Ваҳдатномаи бузургон
Ваҳдат, сулҳ, ҳамдилӣ, ҳамзабонӣ, якдилӣ, оштӣ ва ягонагию созандагӣ. Инҳо калимаҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас мебошанд. Абёти гузаштаи ниёгонамон саросар ватандӯстонаву қаҳрамонона ва ибратбахшу ҷовидонаанд. Андешаҳои бойи таърихӣ доранд, ба мо дастур медиҳанд, ки худшиносу худогоҳ бошем.
Маҳз, Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид. Маҳз, ана ҳамин андешаҳои миллӣ, миллати моро аз имтиҳони таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида, ба соҳили умеду орзуҳо сарбаландона расонид. Бояд хотирнишон кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудоӣ раҳо намуда, ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт ва дар кишвари мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонид.
Дар зер дурдонае аз осори гаронмояи бузургони олами маънӣ бардошт намудем, то арзиши ин дастоварди беназири инсониятро аз лафзи ширини эшон шунида бошем ва посдори ин сарзамину марзу бум бошем.
Инсоният дар асри нав бояд на душман , балки дӯст ҷӯяд ва бо истифода аз нерӯҳои зеҳнии хеш наслҳоро ба пуштибонию дастгирии сиёсати фарҳанги сулҳ омада созад.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Мо аз таҷрибаи худ медонем, ки рохи сулҳ ҳамвор нест ва тай кардани он сабру таҳаммул ва хиради бузургро тақозо мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
***
«Касе, ки оштӣ ӯро камраво кунад, боз ба ӯ хиради сириштӣ бахшад».
(Авесто)
***
«Эй оштии нек! Эй оштии зебо! Эй оштии дурахшон! Эй, ки бо фурӯғи хӯши шодмонӣ афшонӣ! Эй оштӣ! Эй он, ки мардони ҳамраҳи хешро фарри нек бошӣ! Аз хонумоне, ки оштии нек пой дар онҳо фурӯ ниҳод, бӯи хуш барояд ва андешаи созгорӣ ва дӯстии пойдор баҳри он хонумон шавад».
(Авесто)
***
«Фитна аз қатл бадтар аст».
(Сураи Бақара, Қуръон)
***
«Дар ҷанг, ҷонибе худро ғолиб ҳисобад ҳам, ғолиб нест».
Невел Чемберлен
***
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки бахри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
***
Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Бедавлатӣ аз нифоқ хезад.
Саъдии Шерозӣ
***
Низоъ ончунон оташе барфурӯзад,
Ки аз тоби он ҳар чӣ бошад, бисӯзад.
«Анвори Суҳайлӣ»
***
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон муравват, бо душманон мадоро.
Ҳофизи Шерозӣ
***
Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.
Саъдии Шерозӣ
***
Пайдост, ки шамъ пеши пои худро,
Бе шамъи дигар наметавонад дидан.
Алиризои Огоҳ
***
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Саъдии Шерозӣ
***
Чӣ хуш бошад, ки баъд аз интизорӣ,
Ба уммеде расад уммедворӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
***
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Абӯшакури Балхӣ
***
Авф фармудан муборак хислатест,
Ҳар кӣ дорад авф, соҳибдавлатест.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
***
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.
Муҳаммад Иқбол
***
На дониш бошад он касро, на фарҳанг,
Ки вақти оштӣ пеш оварад ҷанг.
Саъдии Шерозӣ
***
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Ҳофизи Шерозӣ
***
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Эй басо, ҳиндиву турке ҳамзабон,
Эй басо, ду турк чун бегонагон.
Пас, забони ҳамдилӣ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Ҷалолиддини Балхӣ
***
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Мирзо Турсунзода
***
То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Мирзо Турсунзода
***
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Мирзо Турсунзода
***
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Мирзо Турсунзода
***
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Лоиқ Шералӣ
***
Бо тамоми дӯстони дӯстхоҳ,
Меҳри мо бо роҳи дилҳо мерасад.
Лоиқ Шералӣ.
***
Гирдоваранда: БойзодаҶ.Ҷ., полковники милитсия