ТЕХНИКАИ КРИМИНАЛИСТӢ ДАР ТАФТИШ ВА ОШКОР НАМУДАНИ ҶИНОЯТ
Барои бомуваффақият дар амал пиёда сохтани вазифаҳои дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошташуда, оид ба ошкор, тафтиш ва пешгирӣ намудани ҷиноят ва муайян кардани сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда аз таъминоти пурраи мақомоти бо ҷинояткорӣ мубориза баранда ба воситаҳо ва техникаи махсуси фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ вобаста мебошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» андешарони нанамуданд, ки: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умуми инсонӣ тарбия намоянд», ки ҳақ асту рост.
Ба андешаи яке аз заминагузорони самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ доктори илмҳои ҳукуқ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, аъзо – корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайдоиши илми криминалистика, ташаккули тактика ва методикаи амалӣ намудани корҳои махфӣ (ғайриошкоро) имконпазир гардид.
Тасдиқи ин ақидаро таҳлили корҳои илмӣ дар соҳаи криминалистика (с.с.1920-1930) шаҳодат медиҳанд, ки дар онҳо чунин гуфта шудааст: асосҳои илмии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро муқаррароти криминалистика ташкил медиҳанд, чунки маҳз криминалистика асосҳои назариявии ҳам ҳаракатҳои ошкоро ва ҳам ғайриошкорои мақомоти таҳқиқ ва ҷустуҷӯиро коркард намудааст.Вобаста бо такмил ёфтани илми криминалистика, дар он чунин ақида асоснок карда мешуд, ки методҳои криминалистикӣ бояд на танҳо аз ҷониби муфаттишон ва экпертон-криминалистон, балки инчунин, аз ҷониби кормандони воҳидҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ фаъолона истифода бурда шаванд.Хусусиятҳои ташаккули назарияи фаъолияти оперативӣҷустуҷӯиро баррасӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки дар давраи аввал он дар доираи илми криминалистика инкишоф ёфтааст. Ин бо он асоснок шудааст, ки маҳз криминалистика аз рӯи хусусиятҳояш ба ин намуди фаъолият наздиктар мебошад. Дар амалияи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чунин қисмҳои криминалистика, ба мисли аксбардорӣ, ҳаммонандкунии шахс аз рӯи аломатҳои берунӣ, дактилоскопия, усулҳои тактикии азназаргузаронии ҷои ҳодиса, кофтуков, пурсиш, экспертиза ва ғайраҳо васеъ истифода бурда мешаванд. Бо ҳам наздикии ин ду фанро ягонагии объекти омӯзишашон пурра месозад. (Раҳимзода Р.Ҳ. «Фаъолиятӣ оперативӣ-ҷустуҷӯӣ». Қисми умумӣ. Китоби дарсӣ. Нашри 5-ум. –Душанбе: «ЭР-граф», 2019. – С. 80)
Ҷинояткорӣ ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ бо тағйиротҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ робитаи зич дорад. Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ бӯҳронро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ тезу тунд намудааст, ки ин сабаби баладравии ҷинояткорӣ ва таъғйирёбии сифатии он гардидааст. Дар ин маврид ҷинояткорӣ боз ҳам дар шаклҳои муташаккил таҷассум ёфта, фаъолона ба чораҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ аз тарафи давлат ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муқобилият менамояд. Пешравии илм ва техника имконияти дар рафти тафтиши ҷиноят боз ҳам васеътар истифода бурдани воситаҳои илми-техникиро фароҳам овард. Дар давраи муосир қонуни мурофиавӣ-ҷиноятӣ дар рафти тафтиши пешакӣ истифода бурдани аксбардорӣ, навори видео, сабти овоз, инчунин дигар воситаҳои илми-техникиро барои пайдо, зоҳир, сабту мустаҳкам кардан ва гирифтани далелҳои шайъӣ пешбинӣ кардааст. (Моддахои 57,172, 179, 183,184,185,187,188,200,201,204,207 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Дар замони ҳозира мафҳуми таъминоти криминалистии ошкор ва тафтиши ҷиноятҳоро олимони криминалист ва кормандони амалӣ, самаранок истифода мебаранд. Бинобар ин маҷмуи масъалаҳое, ки бо татбиқи техникаи криминалистӣ вобастаанд, дар доираи сохтори махсус зарурияти омӯзиши худро ба вуҷуд овардаанд. Олими барҷаста Г.И. Грамович яке аз аввалинҳо шуда, кушиши муайян намудани мафҳуми таъминоти техники – криминалистиро дар назарияи илмӣ баён кардааст.Ба андешаи ӯ таъминоти техникаи-криминалистӣ-ин «фаъолияти ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии муайян ба танзим даровардашудаи муассисаҳои илми-тадқиқотӣ, суди-ташхисӣ ва дигар муассисаҳо буда, иҷрои вазифаҳо оиди таҳлил ва баамалбарории маҷмуи чораҳои бо ҳам алоқаманд, бо мақсади ба вуҷуд омадани шароити муътадил, татбиқи самараноки донишҳои касбӣ ва воситаҳои илми-техникӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ба зиммаи шахсони мансабдори масъул, гузошта шудаанд». (Основы криминалисти- ческой техники. Минск, 1981; Тактика использования специальных познаний в раскрытии и расследовании преступлений. Минск, 1984).
Профессор В.А. Волынский муайян намудааст, ки таъминоти техникӣ-криминалистӣ ҳамчун маҷмӯи (фаъолияти) ташкили функсионалӣ барои ба даст даровардани ду мақсад равона карда шудааст:
1. ба вуҷуд овардани шароит барои тайёрии доимии субъектони он, барои татбиқи техникаи криминалистӣ, иҷроиш ва самаранокии вазифаҳои техники криминалистӣ;
2. барои татбиқи амалии ин шароит бо мақсади ба даст овардан, ҷамъкунӣ, таҳлили хабари аҳамиятноки криминалистӣ ва истифодаи он дар ҳар як ҳолати мушахасси ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо равона шудааст. (Волынский В.А. Технико-криминалистическое раскрытие преступлений. Москва, 1991. С. 55).
Бисёре аз олимон А.М. Черенков, Г.Н. Голубенко, А.П. Гайдук ва диг. дар китобҳои худ таъминоти техники-криминалистиро ҳамчун фаъолияти ҳалли маҷмуи проблемаҳои методии бо ҳам алоқаманди ҳуқуқии ташкили илми-техникӣ дар корҳои худ, эътироф менамоянд. Олими криминалист профессор Р.С. Белкин дар сохтори таъминоти криминалистӣ се зерсоҳаро ҷудо менамояд: донишҳои криминалистӣ, маълумоти криминалистӣ ва техникаи криминалистӣ. Ӯ қайд мекунад, ки донишҳои илми–криминалистӣ дар ҳамон ҳолат барои қабул кардан дастрас мегарданд, ки агар онҳо дар шакли нашрияҳои илмӣ, илмӣ методӣ ва ғайраҳо дарҷ гардида бошанд. Воситаи дар амал татбиқ намудани онро Белкин Р.С. воситаи техники-криминалистӣ меҳисобад. Чунин тарзи муайян намудани мафҳуми таъминоти криминалистии фаъолияти шӯъбаҳои вазорати корхои дохилӣ, аз як тараф мафҳуми мазкурро васеъ намуда, дар худ маҷмӯи донишҳо, ки аз рӯи қонун ҳалли вазифаҳои ошкор ва тафтишоти ҷиноятҳо, маҷмӯи тайёрии мутахассисони криминалистро дар бар гирифта, аз тарафи дигар онро бо ҳудуди техника маҳдуд менамояд, дигар самтҳо (тактикӣ, методӣ) татбиқи донишҳои криминалистиро дар амал истисно менамояд. Таъминоти техники-криминалистӣ ҳамчун намуди фаъолияти инсонӣ метавонад аз нуқтаи назари рафтори маҷмӯи-фаъолияти дида баромада шавад. «Таркиби фаъолият» сохтори таъминоти техникӣ-криминалистиро дар вобастагӣ бо дараҷаи фардикунонии қисмҳои таркибии он муайян карда, метавонад гуногун пешниҳод гардад. Аз ҳама намуди мукаммал барои ин формулаи техникӣ ҳамчун маҷмӯи се унсур субъектон, объектҳои фаъолият ва худи ҷараён («худи фаъолият», ки ҳамчун алоқаи зарурии байни онҳо баромад менамояд) қобили қабул аст. Дар зери мафҳуми субъектон шахсон ва мақомотҳое фаҳмида мешаванд, ки имконият ва ваколатҳои дахлдорро доро мебошанд. Техникаи криминалистӣ, мувофиқ ба он донишҳои махсус ва муносибатҳои ҷамъиятӣ (ташкили ҳуқуқӣ), ки ҳангоми истифодабарии онҳо дар ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо ба вуҷуд меоянд, мазмуни асосии объекти таъминоти техники-криминалистиро ташкил медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки таркиб ва мазмуни субъектон ва объектони фаъолият, вобаста ба намуд ва шаклҳои таъминот ба хусусиятҳои вазифаҳои техникӣ криминалистии ҳалшаванда, тақсим карда мешаванд.
Таснифи умумии таъминоти техники-криминалистӣ, ба ҷудо намудани аломатҳои муҳим ва зарурӣ имконият медиҳад:
1. Дар маҷмӯи зерин муайян намудани мақсадҳои хусусӣ ва вазифаҳои фаъолиятӣ вобаста ба ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо муҳим мебошад, ки он имконияти ҷудо намудани таъминоти техникӣ-криминалистиро дар байни дигар намудҳои фаъолияти инсонӣ фароҳам меоварад.
2. Асоси таъминоти техникӣ-криминалистиро асосҳои илмии бисёр соҳаҳои дониши илмӣ ташкил медиҳад, ки имконияти муайян намудани онро ҳамчун маҷмуи илман муайяншуда эътироф менамояд.
3. Самти хабари таъминоти техникӣ-криминалистӣ, имконияти дида баромадани маҷмуи умумии таъминоти хабарии фаъолияти муҳофизати ҳуқуқиро фароҳам оварда, аз ҷумла ба ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо равона шудааст.
4. Таъминоти техникӣ-криминалистӣ худ маҷмӯи роҳбарикунанда буда, ба маҷмӯи ба танзимдарории ҳолатҳое, ки бо татбиқи техникаи криминалистӣ ва донишҳои махсуси мувофиқ вобастаанд, равона шудааст.
Инак, ба таркиби таъминоти техникаи криминалистии ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо зарур аст: якум– худи ташкилёбии чунин таркиб (равнақ додани асоси ҳуқуқии он, ташкили тайёрии криминалистии фаъолияти муфаттишон, кормандони оперативӣ, мутахассисон-криминалистон, таъмин намудани онҳо бо воситаҳои техникӣ-криминалистии муосир ва татбиқи барномаҳои илми-методӣ), дуввум-дар амалияи ҳаррӯзаи ташкил ва тафтиши ҷиноятҳо татбиқ намудани имкониятҳои чунин маҷмӯъро, ки бо натиҷаҳои ташкили ин маҷмӯъ бо ҳолати он таъмин карда мешавад, фарқ намудан зарур аст.
Дар замони ҳозира масъалаи таъминоти техникаи криминалистӣ ба предмети криминалистика ба қисми «фароҳамовардани шароит», ки дар он сухан дар бораи таълимоти ташкили ҳуқуқӣ, илми техникӣ сухан меравад, гуногун шарҳ дода мешавад. Таъминоти техникаи криминалистӣ ба предмети криминалистика дохилшуда, яке аз вазифаҳои он дида баромадани усули нав ё ин ки мукаммалсозии услуб ва воситаҳои техникаи криминалистӣ буда, татбиқи он дар амалияи ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо дида мешавад.
Воситаҳои илмию техникӣ на танҳо барои дарёфт мустаҳкамкунӣ, гирифтан ва таҳқиқӣ далелҳои шайъӣ истифода мешавад, балки онҳо дар айни замон инчунин барои инъикоси моддии рафт ва натиҷаҳои амалҳои тафтишӣ хизмат мекунад. Дар шароити муосир донистан ва истифодабарии техникаи криминалистӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад, ки ҷиноятҳои гуногун аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нигоҳи илмӣ тафтиш ва ошкор гарданд ва ба принсипи пинҳонкорӣ амалӣ гардонида шавад.
Аз ҳисоби он ки чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ғайриошкоро гузаронида мешаванд, дар ин ҳолат, истифодаи усулҳои хос ва тарзҳои ҷорӣ кардани ҳаракатҳои аниқ, дар чорабиниҳо ва гузаронидани амалиёт зарурати таъмин намудани амалҳои тафтиши барои ба амал баровадани амалҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯи мувофиқи нақшаи якҷояи тасдиқнамудаи роҳбарияти мақомоти тафтишотӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъмин мегардонад. Агар дар рафти истифодаи техникаи криминалистӣ қоидаҳои пешбиникардаи қонун риоя нашаванд, он гоҳ натиҷаи чунин истифода аҳамияти далелии худро гум мекунад.
Омузгорони Академия
Ш.Э.Убайдуллоев
Б.С. Асламов