Варзиш гарави саломатӣ ва муаррифгари миллат дар арсаи ҷаҳон
Вазъи саломатӣ аз бисёр омилҳо вобаста аст, ки аз байни онҳо тарзи солими зиндагӣ дорои аҳамияти муҳим мебошад. Дар 50-52 фоиз саломатӣ аз тарзи ҳаёт муайян мегардад ва фақат 10-15 фоиз аз ҳифзи саломатӣ вобаста аст.
Ба ҷузъиёти асосии тарзи ҳаёт инҳо дохил мешаванд: хӯрок, маишат, ташкили таълими меҳнат ва истироҳат, муносибат ба одатҳои зараровар.
Яке аз қисмҳои муҳимтарин ва ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти солим, махсусан дар давраи мактабӣ машғулиятҳои пайвастаи тарбияи ҷисмонӣ ва обу тоби бадан ба ҳисоб меравад. Аҳамияти он на танҳо аз таъсири бевосита ба ҷисми машқкунандагон иборат аст, балки дар тарбияи саломатӣ, барои ташаккули қобилияти мустақилонаи машғулияти машқҳои ҷисмонӣ, истифодабарии онҳо ба мақсади тафреҳ, истироҳат ва худтакмилдиҳӣ низ пураҳамият мебошад.
Бо дарназардошти фикрҳои мазкур тарбияи ҷисмонӣ дар ташаккули одатҳои тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонону наврасон аҳамияти махсусан муҳимро касб менамояд.
Варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа омили муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб рафта, ҷузъи таркибӣ ва пурарзиши рушди миллату давлат гардидааст. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониҳояшон ба мардуми Тоҷикистон, хусусан ба наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро талқин менамоянд.
Варзиш дар ҳаёти ҳар инсон ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дорад, зеро марбут ба асоси мавҷудияти инсон- саломатист. Имрӯзҳо низ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар сафи пеш меистад, зеро на фақат аҳамияти тандурустӣ дорад. Дар баъзе мавридҳо варзиш ва дастовардҳои варзишӣ ба эътибору обрӯи байналмилалии кишварҳо, маъруфияти онҳо бе таъсир нест ва дар қатори дастовардҳои миллии як халқ, як кишвар он миллату кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Пирӯзии варзишии намояндагони ин ва ё он кишвар дар мусобиқоти ҷаҳонӣ эътибор, шарафу шаъни он миллат, ном ва парчами миллии ӯро боло мебардорад.
Таърихи варзиш дар Тоҷикистони Шӯравӣ аз апрели соли 1925 бо таъсиси клуби ҳарбии варзишӣ дар назди Гарнизони ҳарбии Душанбе оғоз ёфтааст.Аввалин майдони варзишӣ дар Тоҷикистон варзишгоҳи “Спартак” аст, ки соли 1930 сохта шуд ва баъдан соли 1939 варзишгоҳи ”Динамо” бунёд ёфт. Соли 1946 қисми ғарбии варзишгоҳи ба номи Фрунзе барои 5-ҳазор тамошобин бунёд гардид ва соли 1962 варзишгоҳ иурра сохта ба истифода дода шуд, ки 21 ҳазору 400 ҷойи нишаст дошт. Федератсияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон соли 1962 таъсис ёфт.
Таъсиси ташкилоту созмонҳои варзишӣ дар кишвари мо дар замони шӯравӣ оғоз ёфта бошад ҳам, маънои онро надорад, ки миллати соҳибтамаддунамон дар таърихи худ бебаҳра аз машғулиятҳои варзишӣ, шуғлу намудҳои гуногуни тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқоти варзишӣ будааст. Ҳанӯз аз замонҳои гузаштаи дур дар ин сарзамини соҳибтамаддуни мо намудҳои гуногуни варзиш, мусобиқоти варзишӣ роиҷ будаву ин миллат дар майдонҳои муҳорибаҳои варзишӣ қаҳрамонҳои номдору оламшумули худро доштааст, ки имрӯз ҳам боиси ифтихори мардуми моянд.
Дар хусуси он ки дар давоми 31 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар он қадар теъдоди зиёди варзишгоҳҳову толорҳои варзишӣ сохта шудаанд, ки нисбат ба 70 соли замони шӯравӣ даҳҳо маротиба афзунтару барҳавотар ва фарогири ҳама шароиту имкониятҳо ҳастанд, ҳоҷати сухан нест, зеро исиқлолият воқеан ба мо имконият дод, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар варзиш ҳам, ба чунин дастовардҳои шоиста ноил шавем.
Имрӯз ба шарофати дастгирӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллат шаҳраку ноҳияе нест, ки дар он бунёди варзишгоҳу толорҳои варзишӣ ба роҳ монда нашуда бошад ва ин раванди бунёдкорӣ муваффақона идома дорад. Ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои кишвар, масалан дар ноҳияи Дарвоз, варзишгоҳи муҷаҳҳазу муосири “Арена Авесто” бунёд гардид, ки дар ифтитоҳи он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки инҳо ҳама бо дастурҳои Сарвари давлат амалӣ шудаанд.
Ба мисоли дигар таъсиси ду шабакаи телевизонӣ: “Варзиш” ва “Футбол” дар кишвар худ далели бебаҳси ғамхории Сарварамон ҳам нисбат ба варзишу варзишгарон ва ҳам нисбат ба муштариёни варзиш аст. Ҳадаф аз таъсиси шабакаи давлатии телевизонии “Варзиш” низ муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати варзишгар, омавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар мебошад. Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Роҷеъ ба ин гуфтаҳо чи гунае, ки ҳамагон медонанд имрӯзҳо дар маркази ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе шурӯъ аз 1-уми июн мусобиқи варзишии Дзюдо Гран-при рафта истодааст. Худи ҳамон рӯз дар Қасри миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер дидор кард. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи миллии олимпию Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудоро баррасӣ кардаанд.
Таъкид шуд, ки ҷонибҳо омодаи ҳамкорӣ дар оянда буда, аз баргузории мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир мегардад, пазироӣ карданд.
Дар мусобиқаи “Гран При Душанбе-2023”, ки дар солгарди 50-уми Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад, 500 варзишгар аз 45 кишвари олам иштирок намуданд. Пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе барои баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ омодагии ҷидди дида аз тарафи Ҳукумати кишвар барои рушди риштаи гӯштини ҷудо тамоми тадбирҳо андешида шудаанд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар ин бахши варзиш гуфтугӯйи судманд анҷом додаанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии Гран Прии Душанбе оид ба ҷудо, ҳамчунин маросими ифтитоҳи ин чорабинии байналмилалӣ, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор шуд, доир гардид.
Дар маросими кушодашавии аввалин Гран Прии Душанбе, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ширкат карданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки варзиш воситаи ба ҳам пайвастани халқу миллатҳои гуногун дар ҳаёти инсон мебошад. Дар мамлакати мо ба масъалаи рушди варзиш ҳамчун воситаи муассир ва муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳбуди саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали фаъолият то имрӯз барои рушди варзиши тоҷик ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Натиҷаи чунин талошҳост, ки дар Тоҷикистон бисёре аз намудҳои варзиш, аз ҷумла ҷудо дар роҳи рушди устувор қарор дорад ва имрӯз варзишгарони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса пайдо кардаанд.
Бояд гуфт, ки аз оғози соли 2023 то имрӯз аз ҷониби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 4 мусобиқаи дохилӣ ва 8 ҷамъомади таълимию тамринӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор карда шудааст. Рӯзҳои 11 ва 12 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо байни калонсолон тибқи талаботи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин раванд бо мақсади рушди варзиши наврасон моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати варзишгарони ҷавон Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин боиси ифтихор аст, ки имсол тими ҷудои Тоҷикистон дар 10 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, соҳиби 10 медал, аз ҷумла, 2 медали тилло, 1 нуқра ва 7 медали биринҷӣ гаштааст.
Дар баробари ин бояд гуфт, ки албатта, варзиши бадан хуб аст , аммо мо бояд дар хусуси варзиши ақлу заковати ҷавононамон, фарохо сохтани ҷаҳонбиниву дониш ва одоби онҳо низ биандешем ва корҳое ба анҷом расонем, зеро дасту бозуи тавоно ба ҷавонон фақат ҳамон вақт самараи нек меоранд, ки онҳо ҳамзамон ақлу заковат ва одоби тавоно низ дошта бошанд. Варзиш ойинаест, ки дар он сиҳативу саломатӣ ва шоистагиҳои ҷисмонии миллати мо таҷассум меёбад.
Нурализода Акрам Ҳ., муаллими калони кафедраи Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия
Сулаймонзода Рустам Неъматулло, муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.