Паём - равшангари ҳаёти ҷомеа
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба насли ҷавон буда, Пешвои миллат оид ба вазъи кунунии донишандӯзии донишҷӯён ва нақши омузгор дар таълиму тарбияи ҷавонон, забоноумозии наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва рамзҳои миллӣ, донистани мероси ниёгон, дурӣ ҷустан аз мафкураи ғайр, баланд бардоштани музди меҳнати муассисаҳои буҷавӣ, стипендияи донишҷӯён, нафақахурону маъюбон, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, соҳаи кишоварзӣ, рушди иқтисодиёт, таҳсилоти муосири босифат, тарзи копютеркунонӣ, раванди илму технология, мақоми ҷавонони кишвар дар рушду нумуи кишвар, инчунин супориш дод, ки баланд бардоштани сифати сатҳи донишҷӯён, пеш бурдани илми муосир, раванди ихтироъкорӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар аст. Инчунин баланд бардоштани сатҳи фарҳангу санъат, тансиҳативу тандрустии ҷомеа, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои мавсимӣ, ташкил намудани марказҳои касбомӯзӣ ва ба варзиш таваҷҷуҳ зоҳир намудани ҷавонон ва бисёртар истеҳсол намудани барқ, ҳимояи волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа яке аз вазифаҳои асосии худ дониста, минбаъд мекӯшанд, ки содиқона ба Ватани хеш хизмат намоянд.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ доир ба самтҳои ҳассоси вазъи ҳаёти сиёсии ҷаҳон, амнияти озуқавор, зарурати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ғамхории холисона зоҳир намудан ба ҷавонон, танзими анъанаву маросимҳои миллию динӣ ва нишон додани нақши осори гаронбаҳои гузаштагон дар тақвияти истиқлолият ва пойдории фарҳанги миллӣ, нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ дастуру супоришҳои судманд ба таври барномавӣ таҳия шуда буд. Ҷиҳати иҷрои ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар соле, ки сипарӣ мешавад, барои таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, рушди мафкураи созанда, тақвияти ҳуввияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ корҳои шоистаи таҳсин анҷом пазируфтанд.
Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурӯзон,фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрузу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод намудааст.
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таассуроти беандоза ҷазобу роҳнамокунанда қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ қарор дорад. Дар Паём пеш аз ҳама роҳу паҳлуҳои асосии раванди таъсиррасонии манфии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва баромадан аз он, кору фаъолият, таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқуъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид, ки кору фаъолият ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки иқтидорҳои истеҳсолию захираҳои мавҷуда муайян ва нишон дода шудааст. Бо даъвати Паём вазорату кумитаҳо, идораҳо, соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ, соҳибкорон ва тамоми фарди ҷумҳурӣ нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаи худро мутобиқ ба ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар ба роҳ монда амалӣ менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки тамоми масъалаҳои муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа шударо мавриди баррасӣ қарор додан надорем. Дар он Сарвари давлат ба соҳаи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, масъалаи илму маориф ва тандрустиро дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доштанро таъкид намуда зикр карданд, ки «мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаи муҳимтарин медонем».
Аз ин рӯ агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, зеро бунёди мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи мухимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст.
Таҷрибаи рӯзгор собит намуд, ки дуруст ба роҳ мондани муаррифии фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои мардумӣ барои ҷаҳониён фазои солими иттилоотӣ, илмию фарҳангӣ ва динию эътиқодиро дар қаламрави кишвар қавӣ мегардонад ва дар тарбияи руҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки сиёсати дарҳои кушода чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ чораҳои зарурӣ меандешем. Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Муқимзода М.М.,
дотсенти кафедраи
фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ
подполковники милитсия