Ҳифзи саломатии кудак – асоси бунёди ҷомеаи солим. «Солимии кӯдак ба ҳамаҷониба солим будани оила вобаста аст». Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад, зеро саломатии аҳолӣ ва хусусан насли наврас яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ҷиҳати таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, стратегия ва барномаҳои дахлдор аз ҷумла; Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқхои кӯдак”, Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар амал менамояд.
Дар моддаи 34 Конститутсияи ҶТ муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Инчунин моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Ба шахс тибқи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ройгони тиббӣ-санитарӣ расонида мешавад. Кӯмаки тиббии фаврӣ дар ҳар муассисаи табобатӣ-профилактории наздик, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва ҳудудӣ, инчунин шакли моликият, ройгон таъмин карда мешавад.
Яке аз омилҳои ҳифзи саломатии кӯдак ин беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид. Мувофиқи моддаи 24 Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи системаи тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ аз ҷумла дар доираи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ бо роҳи истифода дар баробари дигар усулҳо аз технологияи дастрасу содда ва бо дарназардошти хатар ва эҳтимоли олудасозии муҳити зист муҳайё намудани хӯроки серғизо ва оби тозаи нӯшокӣ, таъмини огоҳонии ҳама табақаҳои ҷамъият, аз ҷумла волидайн ва фарзандон аз саломатӣ ва ғизои кӯдакон, афзалиятҳои синамакконӣ, тозагии бадан, санитарияи муҳити зисти кӯдак ва пешгирии ходисаҳои фалокат, инчунин ба кӯдакон дастрас намудани таҳсил ва дастгирии онҳо дар истифодаи чунин донишҳо,эътироф менамоянд. Давлатҳои иштирокчӣ барои таъмини он саъю кӯшиш мекунанд, ки ягон кӯдак аз ҳуқуқи худ барои дастрас намудани ин гуна хизматрасониҳои низоми тандурустӣ маҳрум карда нашавад. Бинобар ин, ҷиҳати таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба рушди ғизои мактабӣ ва муҳимияти таъмини хонандагон бо ғизои солим, барои инкишофи нерӯи таҳсилотӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, бо дарназардошти рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 таҳти №101 Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ шуда истодааст.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 баён намуда буданд «Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Набояд фаромӯш кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.
Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».
Зимнан, бояд гуфт, ки тули 31 соли истиқлолият дар кишвар шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот 3,5 баробар, мактабҳои олӣ 4 баробар ва донишҷӯён зиёда аз 3 баробар афзудааст.
Ҳамаи ин танҳо дар давраи соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон имконпазир гардиданд.
Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Маҳз ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон махсусан кудакон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст.
Дар ин самт нақши асосиро оила низ мебозад. Оилаи солим яке аз пояҳои асосии ҷомеа мебошад. Асоси ҳаёти солим аз овони кӯдакӣ гузошта мешавад ва бо мурури замон такмил меёбад. Омили асосии ба роҳ мондани кори таълиму тарбия дар оила, пеш аз ҳама, ҷорӣ кардани тартибу низом дар он мебошад.
Тарбия дар оила бояд мувофиқи реҷаи тартибдодашуда ба роҳ монда шавад. Фарзанд бояд аз рӯйи низоми муайян кор кунад, реҷаи рӯзро қатъиян риоя кунад. Барои ӯ риоя кардани реҷаи корӣ бояд ҳукми қонунро дошта бошад. Дар ин ҳолат дар ӯ малака ҳосил мешавад, ки ҳар корро дар вақти муайяншуда иҷро кунад. Ин дар оянда барои ба як низоми муайян даровардани реҷаи корӣ, иҷрои бомуваффақияти корҳои ба нақша гирифташуда асос мешавад.
Хулоса ҳаминро бояд дарҷ намуд, ки ҳамаи кӯдакон новобаста аз ҷинс, сину сол, эътиқоди динӣ ва ранги пуст баробарҳуқуқанд». Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 1,5 миллион аҳолии кураи замин дар давлатҳои ҷангзада умр ба сар мебаранд. Ҳамзамон ба ҳисоби миёна ҳар сол 200 миллион аҳолии дунё аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, ки се як ҳиссаи онро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ҳамаи ҳолатҳои номбаршуда, бештар кӯдакон зарар дида, ҳуқуқҳояшон поймол мегардад. Дар чунин машваратҳо мактабу боғчаҳои бачагона валангор мешаванд ва кӯдакон дар кӯча монда баҳри зистан ва зиндагони кардан ба ҳар гунна кору ҷиноят даст мезананд. Аҳли ҷомеа бахусус волидайни кӯдакон, мактабҳо баҳри тарбияи насли наврас кӯшиш ба харҷ дода, пеши роҳи меҳнати кӯдаконро гиранд дар ин ҳолат мо дар якҷоягӣ метавонем насли солимро тарбия намоем.
Муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия
Сулаймонзода Рустам Неъматулло