Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РУШДИ «ЭНЕРГИЯИ САБЗ» ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бо дарназардошти он, ки ягон мамлакат тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо мушкилоти зиёде дучор гардид, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ ба мерос гирифта буд. Болои ин, ҷумҳурӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки танҳо зарари иқтисодии он зиёда аз 10 миллиард доллари америкоиро ташкил медод.
Дар баробари ин, баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ низоми ягонаи иқтисодии он кишвар низ аз байн рафт, ки мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро барои Тоҷикистони тозаистиқлол ба бор овард. Чунин мушкилиҳо тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар, хоссатан соҳаҳои энергетикаро фаро гирифт. Новобаста ба он, ки дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, бо сабаби паст будани иқтисод ва фалаҷ шудани инфрасохторҳои энергетикӣ, инчунин аз ҳад сахту сангин омадани зимистонҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки боиси яхбандии зиёд ва кам шудани ҳаҷми об дар обамборҳо шуда буд, дар аксари минтақаҳо ба мардум ҳамагӣ як соат барқ пешниҳод мегардид ва ҳатто баъзан аҳолӣ моҳҳо бе нерӯи барқ зимистони қаҳратуни он замонҳоро бо як азобу машақати миёншикан вале бо ҳазорон орзую ормонҳои созанда бо маслиҳату дастурҳои Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар мекард.
Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар рушди босуботи истиқлолияти энергетикиро дар баробари дигар самтҳо яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар эълон кард.
Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи соҳаи энергетикаи кишвар ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушди он суханронӣ карда, иброз дошт, ки «Мо вазифадорем ин ҳадафи стратегиро дар солҳои наздиктарин бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва пеш аз ҳама бо дарки ин асл, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ масъалаи нангу номуси миллӣ мебошад, ҳатман амалӣ намоем».
Аз ин лиҳоз, пешвои муаззами миллат иброз дошта буд, ки барои ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар бояд вазифаҳои зерин амалӣ карда шавад:
1. Бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат;
2. Бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин шабакаҳои интиқоли барқу газ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика;
3. Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар давоми якчанд соли оянда бо нерӯи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти мамлакат ва дар ҳамин асос таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон.
Инак, бо гузашти тахминан 20 сол пешрафти имрӯзаи соҳаро бо ҳамон солҳо қиёс кардаву бори дигар ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат қоил мешавам. Воқеан ҳам таъмини сартосарии нерӯи барқ дар ҳама фасли сол аз ҳадафҳои меҳварии стратегии давлат маҳсуб ёфта, барномарезии пурвусъат ва тарҳандозии дақиқи бунёди иншоотҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ, ки дороӣ ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистонро ба таври қиёснопазир афзун хоҳад кард, мунтазам дар амал татбиқ мешавад.
Бо вуҷуди ин, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки «… механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла, «энергияи сабз» бояд васеъ ҷораандешӣ намоянд ва вобаста ба ин як қатор вазорату идораҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» чораҷӯӣ намоянд». Зеро ҳанӯзҳам Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.
Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмашон иброз гардид, ҳоло 98 фоизи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.
Бағайр аз ин, таъкид карда шуд, ки дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд. Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ёдовар мешавем, ки дар давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои Сангтуда-1 (670 МВт), Сангтуда-2 (220 МВт), Маркази гармию барқии Душанбе-2 (400 МВт), агрегатҳои 1 ва 2-юми НБО Роғун, НБО Помир-1 (28 МВт) ва зиёда аз 250 адад НБО-и хурд, инчунин дастгоҳҳои офтобиро ба истифода дода, зиёда аз 1500 МВт тавоноии навро ба даст овард. Дар баробари ин, бунёди хатҳои интиқоли барқи ҳавоии 220-500 кВ ба монанди «Ҷануб - Шимол», «Айнӣ - Панҷакент», «Лолазор - Хатлон», «Қайроққум - Ашт» амалӣ гардида, ба сохтани CASA -1000 санги асос гузошта шуд.
Бо вуҷуди ин, дар паёми навбатиашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида, ки мо номгӯи онҳоро дар боло пешниҳод сохтем, ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.
Аз ҷумла, қайд намуданд, ки имсол таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.
Дар ин замина қайд карда шуд, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми нерӯгоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва иброз гардид, ки дар сурати пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба нерӯгоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад.
Инчунин, таъкид гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд. Бо ин мақсад дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як нигаронии амиқ иброз дошт, ки новобаста аз он, ки барои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шуда бошад ҳам, ҳамоно солҳои охир талафоти техникии барқ ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст. Аз ҷумла, дар давоми даҳ моҳи соли 2022 талафоти барқ 20,4 фоизро ташкил додааст, ки ин хело нигаронкунанда аст.
Аз ин лиҳоз, дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 23-юми декабри соли 2022 баргузор гардид, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати тақсимоти барқ» вазифадор карда шуд, ки татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои кам намудани талафоти нерӯи барқро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ ва насби беш аз 800 ҳазор ҳисобкунаки барқиро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Ҳамзамон, Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор карда шуд, ки якҷо бо ширкату корхонаҳои соҳа барои таъсис додани низоми ягона ва мутамаркази биллингӣ, насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва ба ин васила то охири соли 2025 то сатҳи 9 фоиз паст намудани талафот ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, инчунин, истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи соҳа чораҳои фаврӣ андешад.
Дар баробари ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мардуми шарифи кишвар бояд маданияти истифодаи нерӯи барқ, яъне сарфакориро риоя кунанд ва тавассути истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва паст кардани талафот самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд. Инчунин, бо дарназардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ вазифадор карда шуданд, ки масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
Ҳаминтавр, бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ки аз муҳтавои паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти энергетика манша мегирад, ба чунин хулоса омадан мумкин аст:
- таъмини истиқлолияти энергетикӣ нангу номуси миллӣ буда, таъмини сартосарии нерӯи барқ дар ҳама фасли сол аз ҳадафҳои меҳварии стратегии давлат маҳсуб меёбад;
- ҳарчи бештар дарёфт намудани механизми маблағгузории фондҳои махсус ҷиҳати роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла, «энергияи сабз» ва дар ин самт вазифадор гардидани як қатор вазорату идораҳо барои ҷалби «маблағгузории сабз»;
- дар кишвар ҳарчи зудтар истеҳсол ва ба роҳ мондани воситаҳои нақлиёти барқӣ ва бар ин васила талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш додан;
- бо мақсади расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ амалӣ сохтани лоиҳаҳои нави энергетикӣ, инчунин таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии нерӯгоҳҳои обии барқии пешин, аз ҷумла нерӯгоҳи «Норак»;
- ҳарчи зудтар коҳиш додани талафоти техникии нерӯи барқ ва дар ин самт вазифадор гардидани як қатор вазорату идораҳои дахлдор;
- аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо ширкату корхонаҳои соҳа андешидани чораҳои фаври барои таъсис додани низоми ягона ва мутамаркази биллингӣ, насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва ба ин васила то охири соли 2025 то сатҳи 9 фоиз паст намудани талафот ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда;
- баланд бардоштани маданияти истифодаи нерӯи барқ ва сарфакорона истифода бурдани он аз ҷониби аҳолӣ;
- таъсис додани гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати муаян намудани имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне нерӯи гидрогенӣ ва пешниҳод намудани он ба Ҳукумати мамлакат.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки татбиқи ин тарҳҳои бузург Тоҷикистони азизи моро боз ҳам шукуфон намуда, барои пешрафтҳои бузург ва таҳкими решаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва маданию маърифатии истиқлолияти Ватан заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Ҳайдарзода М.П.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2-юми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия
Файззода С.С.
Сарнозири шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...