Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАСОИЛИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Терроризм аз калимаи лотинӣ - (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ - ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеар ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст.
Экстремизм аз калимаи франсавии - (“extremism” ва лотинии “extremus”) гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.
Гарчанде аз тарафи муҳаққиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муайян нашудааст. Тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд “дар арсаи байналилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «экстремизм» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст”. Аз ҳама ташвишовараш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш иброз намуданд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Пешвои миллат дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат дар ҳар як Паёми хеш таъкид менамоянд, ки фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.
Имрӯз яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки ҷомеаи ҷаҳонро сахт нигарон кардааст, ин мушкилоти пайвастшавии ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои хатарзои террористиву экстремистӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки тамоюли шомилшавии ҷавонон ба чунин ташкилоту ҳаракатҳои хатарзо бештар дар кишварҳои дида мешавад, ки сатҳи мазҳабгароӣ ва хурофоту таассуби баланди динӣ доранд. Категорияи асосие, ки тамоюл ба ақида ва мавқеи он гурӯҳҳоро ҷонибдорӣ менамоянд, ҷавонони камсаводу аз сиёсат дурмонда, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷавонони дорои мушкилоти иҷтимоӣ, ҷавонони бекор, шахсони аз оилаҳои маҳкумшудагон бо гуноҳи терроризму экстремизм мебошанд.
Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем.
Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои макзур давлатро мебояд чораҳои зеринро дар ҷомеа фароҳам оварад:
- баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталиф ва таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон;
- ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар;
- баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон;
- дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ - ифротӣ, экстремистӣ, радикалӣ аз ҷониби мутахассисон, коршиносон маълумотнома, мақолаву брошюраҳо омода карда шаванд, то ҷавонон дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумоти мушаххас ва кофӣ дошта бошанд;
- ошкор сохтани мақсади терроризму экстремизм, роҳу услуби корбариашон ва чи тавр ҷавононро ба ҷониби худ ҷалб намуданашон;
- муайян намудани хатари кору фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ барои ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон, фаъолияти ифротӣ, тахрибкорӣ, моҷароҷӯӣ ва ҷудоиандозии онҳо бо далелу рақамҳои мушаххас собит карда шавад ;
- таҳлили появу заминаи пайдоиши ин ҳизбу ҳаракатҳо, онҳоро кадом қувваҳо, дар кадом кишварҳо ҷонибдорӣ менамоянд, таъминоти молиявӣ, тарғиботӣ (таъмин бо адабиёт) ва ғоявии онҳоро ошкор сохтан масъалаи муҳим аст, барои ҷомеа;
- талили мавқеи абарқудратҳо ва манфиати онҳо дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ошкор сохтани муборизаи онҳо барои манфиатҳои худ яке аз ҷанбаҳои муҳим аст;
- таъмин кардани ҷавонон бо ҷои кор, аз байн бурдани бекорӣ майлу хоҳиши пулпарастӣ, чизпарастӣ, шӯҳратпарастӣ, бегонапарастӣ имрӯз бояд зери маркази таваҷҷӯҳи мақомоти масъул ва волидайн бошад.
- баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастӣ дар байни ҷомеа;
- тарбияи ҷавонон дар мисоли ҳаёт, таҷриба ва зиндагии ибратангези шахсиятҳои номдор дар миқёси шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шавад;
- ходимони дин бояд дар корҳои тарғиботӣ аз меъёрҳои анъанавии дини ислом дуруст истифода намоянд, моҳияти исломро, ки ҷонибдори инсондӯстӣ ва сулҳдӯстист ба ҷавонон дуруст фаҳмонанд;
- таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар бояд зери назорати махсуси волидайн ва мақомоти масъул бошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба доми терроризм ва экстремизм кашида мешаванд. Аз ин лиҳоз, имрӯз мо масъулият дорем, ки рафтори онҳоро дар хориҷи кишвар низ назорат намуда, аз маҳалли будубош ва нафарони ҳамзисти онҳо бохабар бошем;
Ҳангоми гузаронидани корҳои таблиғотӣ синну сол, маълумот, шуғл, сатҳи зиндагӣ, гурӯҳи иҷтимоӣ, ба кадом ҳизбу ҳаракатҳои расмӣ, қонунӣ шомил будани онҳо бояд ба инобат гирифта шавад. Зеро тибқи таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар синну соли шахсони ба гурӯҳҳои ифротӣ шомилгардида асосан аз 18 то 30 ва аз 30 то 40 сола мебошад, ки ин бояд ҳангоми гузаронидани корҳои тарғиботӣ ба инобат гирифта шавад.
Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин зуҳуроти номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.
Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар муҳити ҷамъиятӣ ин анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда маҳсуб мегардад. Махсусан, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи гироиш ба таъсироти номатлуби гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле заиф мебошад.
«Ҷавонон, ки аслан ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ (максимализм) хос мебошад, аз ҷониби дигар аз нигоҳи иҷтимоӣ ва равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг ғӯтавар гарданд. Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ бо дарназардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд.
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз ватани маҳбуб, рушду пешрафти бештари кишвар ва бедорию зиракии онҳо имкон фароҳам хоҳад овард ва ҷавонон умеду боварии Сарвари давлатро амалӣ хоҳанд намуд, ки фармудааст: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар ин давраи ҳассоси ҷаҳонишавии муносибатҳо гардида, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки афроде фазои софи Ватани азизро ғуборолуд насозад.
Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд. Мо борҳо эълон намудаем, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки ҳамкориро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшанд зикр намуданд, Пешвои миллат.
Хулоса, ҷавононро зарур аст, ки ҳамзистию ҳамгироиро новобаста аз ҷойгоҳи маънавию фарҳангии худ пешаи рӯзгори хеш намуда, ба худ ва дигарон мантиқан ва ақлона баҳо диҳанд. Тавонанд ба худ ва дигар афроди ҷомеа аз нигоҳи интиқодӣ назар афкананд, арзишҳо ва камбудиҳои худро шиносанду ба шахсияти ҳар як фарди ҷомеа эҳтиром гузоранд.

Сардори курси воҳиди таълимӣ низомии
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
майори милитсия
Самадзода Давлат
Муовини сардори курси воҳиди таълимӣ
низомии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
майори милитсия
Савирзода Давлат

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...