Хатари фаъолияти созмонҳои экстремистӣ-террористӣ дар шабакаҳои «интернетӣ» ва самтҳои асосии муқовимат ба он
Асри ХХI ва дунёи мутамаддину мутараққиро бидуни шабакаҳои ҷаҳонии интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Интернет дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар тамоми қишрҳои ҷомеа реша давонида, таҳким ёбад ва дар баробари олами воқеӣ дунёи маҷозии худро сохта, аз кишварҳои пешрафта то давлатҳои ру ба инкишоф то андозае вабастаи худ гардонад. Яке аз мушкилотҳои меҳварии интернет дар он аст, ки аз ҷониби созмонҳои ифротӣ ҳамчун майдони фитнаандозӣ истифода шуда, мардум хабару маълуматҳоро дар он насанҷида бовар мекунанд.
Асасгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки «Созмонҳои террористӣ бо истифода аз техналогияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷовонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».
Маълум аст, ки экстремизм ва терроризм яке аз таҳдидҳои нави замони муосир мебошад, ки дар аксар маврид онро таҳдиди ғайрианъанавӣ муаррифӣ менамоянд. Одатан, ин падидаи номатлуб зуҳуроте мебошад, ки моҳияти он бевосита бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии замони муосир алоқамандии зич доранд. Ба ибораи дигар, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористие, ки дар ҳудуди кишвар фаъолияташон манъ карда шудаанд, бо истифода аз технологияҳои иттилоотии замони муосир аз ҷумла интернет андешаҳои ифротии худро дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа паҳн намуда, бо ин роҳ, ки албатта, хусусияти ғайриқонунӣ ва баъзан ғайриахлоқӣ доранд, руҳияи зидди ҷамъиятию давлатии аҳолӣ ва махсусан ҷавононро ба вуҷуд меоваранд. Дар натиҷа, гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ба амал меояд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки экстремизм – аз калимаҳои франсузии «extremisme» ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузашатан мебошад. Экстремист – шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстремизм (тундравӣ аз андоза гузаштан) шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад.
Терроризм сиёсатест, ки ба истифодаи пай дар пайи амалҳои террористӣ асос ёфтааст. Калимаҳои ҳаммаънои терроризм (лотинӣ terror – тарс, даҳшат) ин «зӯроварӣ» ва «тарсонидан» мебошанд. Терроризм ҳамчун мафкураи зӯроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, ба раванди қабули қарорҳо аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ муайян карда мешавад, ки бо таъсиррасонии қудратӣ, тарсонидани аҳолии осоишта ва ё дигар шаклҳои амалҳои зуроваронаи ғайриқонунӣ алоқаманд аст.
Зарурати омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи мазкур бо он асоснок карда мешавад, ки дар замони муосир рушди ояндаи кишварро бе истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки онҳо, пеш аз ҳама, аз рушди ҷомеаи иттилоотӣ, инфрасохтори иттилоотии мамлакат, сиёсати иттилоотонии кишвар ва ташаккулёбии ҳукумати электронӣ вобастагии зиёд дорад. Дар чунин шароит дар баробари афзалиятҳо ва натиҷаҳои мусбати истифодаи технологияи иттилоотии комуникатсионӣ, инчунин як қатор мушкилиҳое низ ба вуҷуд меоянд, ки онҳо дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлату ҳукумат монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд. Пеш аз ҳама, зуҳуроти терроризм ва экстремизм ба онҳо мисол шуда метавонанд. Падидаҳои мазкур дар заминаи фаъолияти ташкилотҳо ва гурӯҳҳои эсктремистию террористӣ ба амал бароварда шуда, воқеан ҳам ба амнияти миллии кишвар, махсусан ба сохтори конститутсионии давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ мустақиман таҳдид менамоянд.
Бо пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили «Facbook», «Twittеr», «Youtube» ва ғайра, ки ба рӯҳияи инсон таъсири зиёд доранд, асосан интернет ба як ҷузъи марказии ҳаёти мо табдил ёфтааст. Дар интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ дилхоҳ шахс метавонад ба таври фаврӣ ва бе ягон маҳдудият дар шароити имрӯза ҳар гуна маълумотро паҳн кунад, ки ин ба як воситаи таблиғотию ташфиқотии ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ омада расидааст. Имрӯз дар ҷаҳон даҳҳо ҳазор сомонаҳои интернетӣ ва веб-протаколҳо мавҷуданд, ки экстремистон ва террористон аз онҳо фаъолона истифода мекунанд. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ интернетро ҳамчун восита барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мебаранд. Тавассути сомонаҳои интернетӣ ин созмонҳои ифротӣ фаъолият намуда, ҳудуди имкониятҳои онҳо ба таври назаррас рӯз то рӯз васеъ шуда истодааст. Имрӯзҳо бо истифода аз интернет созмонҳои террористӣ дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла маълумоти муфассал ҷамъоварӣ намуда, рафти амалиётро ба нақша мегиранд. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ пардохтҳои пулиро ба воситаи «тиҷорати электронӣ» ва дигар системаҳои интернетӣ фаъолона истифода мебаранд. Имрӯзҳо интернет ба майдони пахши наворҳои таблиғотию ташфиқотӣ аз қабили наворҳои видеоӣ, аудиоӣ, китобҳои электронӣ ва ғайра табдил ёфтааст. Созмонҳои террористӣ шумораи зиёди наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, дар ин наворҳо онҳо дастурҳо оид ба сохтани дастгоҳҳои тарканда, маълумот дар бораи тактикаи террористӣ дар шароити гуногунро ба намоиш мегузоранд.
Оиди ин масъала Сафарзода Ҳ. С. ва ҳамқаламонаш чунин қайд менамоянд, ки: «Имрӯз проблемаи экстремизми иттилоотӣ ба арзишҳои ҷомеа ҳассос аст. Ин ба он хотир аст, ки марҳилаи кунунии рушди муносибатҳои иттилоотӣ бо имкониятҳои таъсиротӣ, ҳам ба шуури инфиродӣ ва ҳам ба тафаккури иҷтимоию иқтисодӣ муайян карда мешавад, ки метавонад таҳдиди барангехтани ҷанги иттилоотиро ба вуҷуд орад» (Сафарзода Ҳ. С., Аҳёзода Ш. Т., Мирзоумарзода А. М. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ-терррористӣ: дастури таълимӣ-методӣ. – Душанбе: «Товус», 2021. С. 45).
Барои муқовимат бо эктремизм ва терроризм пеш аз ҳама сабабҳои пайдоиши онро пешгири намуда, барои бартараф намудан ва ё кам кардани оқибатҳои манфии онҳо чораҳо андешидан зарур аст. Бояд қайд намуд, ки барои гирифтани пеши роҳи ин ҷинояткорӣ ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои ҳуқуқӣ ва таълимӣ, олимони дин ва ходимони ҷамиятӣ зарур аст.
Мутаасифона интернет натанҳо дар заминаи паҳн кардани ақидаҳои радикалӣ ва ё ҷалби шаҳрвандон барои амалҳои террористӣ ва ақидаҳои экстремистӣ балки дар хориҷи кишвар ба як бозори хеле муассир дар дасти террористон ва экстремистон шудааст.
Аз таҳлилҳо бар меояд, ки киберҷинояткорон ва хакерон барои баланд бардоштани таъсири тактикии равияҳои экстремистӣ ва ҳамлаҳои террористӣ кушиши расонидани зарар ба иқтисодиёти давлатҳо ва ба инфрасохторҳои иттилоотӣ ба чашм мерасад. Амалиётҳои ҷинояткорон ба монанди маблағгузории экстремистӣ ва террористӣ, ки асосан тавассути интернет анҷом дода мешаванд, ҳоло як тиҷорати ҷиноятӣ махсусан бо суръат руштёбанда ва тағирёбанда мебошад.
Тавре, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, имрӯз дар ҷаҳон ду намуди асосии истифодаи шабакаҳои умумиҷаҳонии интернет ба мақсадҳои экстремистию террористӣ бештар маъмуланд:
Якум: ин экстремиз ва терроризми иттилоотӣ-равонӣ мебошад, ки моҳияти он истифодаи интернет барои тарғиби ақидаҳои экстремистию террористӣ тарсонидани аҳолӣ ва паҳн кардани маълумотҳои бардӯруғ мебошад. Аз ҷумла ташкилотҳои экстремистию террористии байналмиллалӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ақидаҳои ифротгароӣ ва террористиро зери пардаи диннӣ паҳн намуда, ақидаҳои ифротиро аз қабили таҳрифи «Ҷиҳод» ва мубориза бо «Кофир»-ро таблиғ намуда, паҳн менамоянд. Тавассути шабакаҳои интернетӣ саҳнаҳои куштор ва шиканҷаи одамон намоиш дода шуда, сиёсати экстремиз ва тероризми иттилоотӣ ба намоиш гузошта мешавад. Қобили зикр аст, ки аксари ин сомонаҳо дорои суроғаҳои интернетӣ ба мисли «com» ва «info» сапти ном шудаанд.
Дуюм: ин терроризми иттилоотӣ-техникӣ яъне кибертерроризм фаҳмида мешавад. Ин ҷинояти замони муосир зарар ба муҳити иттилоотӣ ва боиси вайрон кардани системаҳои назорат дар соҳаи гуногуни ҷомеа мешавад. Кибертерроризм як намуд ҳуҷуми компютрие мебошад, ки бо мақсади расонидани зарари калон ба объектҳои ҳаётан муҳим ва инфрасохторҳои давлатӣ ба воситаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ содир карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро барои пешгирӣ ва рафъи ин падидаи номатлуби зомони муосир қабул намудааст. Аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, таҳти № 1808; «Дар бораи муқовимат ба эктремизм» аз 2 январи ноябри соли 2020, таҳти № 1655; «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз 25 марти соли 2011, таҳти № 6874; «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» аз 25 июни соли 2021, таҳти № 1783; «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19 марти соли 2013, таҳти № 961; «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» аз 3 августи соли 2018, таҳти № 1537; Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, таҳти № 451 тасдиқ карда шудааст; Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, таҳти № 187 қабул шудааст. Инчунин ба ин доира Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998, таҳти № 575 низ шомил мебошад аз давраи қабули ин Кодекс чандин моддаҳои нав ба қисми махсуси он оид ба содиршваии ҷиноятҳо тавассути интернет, ки характери экстремистию террористӣ доранд, ворид карда шудааст. Ба монанди қ. 2 м. 1793, қ. 2 м. 3071 ва ғайра. Аммо ин санадҳои меёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳову консепсияҳое, ки аз тарафи давлат қабул карда шудаанд, ба пуррагӣ наметавонанд пеши роҳи ин ҷинояткориро, ки тавассути интернет содир шудаистодаанд гирад.
Баҳри таъмини ҳимояи асосҳои сохти консититутсионӣ, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ, фаъолияти равияи динии «Салафия» дар асоси «Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 январи соли 2009 ин равия ҳамчун ғайриқонунӣ амалкунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст. Инчунин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои «Салафия» ворид ва паҳн намудани аудио, видеосабтҳо, адабиёту варақаҳои он манъ карда шудааст.
Дар асоси «Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 майи соли 2012 фаъолияти Ҷамоати (Ҷомеаи) «Ансуруллоҳ» ба равияҳои терррористӣ-экстремистӣ хос буда, ғояҳои иғвогароёнааш зиддикониститутсионӣ, зиддимазҳабӣ буда, ба сохтори кониститутсионӣ, амнияти давлат, оромию суботи мардуми Тоҷикистон хатари ҷидиро пеш меорад, манъ карда шудааст. Вебсайти интернетии «www.irsod.com, www.irsod.het» ва дигар вебсайтҳои Ҷамоати номбурда чун воситаи ахбори умум баста шудааст.
Руйхати ташкилотҳои экстремистӣ-террористие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, инҳоянд:
1. Фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир» аз 19 апрели соли 2001 ғайрқонунӣ эътироф шуда, санаи 11 марта соли 2008 ҳамчун ташкилоти экстремистӣ манъ карда шудааст;
2. Фаъолияти «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ ИДУ) ва 9 адад ташкилотҳои экстремистӣ-террористии зерин санаи 30 марти соли 2006, манъ шудаанд;
3. «Ҳаракати исломии Туркистони Шаркӣ»;
4. «Ал-Қоида»;
5. «Толибон»;
6. «Бародарони мусалмон»;
7. «Лашкари Тайиба»;
8. «Ҷамоати таблиғ»;
9. «Созмони Таблиғот»;
10. «Тоҷикистони озод»;
11. «Ҷамоати исломии Покистон»;
12. «Ҷамоати Ансоруллоҳ» аз 3 майи соли 2012 манъ карда шудааст.
13. «Давлати исломӣ» («Давлати исломии Ироқу Шом») аз 14 апрели соли 2015 манъ карда шудааст;
14. «Ҷабҳат-ан-нусра» аз 14 апрели соли 2015 манъ карда шудааст;
15. Равияи динии «Салафия» аз 8 апрели соли 2009, манъ карда шуда ва санаи 8 декабри 2014 ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ эътироф шудааст;
16. «Гуруҳи-24» аз 9 октябри 2014 манъ карда шудааст;
17. «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон» аз 29 сентябри 2015 манъ карда шудааст;
18. «Паймони миллии Тоҷикистон» аз 24 октябри соли 2019 манъ карда шудааст;
19. «Ҷанги муқаддас» (Ал-Ҷиход, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ) аз 14 майи соли 2020 манъ карда шудааст;
20. «Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ» аз 14 майи соли 2020 манъ карда шудааст;
21. «Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ» аз 14 майи соли 2019 манъ карда шудааст;
22. «Хонаи ду зиёратгоҳ» аз 14 майи соли 2020 манъ карда шудааст;
23. «Артиши Шоми бузург» аз 14 майи соли 2020 манъ карда шудааст;
24. «Ҷиҳоди исломӣ-Ҷамоати муҷоҳиддин» аз 14 майи соли 2020 манъ карда шудааст.
Доир ба ин масъала ҷалби ҳарчи бештари олимони дин, зиёиён, иниститутҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумло васоити ахбори омма ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои муқовимат ба экстремизм ва терроризм тавассути шабакаҳои интернетӣ вазифаҳои дурнамои давлат мебошад. Ғайр аз ин зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба маъмурияти шабакаҳои интернетӣ ҳамкории зичро ба роҳ монад. Зеро эктремистону террористоне, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба амнияти давлати таҳдид мекунанд ҳангоми ҳамкори доштан бо маъмурияти ин шабакаҳо мо метавонем муқовиматро самаранок намоем.
Бояд ба маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиром гузошт, чун ки барои бастани саҳифаҳое, ки экстремистон ва террористон ташфиқоту тарғибот ва даъват ба хушунатро амалӣ мекунанд, яке аз муносибатҳои масъулиятнок ба ҳисоб меравад. Мисоли равшан «Facebook» ва «Twittеr» мебошад, ки дар асоси мониторинги гузаронидаи худ ҳангоми муайян кардани истифодаи шабака аз ҷониби созмонҳои ифротӣ фаъолияти онҳоро қатъ намуда барои муқовимат бо он ба субектони муқовиматкунанда кӯмак мерасонанд. Корпорастсияи «Googe», ки соҳибии партали видеои «Youtube» аст, ташабуси ҷорӣ кардани системаеро ба даст гирифтааст, ки имкон медиҳад мундариҷаи эҳтимолии марбут ба экстремизм ва терроризмро нишон диҳанд. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд ба сомонаҳои иҷтимоӣ барои самарабахш будани муқовимат бо ин падида ҳамкориро зичтар намояд. Ба ҳамин восита мо метавонем тавассути ҳамкорӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба экстремизм ва терроризм муқовимати самаранок намоем.
Муовини сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан оиди кор бо ҳайати шахсӣ, подполковники милитсия Усмонзода Баҳромҷон Яҳё