Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳнамоии рушди устувор
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ 23 декабри соли 2022 самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди муваффақи сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии занону духтарон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Дар Паём қайд карда шуд, ки барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.Дар Паёми Пешвои миллат бахусус ба масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ диққати ҷиддӣ дода шуд.
Дар Паёми мазкур мактаб ба ҳайси боргоҳи илму дониш ва маърифати ҷомеа эътироф шудааст. Барҳак, чуноне ки дар он омадааст: «Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст, миллат бесавод ва ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад. Маҳз ба ҳамин хотир… ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта — сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ — саҳмгузорӣ ба иқтидори иқтисодии мамлакат мебошад».
Дар доираи ҳамин суханони пурмуҳтаво ва дастури оқилонаю олии Пешвои миллат ва барои ба сатҳи баланди илмию муҳандисӣ расидан, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълими хонандагону донишҷӯён зарур аст. Дар ин бобат Президенти ҷумҳурӣ борҳо дар вохӯриҳояшон бо аҳли зиё ва донишҷӯёну ҷавонон ҳамасола дар «Рӯзи Дониш» — 1 сентябр ва кушодашавии мактабҳои нави замонавӣ, донишгоҳҳо, муасиссаю иншооти нав ва дигар суханрониҳояшон иброз менамоянд. Зарурати воқеист, ки сифати илмварзию донишандӯзиро дар самти илмҳои дақиқ, табиатшиносию муҳандисӣ ва тиб дар ҷумҳуриамон ҳарчӣ зудтар бояд ба сатҳе расонем, ки олиму муҳандис ва кишоварзу табиби тоҷик тавонад баробар бо ҳаммаслаки худ аз мамлакатҳои мутараққӣ таҳқиқот барад, бо забону технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ кор барад ва онро дар амал татбиқ карда тавонад. Оре, барои ба ин мақсад ноил шудан даҳсолаҳо зарур аст.
Дар Паёми роҳнамо таъкид гардидааст: «…Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта — сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ — саҳмгузорӣ ба иқтидори иқтисодии мамлакат мебошад». Тарбияи чунин истеъдодҳо ба дониш ва маҳорати педагогии устодон вобастагии зич дорад. Омӯзгори бомаҳорату ватандӯст метавонад донишварзони ҳақиқӣ ва поквиҷдон тарбия намояд, ки ба миллату Ватан хидмати софдилона намоянд. Хушбахтона, сафи чунин омӯзгорон ва шогирдон рӯз ба рӯз бо афзудани мунтазами ҳавасмандии моддии онҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат меафзояд. Бинобар ҳамин, тарбияи устодони бомаҳорат ва омӯзгорони боистеъдоду муносиби талаботи замон донишманду ояндабин низ зарруратест ногузир. Зеро бо надоштани МУАЛЛИМ-и бомаҳорату ояндабин мо наметавонем ба мақсадҳои олӣ, тарбияи ҷавонони ихтироъкору навовар ва баландбардори қудрати иқтисодию технологии ҷумҳуриамон расем. Хуллас, мақсади асосӣ ва наздиктарини донишгоҳҳо, муасиссаҳои илмӣ ва омӯзгорон бояд тарбияи шогирдони соҳибкасб, донишманду ватандӯст бошад, на пур намудани нақшаҳои миқдорӣ, ки бештари онҳо пешаи омӯзгорию илмро тарк намуда, ба дигар соҳаҳо мегузаранд. Илова бар ин, барои аз бар намудан ва мақсаднок истифода бурдани технологияи ҳозиразамон, ки ба мамлакат аз давлатҳои пешрафтаи дунё ворид мегардад, ба мутахасиссони ҷавон барои аз бар намудани нозукиҳо ва истифода бурдани технологияи нав донистани забони хориҷӣ (англисӣ, русӣ, олмонӣ, хитоӣ) ҳатмӣ мебошад. «Бо истифода аз имконияте, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, — гуфта мешавад дар Паём, — муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд. Вазъи имрӯзаи илми мамлакат тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Дар ин самт, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки солҳои пеш Ҳукумати мамлакат «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» ,«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040 » ро қабул намуд.
Хулоса , мазмуну муҳтавои ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» бармеояд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои мардуми мамлакат, рушду ободии Ватан, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудаанд.
Мирзозода Саймуҳиддин Сайбардин, муаллими кафедраи фанҳои давлати ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия
Абдураҳмонов Насимҷон Аҳё, муаллими калони кафедраи давлати ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия,
Муроди Баҳодур, сардори кабинети кафедра, лейтенанти калони милитсия