Ҳизбу ҳаракатҳои ғайридавлатӣ - зидди ҷомеа
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Дар он тамоми муаммоҳои соҳаҳои мухталифи кишвар баррасӣ ва роҳҳои пешбурди он баён карда шуд. Паём хуҷҷати асосии стратегии тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равону бо пуррагӣ мураттабу матраҳ сохтааст. Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод намудааст.
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таассуроти беандоза ҷазобу роҳнамокунанда қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ қарор дорад. Дар Паём пеш аз ҳама роҳу паҳлуҳои асосии раванди таъсиррасонии манфии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва баромадан аз он, кору фаъолият, таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқуъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид, ки кору фаъолият ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки иқтидорҳои истеҳсолию захираҳои мавҷуда муайян ва нишон дода шудааст. Бо даъвати Паём вазорату кумитаҳо, идораҳо, соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ, соҳибкорон ва тамоми фарди ҷумҳурӣ нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаи худро мутобиқ ба ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар ба роҳ монда амалӣ менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси олӣ дар суханрониашон таъкид намудаанд, ки “......созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.
Инчунин дар Паёми навбатии хеш ӯ зикр кард, ки «имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.»
Дар шароити имӯрзаи ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ҷунбишҳои ифротгароёнаи бо ном исломӣ яке аз фитнаҳои хеле хатарнок дар арсаи сиёсии ин минтақаҳо мансуб мегарданд. Ҷаҳоне, ки имрӯз моро фаро гирифтааст, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ва дигар мушкилоту зиддиятҳо, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлуб мебошад.
Бесабаб нест, ки ин муаммо дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, олимони дин, зиёиён ва миёни тамоми мардуми солимфикр қарор гирифтааст.
Аммо дар тафаккури доираи муайяни муҳаққиқони баъзе кишварҳо андешаи ботиле ҷой дорад, ки гӯё дини ислом сарчашмаи ҳама гуна «ифротгароии динӣ», экстремизм ва терроризм аст. Дини мубини ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухурдҳоеро, ки неруҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳо, мақолаҳо ва Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос будани ин андешаҳоро қатъиян маҳкум намудаанд, чунончӣ: – «Имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб саде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Мутаассифона дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифродгароӣ хоси табиати ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳама гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он, ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем, ва ба ҷойи муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад».
Ҳасанзода Ҷамшед Ҳасан, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия.
Зарифзода Баҳром Муллообидович, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия.