Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Пешвои миллат - раванди амалисозии ташаббусҳои мардуми тоҷик

202Дар замони Истиқлоли давлатӣ ва рушди босуботи сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ҳамчун маводи арзишманди таҳлилӣ ва роҳнамо барои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равшангари имрӯз ва фардои кишвар ба ҳисоб меравад.
Паём мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи кишвар нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудааст, ки чунин пешравиҳо аз рушди босуботи сохаҳои мухталифи ҳайёти ҷамъиятии кишварамон гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсуроти беандоза ҷазобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём хуҷҷати асосии Стратегии тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равон ва бо пуррагӣ мурратабу матраҳ сохтааст.
Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтБо ибтикори Сарвари давлат ҳар сол ташкил ва ба роҳ мондани озмуни
Аз ҷумла, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.
Ҳамчунин, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд. Ба маънои томаш паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба хисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Сарвари давлат дар Паёми худ иброз дошт, ки: “ Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.
Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.
Рушди соҳаи маориф ва илм, ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, насли наврасу ҷавон, ҳамчун захираи тиллоӣ ва ояндасози миллат арҷгузорӣ мегарданд.
Пешвои миллат дар Паёми имсола кормандону масъулини мактабу маориф, волидайн ва аҳли ҷомеаро барои тарбияи сазовори насли ояндасоз ҳидоят намуданд ва мактабро ба ҳайси боргоҳи илму маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас арзёбӣ карданд.
Пешвои муаззами миллат арҷу эҳтиром гузоштан ба омӯзгорро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт таъкид дошта қайд намуданд, ки: “Агар, мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.
Ин суханони Сарвари давлат моро водор месозад, ки ба мақсади ояндаи дурахшони давлату миллат, ба масъалаҳои таълим додану маърифатнок кардани хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот якҷоя бо волидайн ва мақомоти масъули давлатӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Тибқи унсурҳои Консепсияи миллии тарбия, ки ҳамчун санади беҳтарини раҳнамунсоз барои тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба шумор рафта, ин самт бояд дар мадди назари ҳамагон қарор дода шавад. Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондустӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли онро ташаккул медиҳад.
Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбия-ташаккули инсони комил, соҳибватан, дорои нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад.
Дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 зери рақами 94 тасдиқ намудааст, ба масъалаҳои тарбияи миллии насли наврас диққати зиёд дода мешавад.
Тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ, педагогӣ буда, барои ба низом даровардани ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи илму маориф ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва зиёд намудани қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ба ин соҳаи афзалиятнок, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатӣ, Пешвои миллат дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2023 маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз баланд бардошта шавад, ки ин омил барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии зиёиён ва омӯзгорони кишвар мусоидат менамояд.
Барои рушди илму маориф Пешвои муаззами миллат ба масъулин дастур доданд, ки муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъол гузоранд. Инчунин, таъкид намуданд, ки вобаста ба вазъияти илмии кишвар, ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонидан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ, тадбирҳои муассир андешида шавад.
Дар Паёми имсола, Президенти мамлакат ба сифати тайёр намудани мутахассисони касбу кори гуногун, то соли 2026 пурра соҳибӣ касбу ҳунар намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло, роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир, пайванди илм ва истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, иқтисоди рақамӣ ва таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо донишгоҳҳои пешрафтаи дунё, оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ таваҷуҳи ҳоса зоҳир намоянд. Дастур доданд, ки масъулин ҷиҳати аз мамлакати аграрӣ – саноатӣ, ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ табдил ёфтани Ватани азизамон мусоидат намояд.
Инчунин, Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.
Дар давраи имрӯза пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Ҳамин тариқ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саршор аз ҳикматҳои дурандешона, созандагиву бунёдкорӣ, даъват ба некиву нексириштӣ, садоқат ба Ватан, дар руҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани мардуми кишвар, махсусан ҷавонону наврасон иборат мебошад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат мардуми моро ба сӯи музаффариятҳо, рушди босубот, донишу маърифати баланд, хайрхоҳиву саховатмандӣ ва фатҳи қуллаҳои баланд бурда мерасонад.
Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.
Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.
Тавре ки борҳо зикр намудам, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.
Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд.
Дар ин замина, соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад.
Бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.
Дар паём оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 5 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд. Дар паём ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ вазифагузориҳо карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ваколати конститутсионии худ, тибқи моддаи 70-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсати дохилу хориҷи кишвар, дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ менамоянд, ки он дар шакли Паём ироа гардида, аз демокративу соҳибихтиёр будани кишвар шаҳодат медиҳад.
Паёми Пешвои миллат бори аввал 27 апрели соли 2000 ба парлумони мамлакат ироа гардида, Паёми имсола (23 декабри соли 2022) 24-умин Паёми сарвари давлат ба мақоми олии кишвар мебошад. Ҳар яке аз ин Паёмҳо хусусиятҳои хоси худро дошта, ҳамчун санади муҳими барномавӣ, стратегияи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, рушду дастовардҳоро таҳлилҳои амиқи илмӣ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дурнамои рушди Ватани азизамонро муайян менамояд.
Президенти муаззами мо дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъсири тағйирёбии иқлим ба сайёра чунин ибрози ақида намуданд:-“ Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» то охири соли 2022 Стратегияи рушди «Иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул гардида буд, татбиқи онро таъмин намуд. Имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад. Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад.
Мо ҳамеша пайрави Пешвои миллатем, чунончи таъкид намуданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «Ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем”.
Сайфиддинзода С.А., муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ майори милитсия
Олимзода М.А., сардори кабинети кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...