам дар инкишоф мебошад.
Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд.
Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандони халқ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад.
Ва дар замони мо як қатор амалҳое, ки пештар дастӣ иҷро мешуданд, тавассути компютерҳо тарҳрезӣ мешаванд. Бешубҳа, хуб аст, ки шогирдон аз дастовардҳои ҷаҳони муосир бархурдор мегарданд, аммо фаромӯш набояд кард, ки ҳунари анъанавии тоҷикон аз куҷо сарчашма гирифтааст ва корҳои эҷодии ҳунармандон бо кадом технология офарида мешаванд. Гузашта аз ин, шогирдон бояд аз анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик огоҳ бошанд. Зарур аст, ки дар таълими фанҳои тахассусӣ – кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадӯзӣ, кундалрезӣ, армуғонсозӣ ва ғайра анъанаҳои миллии халқамон самаранок истифода шаванд. Инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд.

39

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти факултет қадрдонӣ карда шуданд.
Муаллимаи кафедраи тайёрии
ибтидои ва такмили ихтисос
лейтенанти калони милитсия
Баҳодурзода М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...