Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъмини амнияти иттилоотӣ ҳамчун самти афзалиятноки муқовимат ба экстремизм ва терроризм

191«Касе соҳиби иттилоот аст, дунёро идора менамояд, касе онро аз даст медиҳад, ҳокимиятро аз даст медиҳад». Руперт Мёрдок, соҳибкори Австралиягӣ
Ҷаҳонишавӣ раванди таъсиррасонии омилҳои байналмилалӣ, аз қабили робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як кишвари алоҳида маҳсуб мебошад. Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртазоди ҷаҳонӣ саъю кӯшиши хешро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлол равона намудааст.
Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз бе иттилоот ва технологияҳои коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар рӯз ба фазои маҷозӣ миллиард ва аз он ҳам зиёд иттилоот ворид шуда, коркард мегардад, ки аксари он ғалат (фейк) мебошанд. Шабакаҳои иттилоотӣ ва васоити ахбори оммаи хориҷӣ ба ҷои густариш ва ҳамбастагӣ бо ҳадафҳои геополитикӣ ба майдони набардҳои иттилоотӣ ворид шуда, вазъи кишварҳо ва ҷомеаҳоро ноором менамоянд.
Дар ҷаҳони муосир ибтидои солҳои 90-ум тағйироти бузурги геополитикӣ рӯй дод. Муҳимтарини он пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози марҳалаи нави геополитикӣ мебошад. Дар фазои собиқ ИҶШС давлатҳои соҳибистиқлол аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо гашт. Аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ мо мутаассифона натавонистем, фазои иттилотии худро аз таъсири бегонагон, душманон ва ҳуҷумҳои беруна пурра ҳимоя намоем, дар натиҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳар роҳҳои гуногун экспансияи идеологӣ таҳррезӣ шуда, душманони миллат хостанд, ки идеологияи бегона ва сохти давлатии ба арзишҳои миллии мо номувофиқро сари миллати тоҷик бор кунанд. Ин ҳамлаҳои пардапӯшонаи идеологӣ ва иттилоотӣ ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 оварда расониданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ чун кишвари соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, ҷанги иттилоотӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои хатарзо пайваста ибтикороти назаррас нишон медиҳад.
Мусаллам аст, ки имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз бо рушди фаъоли «Интернет» шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёти инсон, ҷомеа ва давлат баҳо додани таъсири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ хеле душвор аст. Дар баробари дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди фарҳанг, болоравии нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар замони муосир метавон ба хулосае омад, ки онҳо боз дар навбати худ ба амнияти миллӣ ва байналхалқӣ, хавфу хатарҳои навро эҷод кардаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар баробари дигар намудҳои амният, амнияти иттилоотӣ низ ба системаи коммуникатсияи сиёсӣ дохил шуда, дар муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд.
Кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аллакай ба асри иттилоот гузаштаанд. Бо пешниҳод ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар ин самт ба пеш рафта истодааст. Дар Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 дастур доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Агнетии инноватсия ва технология» таъсис дода шуда, пайваста ба технологияи рақамӣ гузашта шавад. Дар замони муосири тараққиёти илму техника технологияҳои инноватсионӣ, инкишофи босуръати ҷомеа нақши иттилоот рӯз аз рӯз меафзояд.
Чунин сурат гирифтани вазъиятро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин паём таъкид намуда, иброз доштанд, ки «пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ш. Душанбе, 26.01.2021 [Матн]. –Душанбе, 2021. –С. 37).
Аз инҷост, ки давлатҳо ба таъмини амнияти иттилоотӣ бояд таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд, зеро кайҳост, ки амнияти ҳар як кишвар аз амнияти иттилоотии он вобастагии бузург дорад.
Дар чунин шароит фазои иттилоотии кишварҳо зери хатар қарор мегиранд. Афзоиши паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин вусъат ёфтани ҷанги иттилоотӣ байни кишварҳои абарқудрат дар ин раванд аз эҳтимол дур нест.
Ташвишовар ин аст, ки гурӯҳҳои экстремистӣ на танҳо бо минтақа, давлат, гурӯҳҳои иҷтимоии алоҳида шеваҳои хоси муносибатро ба роҳ мемонанд, балки иқтидори технологӣ имкон додааст, ки бо ҳар фард бо усулҳои хос кор баранд.
Воқеан ҳам дар шабакаи интернетӣ имрӯз анбӯҳи сомонаҳое мавҷуд аст, ки дар онҳо на танҳо ақидаҳои ифротӣ тарғибу ташвиқ мешаванд, балки дарсҳои маҷозии террористӣ, дастуруламали видеоии аз воситаҳои дастӣ омода намудани силоҳи оташфишон, моддаҳои тарканда ва ғайра таълим дода мешаванд.
Бесабаб нест Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас намудаанд, ки «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки «Маркази ягонаи иттилоотӣ» таъсис дода шавад. Инчунин дар ҷои дигар қайд менамоянд, ки «Созмонҳои террористӣ бо истифода аз техналогияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд» (Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23-юми декабри соли 2022).
Насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунад, ки онро «Ҷамъи хавфи умумӣ» меноманд. Ин хавфро на бо воситаи силоҳи пуриқтидори ҳарбӣ, балки тавассути илму маърифат ва фарҳанги баланд метавон пешгирӣ кард. Баъзе ҷавонон ҳанӯз дар курсии мактаб на аз рӯи зарурат, балки дар заминаи шавқ меҳр ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро дар дил мепарваранд. Ҳамин тарзи муносибат аллакай ифодаи дар майнаи сари толибилм парвариш наёфтани аҳамияти илм мебошад. Ин дар ҳолест, ки бахши зиёди ҷавонони кишвар аслан дар муҳоҷират рӯҳияи ифротӣ мегиранд. Омӯзонидани аҳамияти илм толибилмро намегузорад, ки донишомӯзиро хотима диҳад, балки ӯ дар пайи ҷустуҷӯи имкониятҳои дигар ҷиҳати такмил додани донишҳои худ мешавад, ки ин қадами ҷиддӣ дар роҳи пешгирӣ аз ифротӣ шудани ҷавонон аст.
Дар шароити воқеӣ, бо мақсади бурдани муқовимати самаранок дар ин самт моро зарур аст, кадрҳои ихтисосмандро дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, омода намоем.
Дар байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай одат шудааст, ки чӣ хабар ё маълумоте тавассути «WhatsАpp», «Facebook» ё «Viber» ва «Imo» дарёфт мешавад ва дар зераш «ба дигарон фиристед» навишта шуда бошад, ҳатман бояд ба наздикон ва ёру дӯстон фиристода шавад. Аммо кори муҳимме, ки дар роҳи пешгирии маълумоти бардурӯғ бояд анҷом дода шавад, ин саросема нашудан дар фиристодани чунин маълумотҳо мебошад. Шахс бояд дар дуруст будани он хуб андеша кунад. Дар сурати шубҳа пайдо кардан беҳтар аст ба дигарон равон накунад. Пеш аз паҳн кардани маълумоти дарёфтшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахс бояд аз сарчашмаи маълумот ё хабар огоҳӣ дошта бошад. Дар бисёр ҳолатҳо маълумоти бардурӯғ аз номи мақомоти давлатӣ ё созмонҳои ҷаҳонӣ нашр ва паҳн мегарданд. Фаромӯш набояд кард, ки дар ин ҳангом ҳатман сомонаҳои расмии ин мақомот ё созмонҳоро аз назар бояд гузаронд. Ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки сарчашмаҳои иттилоотӣ хеле зиёд ва гуногунанд, аммо на ҳамаи маълумот, ки махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, дуруст ва дақиқ мебошанд. Хуб мешуд, ки шаҳрвандон сомонаҳои расмӣ ва манбаъҳои боэътимодро бештар мутолиа намоянд.
Ҳамин тавр, дар шароити муосир ҳифзи амнияти иттилоотӣ яке аз таркиби асоситарини манфиатҳои миллӣ ба шумор рафта, дар партави чораҳо ва механизмҳои мубориза бар зидди таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии кишвар манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат низ ҳифз хоҳанд шуд.
Раҳимзода В. Ю., муаллими кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...