Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқовимат ба экстремизми иттилоотӣ дар партави Паёми Пешвои миллат

218Бо назардошти рӯз то рӯз зиёд гардидани хавфу хатари экстремизм дар олами маҷозӣ (шабакаи интернет) ва тағйир додани мафкураи ҷавонону баъдан гумроҳ ва ҷалб намудани онҳо ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкур мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор мегирад.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Паёми хеш ба мақомоти қонунгузории кишвар зикр менамоянд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.
Воқеан, ташкилот ва созмонҳои террористиву экстремистӣ, технологияҳои муосири иттилоотиро чун василаи осони амалисозии нияту ормонҳои ғаразноки худ истифода намуда, тамоми сарчашмаҳои диниро ба манфиатхои шахсӣ, гуруҳӣ ва ҳизбии худ истифода менамоянд. Мураккабии масъала низ он аст, ки сарчашмаҳои динӣ аз ҷониби чунин гурӯҳҳо нодуруст ва ба манфиати гурӯҳӣ тафсир мегардад. Чунин тафсирҳои манфиатхоҳона, замина ва сарчашмаи асосии фиреби баъзан шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони ноогоҳ мегарданд. Рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, пешрафти илму техника ва инқилоби иттилоотию технологии асри XXI барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Айни замон пешбурди фаъолияти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти корхонаю муассисаҳоро бе компютер ва дигар дастгоҳҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аллакай қисми зиёди аҳолии кураи Замин аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода менамоянд ва дар давлатҳои тараққикардаи олам интернет қисми таркибии ҳаёти ҳамарӯзаи одамон ба шумор меравад. Барои мисол, дар ИМА зиёда аз 150 млн нафар, дар Аврупо 95 млн, дар Осиё 90 млн, дар Русия 8 млн ва дар Африқо 3 млн нафар аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода менамоянд ва ба таври доимӣ ба он дастрасӣ доранд.
Рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ ва роҳ ёфтани интернет ба зиндагии ҳаррузаи одамон, ҳамчунин дар ин замина поймол гардидани ҳуқуқи инсон дар олами маҷозӣ ба он оварда расонид, ки инсоният муносибатҳои байни ҳамдигарии хешро дар доираи қонун ба танзим дарорад. Дар ин росто давлатҳои нисбатан аз ҷиҳати технологӣ рӯ ба рушд, ки пештар ба ин мушкилот рӯ ба рӯ гардида буданд, баъзе аз проблемаҳои самти номбурдаро то қадри имкон ба танзим дароварда истодаанд.
Бояд зикр намуд, ки олами маҷозии интернет сарҳади беинтиҳо дошта, рӯз то рӯз бо тавлиди зуҳуроти нав ба нав ва ба вуҷуд овардани проблемаҳои маргбор ва харобиовараш дар муқобили олами воқеӣ ва насли башарият қарор гирифтааст. Вобаста ба масъалаи мазкур профессори Донишгоҳи шаҳри Лион (Фаронса) фикру ақидаи ҷолиб ва муҳимро қайд намуда, изҳор доштааст, ки «ҳамаи донишҳои инсоният – аз донишҳои илмӣ сар карда то донишҳои таҷрибавӣ, тамоми дастовардҳои техникию технологӣ, тамоми арзишҳои фарҳангӣ метавонанд ҳам ба фоидаи инсоният ва ҳам бар зарари ӯ истифода бурда шаванд.
Технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаи нтернет омили стратегие мебошанд, ки ташкилотҳои террористӣ ва ҷонибдоронашон аз онҳо ҷиҳати пешбурди ташвиқоти густурдаи экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ истифода мебаранд. Таҳқиқи фазои иттилоотии Тоҷикистон аз афзоиши сатҳи истифодабарии Интернет ҷиҳати паҳн намудани ғояҳо ва даъватҳои экстремистию террористӣ гувоҳӣ медиҳад. Айни ҳол дар Тоҷикистон қариб 3 миллион муштариёни шабакаи Интернет мавҷуд буда, зиёда аз 80 фоизи онҳо ҳадафмандона ё ғайриихтиёр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба маводи дорои хусусияти экстремистӣ дастрасӣ пайдо менамоянд. Бинобар ин мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муайян ва манъ намудани пахши сомонаҳои тарғибкунандаи маводи экстремистӣ бояд фаъол бошанд. Тавассути шабакаи интернет содиркунии ҷиноятҳои экстремистӣ дар солҳои охир фаъол гардидааст.
Бояд гуфт, ки рушди интернет барои таъмини иртиботи истифодабарандагон шабакаҳои мухталифи иҷтимоиеро ба вуҷуд овардааст, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳои ба худ хосеро доро мебошанд. Масалан, айни замон дар шабакаи Интернет чунин шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди «В Контакте», «Одноклассники», «Мой мир», «Facebook», «Twitter», «Habrahabr», «BeOn», «MYSPACE», «Мир тесен», «Yandex: Мой круг», «Инстаграм» ва монанди инҳо арзи ҳастӣ менамоянд, ки шумораи аъзошудагон дар онҳо садҳо ҳазор ва миллионҳо нафарро ташкил медиҳад. Масалан, агар шабакаи иҷтимоии «Facebook» мамлакати алоҳидае мебуд, он аз рӯйи шумораи аъзоёни худ баъди Чин, Ҳиндустон ва ИМА дар олам ҷойи чорумро ишғол менамуд. Шумораи аъзоёни шабакаҳои дигари иҷтимоӣ низ рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш аст. Сабаби зиёд шудани аъзоёни онҳо дар он аст, ки фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорони мустақил дар шабакаҳои мазкур дар бораи воқеа ва ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти сиёсии мамлакати худ маводи таҳлилӣ ҷой медиҳанд, то ки дигаронро низ аз муҳтавои он бархӯрдор намоянд. Аммо тӯли солҳои охир террористон ва экстремистон низ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ба воситаи тарғибу ташвиқи иттилооти зарарнок ба шуури одамон ва рафтори онҳо таъсири амиқ расонида истодаанд. Қисми зиёди нафароне, ки ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мепайванданд, маҳз дар шабакаи иҷтимоӣ мағзшӯӣ мешаванд.
Вобаста ба масъалаи мазкур бояд қайд намуд, ки дар даҳсолаҳои охир ғояҳои таблиғоти экстремизм ва терроризм дар олами маҷозӣ (интернет) зиёд рӯз то рӯз тамоюли зиёдшавиро ба худ касб намуда истодааст. Рӯ ба рушд намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба зеҳну тафаккури мардум, хусусан ҷавонон таъсири бештар мерасонанд. Зеро ифротгароён дар раванди фаъолиятҳои таблиғотии худ аз иқтидори шабакаҳои иҷтимоӣ ва порталҳои видеоии интернетӣ ба таври васеъ истифода менамоянд.
Шабакаи Интернет ҳам ҳамчун ҷузъи раванди ҷаҳонишавӣ, натиҷаи донишҳои илмӣ ва таҷрибавии инсоният буда, дар баробари доштани ҷанбаҳои мусбӣ, дорои ҷанбаҳои манфӣ мебошад, ки он дар замони рушди технологияи иттилоотӣ ва телекомуникатсионӣ метавонад чунин таҳдидҳоро ба ҷомеаи инсонӣ ба миён оварад:
- содиршавии ҷиноятҳои компютерӣ (қаллобӣ, гирифтан ва паҳн намудани маълумоти шахсӣ, паҳн намудани маводҳои фисқу фуқур (порнографӣ), муомилоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бо истифодаи интернет ва ғ.
-экстремизми иттилоотӣ ва кибертерроризм (паҳн намудани фикру ақидаҳои экстремистӣ, ҷалби одамон ба гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, даъвати мардум ба зӯроварӣ гирфтани ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, содир намудани амалҳои террористӣ ба воситаи техника ва технологияи муосир бо истифода аз интернет ва ғ).
Гуфтан зарур аст, ки дар солҳои охир дар Тоҷикистон теъдоди зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки ҳифзи фазои иттилоотии онро ба танзим медароранд. Аммо теъдоди зиёди онҳо мақоми зарурии юридикӣ надоранд ва талаботҳои дар онҳо муқарраргардида, механизми дар таҷрибаи амалӣ татбиқ гардиданро касб накардаанд.
Гарчанде қонуни муайян ва алоҳидае вобаста ба танзим даровардани муносибатҳои одамон дар интернет мавҷуд набошад ҳам, аммо дар мавриди поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шахсони гунаҳгор дар доираи қонунгузории кишвар ба ҷавобгарии маъмурӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд.
Тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм" дар баробари дигар фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун экстремистӣ ҳисобида мешаванд, чунин фаъолиятҳо ҳамчун фаъолияти эктремистӣ эътироф мешаванд:
а) вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гуруҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ӯ ба дин.
б) даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;
в) нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи Интернет, воситаи алоқаи барқӣ (экстремизми иттилоотӣ).
Яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ҳимояи ҳуқуқии ноболиғон ва дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намудани фарзандон ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад.
Дар моддаи 8 (уҳдадории падару модар дар тарбияи фарзанд) сархати 15 Қонуни мазкур аз волидон талаб карда мешавад, ки аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаи муқовимат ба экстремизми иттилоотӣ дар баробари адабиётҳои илмӣ дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун яке аз проблемаҳои мубрами замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, тибқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳдидҳои экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ дар баробари дигар омилҳо бо тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон асос ёфтаанд.
Тибқи Стратегияи мазкур дар баробари дигар омилҳое, ки ба паҳншавии экстремизм, шомилшавии афроди алоҳида ба гурӯҳҳои тундрав ва аз ҷониби онҳо содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта мусоидат мекунанд ё метавонанд дар оянда мусоидат намоянд, ин тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад.
Бинобар бо суръати хеле баланд паҳн гардидани афкори экстремистӣ дар олами маҷозӣ ба воситаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет ва имконнопазир будани бо таври пурра маҳдуд кардани дастрасии шаҳрвандон ба сомонаҳои экстремистӣ, махсусан ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта, ягона роҳи манфиатпазир ин ҷалби олимони соҳаи ҷомешиносиву сиёсатшиносӣ, шоирону нависандагон, фақеҳону олимони соҳаи дин, равоншиносону блогерҳо, рӯзноманигорону ровиёни варзида ва дигар намояндагони аҳли зиё бо таври мунтазам омода сохтан ва пахш намудани филмҳои мустанад, тасвирӣ, видеороликҳо, аудиороликҳо, барномаҳои таҳлилӣ, сиёсӣ, маданӣ ва ғайра дар васоити ахбори омма ва интернет маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, ба ҳама маълум аст, ки инсониятро наметавон ба таври пурра аз истифодаи интернет маҳрум намуд, вале метавон бо роҳи омӯзиш фараҳанги корбурди онро барои ҳама мардум аз хурдсолон то калонсолон нишон дод, то ҳар нафари истифодабарандаи чунин технологияҳои иттилоотӣ аз компютер то телефони имконияташ васеъ, ки ба интернет пайваст аст, пеш аз ҳама бо ҷиддият рафтор намояд ва барои худ масуният (иммунитет) бар зидди ҳама гуна таъсирпазириҳо аз қабили экстремизми иттиллотӣ ва кибертерроризмро дошта бошад.


АҲЁЗОДА ШОҲРУХ ТАБАРУКШО,
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон , подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...