Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Футбол – бозии варзишии умумиҷаҳонӣ: тарз ва усулҳои он

213Футбол - яке аз бозиҳои варзишии қадим мебошад, ки дар асрҳои миёна пайдо шудааст. Ватани футбол Англия ба ҳисоб меравад. Дастаи мунтахаби Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ғолиби Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Мелбурн (с.1956) ва Сеул (с.1988) гардидааст. Дар солҳои охир дар барномаи Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон мусобиқаи байни дастаҳои занонаи футбол низ дохил карда шудааст.214
Қоидаҳои бозӣ. Бозиро яке аз дастаҳо баъди қуръапартоӣ аз маркази майдон шурӯъ мекунанд. Баъди ҳар як тӯби задашуда низ аз маркази майдон шурӯъ мекунанд. 215Барои вайрон кардани қоидаҳои бозӣ зарба ба ҳариф бо даст ё пой, пешпо додан, ҳамлаи дурушт, аз ақиб тела додан, маъталкунӣ, бозӣ бо даст зарбаи ҷаримавӣ таъин мегардад. Барои вайрон кардани қоидаи бозӣ дар майдончаи ҷаримавӣ зарбаи ҷаримавии 11-метра ба дарвоза муқаррар карда мешавад. Зарбаи озод барои бозии хавфнок, зада гирифтани тӯб аз дасти дарвозабон, кашол додани вақт таъин мегардад.
Аз ҳолати аут тӯб ба майдон бо дастаҳо (дар мини-футбол бо пойҳо) аз хатҳои паҳлӯӣ партофта мешавад.
Агар тӯб аз ҳимоятгарон ё дарвозабон аз хати назди дарвоза гузарад, зарбаи кунҷӣ тайин мегардад, ки аз кунҷи майдон бо пой зада мешавад.
Ивазкунии бозингарон дар футбол се бор иҷозат дода мешавад, аммо дар мини – футбол номаҳдуд аст.
Барои раҳоӣ аз осебҳо дар машғулиятҳои футбол қоидаҳои зеринро риоя кардан зарур аст:
1. Пеш аз бозӣ тамрин бояд кард.
2. Аз пойафзоли махсус ё кедҳо истифода баред.
3. Ба машқҳо ё бозӣ бо тӯб танҳо пас аз тамрини пешакии бе тӯб шурӯъ бояд кард.
4. Бозии хавфнок – бо пойҳои рост карда задан, пешпо додан, бо пой задан аз ақиб манъ аст.
5. Бо ҳис кардани дард дар мушакҳо ё буғуми пойҳо, эҳсоси бади нороҳатӣ машғулиятро қатъ карда, дар ин бора ба мураббӣ (волидайн) хабар диҳед.
6. Пас аз хатми машғулият шустушӯ карда, сипас либосҳоятонро пӯшед.
Футбол ҳамаи қобилиятҳои ҳаракаткунандагиро инкишоф дода, чунин нишонаҳои хислат чун чолокӣ, чобукӣ, истодагарӣ, бурдборӣ ва қавииродагиро тарбия менамояд.
Қоидаҳои асосии бозӣ
Ҳаракаткунӣ. Воситаи асосии серҳаракатии футболбозон дар бозӣ дав ба ҳисоб меравад. Қадами футболбоз кӯтоҳ ва мулоим аст, аммо ӯ бояд дар вақти зарурӣ тез давида, ба ҷойи холӣ гузашта, ба тӯб ё ҳариф расида тавонад.
Қисмати ҷудонашавандаи маҳорати идоракунии тӯб зарбаҳо ба тӯб бо пойҳо, бурдан ва манъ кардани тӯб мебошад. Навъҳои асосии зарбаҳо ва манъкуниҳоро азхуд намуда, футболбозон метавонанд дар баъзе бозиҳои тамринӣ иштирок ва мини-футбол бозӣ кунанд.
Зарбаи тарафҳои дохилии кафҳо барои интиқоли тӯб ба фосилаҳои кӯтоҳ ва миёна, инчунин барои зарбазанӣ ба дарвоза аз фосилаи кӯтоҳ истифода мегардад. Зарба аз ҷой ва бо дав иҷро мегардад. Пойи такядоре, ки аз зону каме қат шудааст, ба паҳлуи тӯб, 10-15 см дур аз он, гузошта мешавад.
Кафи пойи зарбазананда тавре ҷойгир мешавад, ки хати аз каф ва панҷа гузаранда нисбат ба самти париши тӯб амудӣ бошад.
Машқ:
1. Аз девор 5-6 қадам дур истед. Бо тӯби қароргирифта 20-30 зарба бизанед.
Кӯшиш кунед, ки тӯб аз рӯи хати рост парвоз намояд.
Саъй бояд кард, ки машқ аввал бо пойи боқувват, баъд бо пойи заиф иҷро шавад.
2. Пас аз 2-3 қадам дави оҳиста кӯшиш намоед тӯбро ба сӯи девори поёнӣ равон кунед. Баъд аз он ки ин намуди зарбазаниро ёд гирифтед, саъй намоед, тӯбро ба боло ба нишонаи дар баландии 60-70 см кашидашуда равона созед.
3. Машқи ҷуфтӣ. 3-4 м дур аз якдигар ҷойгир шавед ва бо навбат тӯбдиҳии поёниро иҷро кунед.
Малакаи манъкунии тӯб бо ҳаракатҳои боздорандаи пойҳо, сар, бадан, ноил мегардад. Боздорӣ (манъкунӣ) ду хел мешавад: қатъӣ ва нотамом. Ҳангоми боздории қатъӣ тӯб дар назди пойи бозингар қарор мегирад, аммо баъди боздории нотамом ҳаракати тӯб қатъ нагардида, танҳо суръаташ суст шуда, самти ҳаракаташ тағйир меёбад.
Бозиҳо: «Аз қафои тӯб», «Гузаштан аз муҳофизатгар», «Фиреб дода тӯб бизан!», «Давидан бо тӯб», «Кӣ чаққонтар аст», «Тӯбро пеш кунед».
Манъ кардани тӯби ғелон бо кафи пой. Ин амал вақте иҷро мешавад, ки тӯб ба пеши бозингар ҳаракат мекунад. Пойи манъкунанда каме аз зону қат гардида, ба пешвози тӯби наздикшаванда бардошта шуда, дар болои тӯб «камонак»-ро ташкил медиҳад. Кафи пойи такядор ба самти ҳаракати тӯб мувозӣ (параллелӣ) аст. Ҳангоми бархӯрди тӯб бо кафи пой каме ба ақиб бурда, тӯб ба замин зер карда, бадан ба пеш партофта мешавад.
Манъ кардани тӯби ғелон бо тарафҳои дохилии кафҳо дар бозӣ бештар истифода мешавад. Пойи такядори каме қатшуда ба пеш гузошта шуда, вазнинии бадан ба он мегузарад. Пойи манъкунанда аз зону қат гашта, кафи он зуд ба берун тоб мехӯрад. Он ба пешвози тӯби наздикшаванда гузошта мешавад. Дар лаҳзаи бархӯрди тӯб бо пой он нарм ба ақиб мегузарад ва тӯб дар пеши бозингар қарор мегирад.
Бурдани тӯб барои баромадан ба мавқеи озод, ё вақте, ки бозингарони ҳамдаста «маҳкам» - анд ва ба ҳеҷ кас тӯби аниқ додан имкон надорад, истифода бурда мешавад.
Бурдани тӯб бо зарба ё таконҳои на он қадар сахт амалӣ мегардад. Нигоҳ асосан ба тӯб равона мешавад, вазъият дар майдонро футболбоз бо нигоҳи канорӣ наззора мекунад.
Машқҳои санҷишии намунавӣ
Роҳравии тез ва гузаштан ба дав;
- дав дар ҷой бо гузаштан ба давидани мустақим (рост), қадаммонии майда-майда бо гузаштан ба муқаррарӣ;
- роҳравӣ бо гузаштан ба дави «морморак» байни ашё;
- дав бо истодан ва қадамҳои қайчимонанд;
- пас аз дави оҳиста бо қадамзанӣ истодан;
- баъд аз шитобидан бо ҷаҳиш истодан;
- зарба бо тарафҳои дохилии кафҳо;
- манъи тӯби ғелон бо тарафҳои дохилии кафи пойҳо;
- ба пеш бурдани тӯб аз байни ашё.
Хулоса, бозии футбол хеле шавқовар буда, дар ҷаҳон маҳбубияти хос дорад.
Саъдуллозода К.С., дастурдеҳи кафедраи ТМ ва ОҶ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...