Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз таърихи варзиши ҷудо дар Тоҷикистон

964

«Дар воқеъ, варзиш дар ҳама давру замонҳо
барои инсоният аҳамияти хосса дошт ва он
яке аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти
солими ҷомеа аст. Варзиш қисми муҳими
фарҳангӣ умумибашарӣ ва қосиди сулҳу
амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ,
рушди ҳамачонибаи қобилияти ҷисмонии
инсон мусоидат мекунад, инчунин, пайвандгари
муносибатҳои дӯсти, ҳамдилӣ ва ошноии
мардумони гуногуни олам мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон

Солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди тарбияи ҷисмонии шахрвандонамон заминаҳои хуб муҳайё намуд. Дар ҳамаи суханрониҳо ва Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳо дар назди ҷавонон ба тариқи мушаххас вазифаҳои идораҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ баҳри ба варзиш ҷалб намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ муайян гардидаанд.963
Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ҷисмонии ҷавонон аҳамияти лозима медиҳад. Дар як давраи кутоҳ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёда аз 2400 толору майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
965Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам оид ба рушди варзиш ва такмили тарбияи шаҳрвандон тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар ин соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон аз 31 декабри соли 2004 «Консепсияи миллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра нақши мусбат бозида истодаанд.
Бо мақсади амалӣ гардидани Барномаи варзиш дар мамлакат дар самтҳои зерин корҳо ҷараён доранд: мустаҳкам намудани базаи моддию техникии варзиш; тайёр намудани устодони пуртаҷрибаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ; инкишоф додани шаклу усул ва намудҳои варзиш, ки дар миқёси байналмилалӣ қабул шудаанд; ба мусобиқаҳои варзишӣ ҷалб намудани наврасону бахусус, ҷавонон, духтарон; гузаронидани мусобиқаҳои варзишии ҷумҳурӣ; баланд бардоштани мақоми воситаҳои ахбор дар тарбияи варзишии шаҳрвандонамон ва ғайра.
Барои сохтмон ва таҷдиди иншооти варзишию фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар даҳ соли охир як миллиард сомонӣ ҷудо шуда буд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки аз ҳисоби варзишгарони пуртаҷриба ташкил намудани вохӯрӣ бо устодони тарбияи ҷисмонӣ, чемпионҳои олимпӣ ва мунтазам гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, Рӯзи дави миллӣ ва гайра аз аҳамият холӣ нест.
Дар соли 1992 ташкилёбии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани намудҳои нави варзиш – теэквандо, каратэ, барқарор кардан ва инкишоф додани камонварӣ, чавгонбозӣ дар болои сабза, теннис ва ғайра ба ривоҷу сифати варзиш ва шумораи иштирокчиён, хусусан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, таъсири мусбат расонд.
Халки тоҷик бо чемпионҳои ҷаҳонии худ Саидмуъмин Раҳимов (самбо), Иброҳим Ҳасанов (заврақронӣ), Зебуннисо Рустамова (камонварӣ), Наргис Набиева (теэквандо), Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев (дзюдо) ва ғайра ифтихор дорад. Қайд кардан лозим аст, ки сол то сол шумораи варзишгарон аз ҳисоби занон афзуда истодааст.
Солҳои охир дар мамлакат баҳри иштироки фаъоли варзишгарони ҷавони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Дар ин бора Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» шаҳодат медиҳад.
Имрӯз варзишгарон дорои эҳсоси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихорӣ миллӣ буда, дар миқёси байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар соҳаи варзиш ба комёбиҳои намоён ноил мешаванд.
Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 январи соли 2015 вазифаҳои навбатӣ дар соҳаи варзиш хеле мушаххас муайян гардидаанд. Аз ҷумла, қайд карда шудааст, ки «Барои рушди солими ҷомеаи кишвар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш тайи панҷ соли охир 19 варзишгоҳ, 621 майдонча ва 110 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст, инчунин 2700 майдонча ва 635 толори варзишӣ, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмиру азнавсозӣ гардидааст.
Вобаста ба ин бо максади оммавигардонии варзиш ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим иншооти зикршудаи варзишӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, самараноку мақсаднок истифода бурда мешаванд.
Таърихи пайдоиши гуштини ҷудоро ба соли 1882 рост медонанд, зеро дар ин сол ҷавони 21-солаи ҷопонӣ Дзигаро Кано мактаби «Кодокан» ташкил карда буд ва инро оғози пайдоиш ва омӯзиши ҷудо меҳисобанд. Дар ин баробар дар сарчашмаҳои таърихӣ дарҷ шудааст, ки асосгузорони гуштини ҷудо дар аввал ба тамрини намуди варзиши Ҷиу -Ҷитсу машғул буданд. Аз ин рӯ дар аввал ҳаракатҳои ин ду риштаи варзиш ба якдигар то андозае шабоҳат доштанд.
Ташкилкунандагони ин риштаи варзиш бисёр кушиданд то намуди варзиши эҷодкардаашон аз ҷониби давлат пазируфта ва баъдан дар олам паҳн гардонида шавад. Ниҳоятан соли 1886 ҷудо дар сатҳи давлатӣ дар Ҷопон пазируфта шуд ва баъдан қобили қабули оламиён гардид. Соли 1889 аввалин мактабҳои омӯзиши ҷудо дар Аврупо ташкил карда шуд ва соли 1956 дар шаҳри Токио аввалин чемпионати ҷаҳон гузаронида шуд. Соли 1964 бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Токиои давлати Ҷопон баргузор гардид ва ҷопониҳо имкон пайдо намуданд, ки гӯштини ҷудоро шомили бозиҳои олимпӣ намоянд. Ҳамин тавр соли 1964 ҷудо шомили бозиҳои олимпӣ гардид.
Ҳангоми омӯзиш, Kaнo фикру ақидаҳои худ дар бораи санъати муборизаро таҳия намуд. Ин дар ниҳоят боиси он гардид, Дар асоси принсипи ин тарз кӯшиши истифодаи энержии муқобилро бар зидди ӯ истифода бурд ва баъзе техникаҳои jujutsu, ки ӯ хатарнок аст, бартараф карда шуд. Бо гузашти охирин, ӯ умедвор буд, ки тарзи мубориза бар зидди тарбияи ӯ оқибат ҳамчун як варзиш қабул мешавад.
Дар соли 1911 дар системаи маорифи Ҷопон ҳамчун намуди таҳсили умум қабул карда шуд ва соли 1964 ба қатори бозиҳои Олимпӣ шинохта шуд. Ки ин ба орзуҳои Кано эътимод мебахшид. Имрӯзҳо миллионҳо одамон ҳар сол тариқи Kodokan Dojo ба воя мерасанд.
Ҷоизаи асосӣ асосан як усули ташаннуҷи санъати ҷангӣ мебошад. Яке аз хусусиятҳои асосие, ки онро фарқ мекунад, таҷриба дар истифодаи қувваҳои зиддитеррористӣ мебошад. Ҳадафи асосси дзюдо ин аст, ки бо истифода аз энергияи худ бар зидди ҳариф бояд муқобилат кунад.
Нахустин маротиба дар таърихи варзиши тоҷик аз 2 то 4 июни соли 2023 дар пойтахти Тоҷикистон мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо аз силсилаи Гран При Душанбе баргузор гардид. Федератсияи байналмилалии дзюдо расман мусобиқаи дзюдои Гран-при Душанберо ба тақвими соли 2023 ворид кард Пойтахти Тоҷикистон - Душанбе, тавре интизор мерафт, ҳаққи баргузории онҳоро ба муддати чаҳор сол гирифт. Чанде пештар дар шаҳри Абу-Дабӣ президенти Федератсияи байнулмилалии дзюдо Мариус Визер ва раиси вақти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов созишнома дар бораи баргузории Гран-при оид ба дзюдо барои солҳои 2023-2026 дар Душанбе ба имзо расониданд. Ҳамчунон, ки Мариус Визер Президенти федератсияи ДЗЮДО гуфт: “Ин чорабинӣ имкони дуруст барои таблиғи кишвар ва минтақае хоҳад буд, ки дзюдоро дӯст медорад ва варзишгарони сатҳи баландро қадр мекунад. Ба ин маъно, Гран-при як имконияти муҳим ва бехатар барои шинохти худ аст. Моҳи ноябри соли ҷорӣ Исмоил Маҳмадзоир ба мақоми раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон (ФДТ) барои солҳои 2022-2026 интихоб шуд. Раҳбари собиқи ФДТ Нурулло Лоиқов вазифаи ноиб-президенти федерацияро давом дода истодааст.
Гран-при Душанбе дар чаҳорчӯби мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо баргузор мешавад ва як мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад. Мусобиқаҳо рӯзҳои 2-4 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 варзишгар аз 40 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд. Ба ин тартиб, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 34 дзюдочӣ – 28 мард ва 6 зан – намояндагӣ мекунанд. Қаблан, дзюдочии тоҷик Темур Раҳимов дар раддабандии ҷаҳонии варзишгарон дар вазни +100 кг дар мақоми аввал буд. Бино ба маълумоти сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо, аз наздиктарин таъқибкунанда Раҳимов Алишер Юсупов аз Узбекистон 760 имтиёз қафо мондааст. Дар ҳамин ҳол, Абубакри Акобир (-100 кг) якбора 11 зина боло рафта, ба мақоми 85-ум, Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) низ дар раддабандӣ 20 зина боло шуданд ва ҷои 71-умро ишғол карданд. Шодмон Ризоев (-81 кг) якбора ба зинаи 42-юм расид.
Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол маротибаи аввал пойтахти ватани маҳбуби мо - Душанбе мизбони мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Prix 2023 буд, ки дар сатҳи олӣ баргузор гардид ва ин мусобиқа вориди ифтихороти таърихӣ шуд.
Боиси хурсандист, ки маротибаи аввал мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар таърихи худ бо касби 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ аз ҳисоби даставӣ дар зинаи якуми ҷадвал қарор гирифтанд.
Абдураҳмонзода Н.Т., Каримзода И.М., омӯзгорони кафедраи ТМ ва ОҶ Академияи ВКД

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...