Ҷавонон-неруи созандаи ҷомеа (бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон)
Инкишофи ҳар як ҷомеи мутамаддин ба неруи созанда ниёз дорад.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози демографӣ давлати ҷавон буда,70 фоизи аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.Дар назди Президенити Кишвар Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад. Дар ҷумҳурӣ Иттифоқи чавонони Тоҷикистон ҳамчун созмони бонуфузи ҷамъиятӣ фаъолият мебарад, ки ҳуқуқи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад. Дар давоми солҳои истиқлолият як қатор санадҳои мухим оид ба сиёсати давлатии ҷавон ба тавсиб расиданд. Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон"15 июли соли 2004 № 52 қабул гардид.
Дар боби 1. Муқаррароти умумии қонуни мазкур омадааст:
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
ҷавонон - гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад;
иттиҳоди ҷамъиятии ҷавонон - ташкилоти ихтиёрӣ буда, бо ташаббуси ҷавонон, ки дар асоси умумияти манфиат барои ҳалли мақсаду вазифаҳои ягона ва ҳифзи иҷтимоӣ муттаҳид мегарданд, таъсис дода мешавад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу вахадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23-юми декабри соли 2022 чунин омадааст: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст. Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем.Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».
Асосгузори сулҳу вахадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намуданд, ки: «Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шуда буд.Эълон гаштани соли 2017 «Соли ҷавонон» ба ҷовонон нерӯи тоза ва амалисозии имкониятҳои конститутсионии онҳоро қувват бахшида, онҳоро вазифадор намуд, ки ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда карда шуд.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созандаи мо, ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.
Дар мамлакати мо барои дастгирии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ «Стратегияи сиѐсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида буд.Стратегия барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Зарурати қабули Стратегия дар он дида мешавад, ки ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав ба таври ногусастанӣ ба вазифаҳои ҳифз, рушд ва эҳѐи кишвар алоқаманд аст. Суботи сиѐсати давлатии ҷавонон бо роҳи татбиқи самарабахши тадбирҳои маҷмӯӣ, ки вазифа, аҳамият ва нақши сиѐсати давлатиро нисбат ба насли наврас муайян менамояд, таъмин мегардад. Сиѐсати давлатии ҷавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионӣ ва истеҳсолӣ буда, нерӯи меҳнатӣ ва эҷодии ҷавононро инъикос менамояд. Татбиқи сиѐсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳо барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон,рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст. Интихоби самтҳои стратегии сиѐсати давлатии ҷавонон метавонад танҳо ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миѐнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди ҳаѐти иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷчатҳои расмӣ ошкор гардидаанд, асос ѐбад. Ғайр аз ин, Стратегия бояд дигаргуниҳоеро, ки дар соҳаи фаъолияти ҳаѐтан муҳими ҷамъият ва давлат руй медиҳад, ба инобат гирад ва пешбинӣ намояд. Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯза қарор гиранд. Дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуви кишвари азизамон назаррас аст. Итминони комил дорем, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Бинобар ин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули ҷавонон ва зиндагии арзандаи онҳо дар ҷомеаи муосиру давлати соҳибихтиѐру, демократии ҳуқуқбунѐд ва дунявии ягона, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зиѐде андешида шудаанд. Аз ҷумла, 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиѐсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расонида шуд, ки бо мурури замон қонуни мазкур дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиѐсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 қабул гардид. Барои дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра, аниқтараш 5 маротиба Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», 3 маротиба «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон», 2 маротиба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2013-2015 ва 2016-2018, «Консепсияи миллии сиѐсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиѐсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардидаанд, ки дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиѐсати давлатии ҷавонон ва барои ба ҳадафҳои ниҳоии сиѐсати давлатии ҷавонон расидан заминаи мусоидеро фароҳам оварданд.
Баҳри дастгирии олимони ҷавон таъсис ёфтани 12 адад ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, таъсис гардидани 300 адад стипендияи президентӣ, квотаи президентӣ, стипендияи Раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия барои дастгирии ҷавондухтарону ҷавонписарон – ин ҳама дастовардҳои истиқлолият мебошанд. Дастоварди бузурги дигари ҷавонон ин аст, ки соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, ки мақсади он ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурии мо бо соҳиб¬истиқлол гардидани Тоҷикистон ташакккул ёфта, айни ҳол ба устувории иҷтимоӣ-сиёсӣ ва андешидани маҷмӯи тадбирҳо, ки барои инкишофи минбаъдаи он зарур аст, ниёз дорад. Оид ба бунёди давлати дунявии демократӣ ва суботи вазъи сиёсии кишвар, таъмини ҳамкориҳои Ҳукумат ва соз¬монҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ, ризоияти ҳам¬дигарфаҳмӣ дар ҷомеа Сардори давлат, муҳтарам Эмо¬малӣ Раҳмон чунин таъкид намуда буд, ки «демокра-ти¬кунонии ҷомеа раванди мавсимӣ нест ва демократияро дар як давраи муайяни кӯтоҳ ҷорӣ кардан ва фароҳам овар¬дан ғайриимкон мебошад. Ҷомеаи демокративу ҳу¬қуқ¬бунёд маҳз ба шаҳрвандоне такя мекунад, ки аз ҷиҳати сиёсиву ҳуқуқӣ бомаърифат, ба ҳифзи адолат қодир, ба риояи волоияти қонун ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ омода бошанд.Давлати соҳибис¬тиқлоли тоҷикон меъёрҳои асили демократияро ҳамчун омили пешрафти ҷомеа эъти¬роф намуда,минбаъд низ барои инкишофи ҷомеаи шаҳр¬вандӣ шароити мусоид фароҳам меорад».
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.
Адабиѐт
1. Паёми Асосгузори сулҳу вахадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23-юми декабри соли 2022. – 47 с.
2. Паѐми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2016. Душанбе: «Шарқи Озод», 2016. – 63 с.
3. Паѐми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2014. – 58 с.
4. Қонуни Ҷумҳурии Дар бораи ҷавонон ва сиѐсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2004. – 18 с.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Стратегияи сиѐсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 аз 4 октябри соли 2011. – 20 с.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Консепсияи миллии сиѐсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2014, №760 бо тағйиру иловаҳо.
7. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027.Душанбе,2023