Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат
31 сол мешавад миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол нурафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад.
Мо, ояндасозони миллат бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз хоки ин сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлоли миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназири худро устуворона ва озодона пеша намуда истодаем.
Бо гузашти замон дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони 31-соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми ҷавонон пурсамар ба назар мерасад. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, аз ҷумла ишора шудааст, ки ҳар гуна тадбире дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии мо гардида, эътимодамонро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулиятамонро баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ дучанд мекунад.
Имрӯзҳо тамоми шароитҳои муосир барои ҷустуҷуи илмҳои наву тоза ва азхудкунии ҷавонон дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва олии касбӣ мамлакат муҳайё карда шудааст. Баробари ин саҳми ҷавонон дар рушди илми тоҷик хеле назаррас мебошад, зеро наврасон ва ҷавонон имрӯзҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, муаррифгар ва парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт бе тараф намуда тамоми имкониятҳои хешро баҳри саводомузӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар андешида истодааст. Бояд қайд намуд, ки имрӯз бо талошҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент генерал – майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ин даргоҳи илму маърифат ба яке аз сохторҳои калидии кишвар табдил гардида, барои омода намудани кадрҳои баландихтимос дар соҳаҳои таъмини тартибот, пешгирии ҳар гуна амалу кирдори халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, диққати равона гаштааст. Метавон гуфт, ки кормандон ва омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси ҷавонмардию фидокориро аз собиқадорони ин даргоҳи илму адаб аз бар намуда, баҳри пойдории сулҳу суботи миллату давлати азизамон Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд.
Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз
имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Нақши илм ва маориф дар тарбияи ҷавонон хеле бузург буда, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҷавонон ба илмомӯзӣ шуғл варзида, аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва барои рушди он камари ҳиммат банданд. Илмомӯзӣ ин худ як падида аст, лекин ба он ворид гашта саҳм гузоштан маънии дигар аст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди омода намудани олимони ҷавон вобаста ба талаботи соҳаҳои илм ва маориф таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар давоми солҳои истиқлолият барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои назаррасро анҷом дода истодааст.
Боиси таассуф аст, ки ба зами ин гуфтаҳо дар замони пешрафти илму техника, ки ҳар нафари мо бояд танҳо дар фикри омӯхтани дониш ва вусъат бахшидани ҷаҳонбинии хеш бошем, баъзан фирефтаи иғво ва дасисаҳои беруна мешавем. Яке аз масъалаҳои ташвишовар ва муҳими рӯз шомил шудани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани даҳҳо нафари онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Ба ақидаи донишмандон чанд сабаби шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мавҷуд аст, ки асоситаринаш паст будани савияи дониш ва надоштани саводи кофии динию сиёсии онҳо мебошад. Ҷиҳати пешгирии ин вабои аср бояд сатҳи дониши динию сиёсии ҷавонон баланд бардошта шавад, чунки дар асри 21 яроқи асосӣ дигар тӯпу танк нест – ин дониш, маҳорат ва илму адаб аст.
Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солиму бардам бошанд, давлат ва миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманд мегардад. Вале чунонки мушоҳида мегардад, имрӯз баъзе бемориҳо, аз ҷумла нашъамандӣ, тамокукашӣ ва дигар одатҳои номатлуб дар байни ҷавонон рӯ ба афзоиш доранд. Мубтало шудани наврасону ҷавонон ба нашъамандӣ ва тамокукашӣ на фақат ба саломатии худи онҳо, балки ба рушди минбаъдаи ҷомеа низ таъсири манфӣ расонида, дар ниҳояти кор ба генофонди миллат хатар эҷод мекунад. Махсусан ҳолатҳои даст задани ҷавонони мо ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон, ки сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Мо ҷавонон, ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаем. Қайд намудан зарураст, ки мо ҷавонони кишвар бар ивази ҳамаи ин ғамхориҳои Президенти кишвар барои тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлолу ҷавонамон саҳми арзандаи худро гузошта, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва кушиш намоем, ки осмони Ватани азизамон ҳамеша софу беғубор бошад!
Курсанти курси 4-уми
гурӯҳи таълимии 406 факултети № 2 Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия Ҷобиров Ф.Ф.