Мақому мавқеи ҷавонон дар замони истиқлолият
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Пешво миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 чунин баён намуда буданд, ки “Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Маҳз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз мо ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаем, зеро Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш ҳамеша қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.
Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Тавре медонем, ин мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон дошта буданд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон натанҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Зеро ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.Аз ҷумла тавассути барномаҳои давлатӣ маблағгузорӣ кардани фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи он, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», квотаҳои президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, ҷавонгардонии сиёсати кадрӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, сохта ва ба истифода додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, сохтмони ҳазорҳо муассисаи таълимӣ – мактабу донишгоҳҳо, инчунин, китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, иншооти варзиши ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ба ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ барои ҷавонон ва тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.
Дар баробари ин, ҳоло дар назди ҷомеаи мо, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаҳое вуҷуд доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, торафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аз ҷавонони мо пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, дониши амиқ, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳиро тақозо намуда, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату миллат ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд. Инчунин, ҷавонони мо бояд ба масъалаҳои омӯхтани таърихи пурғановати миллати тоҷик, осори гаронбаҳои гузаштагони халқамон, пос доштани забони давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд ва дар ин самтҳо ташаббускор бошанд.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф эълон карда шуд, ҳамзамон барои бедор кардани шавқу завқи китобхонии наврасону ҷавонон ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм- фурӯғи маърифат” яке аз иқдомҳои наҷиби роҳбари давлат мебошад. Ҳамаи талошу заҳматҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва илмомӯзии ҷавонон равона гардида, барои мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида шароити хуби рушду инкишоф фароҳам оварда шудааст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022, таъкид карданд: “Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст”. Пас, ҷавонони кишварро зарур аст, ки пайваста аз пайи донишандӯзӣ шуда, илм омӯзанд ва ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллатамон сазовор гарданд.
Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо ҷавононро зарур аст, ки аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ва имкониятҳои конститутсионии худ босамар ва оқилона истифода намуда, тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъи мо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайрат-мандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд ва баҳри ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунанд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоянд ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоранд.
Омузгори кафедраи ТТФОҶ
факултети №6 Академияи ВКД ҶТ
лейтенанти калони милитсия Қурбонова М.А.