Хатари паҳншавии идеологияи экстремистӣ-террористӣ дар байни ҷавонон ва самтҳои асосии муқовимат ба он
Дар марҳилаи навини рушду тараққиёти ҷомеаи замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин нигоҳ доштани ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар мебошад ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз баҳисоб меравад.
Дар замони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати ҷаҳонишавӣ қарор доранд, ки чунин ҳолат аз оғози асри ХХI дар натиҷаи ба вуҷуд омадани дигаргунҳои куллии ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, доман паҳн намудааст. Дар баробари ин, дар манотиқи гуногуни олам паҳн шудани таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумлаи терроризму экстремизм, радикализму сепаратизм, ҷинояткориҳои муташаккили характери байналмиллалӣ дошта ва дигар равияҳои барои башарият хатарнок гардид. Минтақаҳои гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва зиддиятҳои байни миллатҳо фаро гирифта, метавонанд дар афзоиши зуҳуротҳои ҷинояткории зидди башарият, аз қабили терроризму экстремизм заминаи паҳншавиро фароҳам овард.
Бояд зикр намуд, ки экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалиётҳои якравӣ-тундравӣ мебошад. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон аз қабили дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто варзиш низ ба миён ояд.
Зуҳуроти терроризм бошад ба суботу амнияти кураи замин хатари зиёд дорад. Ба ҷомеаи кушоди мо арзишҳои бегона, таълимот ва назарияҳои ғайр бо роҳҳои ошкорою пинҳонӣ ворид гашта, ба шуур ва тафаккури аъзои ҷомеа таъсир мерасонанд. Гузашта аз ин, зуҳуроти нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Мутаассифона имрӯз дар арсаи байналмиллалӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардонида шудааст, ки ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш оварда истодааст.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонд дар паёми навбатии худ, ки санаи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, чунин ёдрас намудаанд, ки «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад».
Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогохӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.
Дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки: «Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд».
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ҷавононе мебошанд, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа баҳисоб мераванд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвогии волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Дар ҳоли ҷаҳонишавӣ ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ кӯшиш менамоянд, ки бо роҳҳои гуногун қувваҳои нави зиёд, махсусан ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд. Аммо чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, на танҳо ҷавонон, балки одамони синну сол ва касбу кори гуногун ба ин ташкилотҳо аъзо мешаванд. Ин сабабҳои гуногун дорад. Масалан, дар муносибат ба дин ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ аз тарзу усулҳои гуногун истифода мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкурро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, аз қабили: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, таҳти № 1808; «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, таҳти № 1655; «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблоғгузории террориз ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» аз 25 марти соли 2011, таҳти № 684; «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» аз 28 декабри соли 2013, таҳти № 1038; «Дар бораи амният» аз 28 декабри соли 2011, таҳти № 721; «Дар бораи гурезаҳо» аз 10 майи соли 2002, таҳти № 50; «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯ» аз 25 марти соли 2011, таҳти № 687 ва амсоли инҳо ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятро барои муқовимат бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта муваззаф гардонидааст. Дар ин раванд, моддаҳои 6-8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан бамаврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти онҳо ва манъ будани ғасбӣ сохтори давлатӣ қайд гардидааст ва ин арзишҳо арзишҳои олӣ баҳисоб рафта, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат мекунанд ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлат ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ин маҳфум ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидоштаро дар бар мегиранд.
Таълиму тарбия, омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар аз тарафи наврасону ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа сол аз сол зиёд мегардад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро водор месозад, ки тамоми саъю кӯшишу имконияти худро ба тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд ва барои донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар шароит муҳайё созанд, то ки ҷавонони мо ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ наафтан.
Агар мо насли наврасро дар оила, мактаб ва ҷомеа хуб таълиму тарбия диҳем, оқибати бади терроризму тундгароиро ба онҳо фаҳмонем, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хатарнок намераванд. Аз ин лиҳоз, мо таълимдиҳандагону калонсолон, пеш аз ҳама волидонро лозим меояд, ки дар тарбияи насли наврас масъулиятшинос бошем. Бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро ҷой диҳем.
Солҳои охир гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ифротии худро тарғибу ташвиқ менамоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксар ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ё он гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ аст, аз хориҷи кишвар ақидаҳои нопоки худро мехоҳанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сари ҷавонон бор кунанд.
Аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон наҷот дод.
Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки муқовимат ба ҳама гуна зуҳуроти реаксионии динии экстремистӣ-террористӣ, ки бехатарии давлат ва низоми демократии онро халалдор менамоянд, хеле муҳим буда, роҳу воситаҳои худро дошта, имрӯзҳо ба яке аз самтҳои сиёсати давлатии мо табдил ёфтааст. Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия намудани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад. Хулоса, кӯшиш ба харҷ диҳем то фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеаи ҷавонон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.
Бо назардошти паҳлуҳои гуногуни масъала, қайд кардан ба маврид аст, ки нақши Вазорати корҳои дохилӣ дар пешгирии терроризму экстремизм ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори он, махсусан оид ба ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва шахсони ҷиноятпеша, пешгирии ҳодисаҳои нохуши террористӣ, аз роҳи бад баргардондани ҷавонон, муҳофизати Ватан ва арзишҳои миллӣ, таъмини оромиву осудагии диёр ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят муҳим, зарурӣ, калидӣ ва ҳатто ҳалкунанда мебошад.
Муовини сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан оид ба хизмат, подполковники милитсия Ҳоҷизода Абдукарим Парда