ИНЪИКОСИ ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ
23 декабри соли 2022 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Воқеан, гарчанде, ки Паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат мебошад. Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ мавзӯи мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Геополитика - дар заминаи таҳлили омилҳои муҳимтарини геополитикӣ асосан манфиатҳои миллии давлатро муайян месозад. Бинобар ин, геополитикаи иттилоотӣ низ, бевосита ба манфиатҳои иттилоотии давлат таъсиргузор мебошад.
Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад. Дар ин замина, кишвари мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад.
Соли 2022 Тоҷикистон 30 соли барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд. Идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем.
Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.Дар ин раванд, ҳамкории мо бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад.
Дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза дар назди мо масъалаҳои бағоят муҳимми амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор доранд.
Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт. Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.
Ҳодисаҳои ду даҳсолаи охир ба мо нишон дод, ки имрӯзҳо дар маркази ҳадафҳои номатлуби гуруҳҳои ҷиноятпешаи террористиву экстремистӣ ҷавонон истодаанд. Ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои пиёда намудани ҳадафҳои нопоки худ аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва муқовимат бо терроризм чораҳои амалӣ меандешад.
Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи муқовимат бо терроризм” амал мекунад, ки 23 декабри соли 2021 қабул гардидааст. Қонуни мазкур принсипҳои асосии муқовимат бо терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Дар баробари ин Пешвои миллат дар дохили кишвар барои пурра решакан намудани терроризму эктсремизм талош менамоянд, инчунин дар муносибатҳои байналмилалии кишвар низ самти муқовимат бо терроризму экстремизм аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.Махсусан дар ҳоле, ки ҳамсояи наздиктарини Тоҷикистон Афғонистонро гурӯҳи толибон идора менамояд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта нашудааст.
Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки ба хотири амну суботи минтақавӣ дар Афғонистон Ҳукумати фарогир бо иштироки ҳама қавму миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон таъсис дода шавад.
Мардуми Тоҷикистон чунин бадбахтӣ, яъне дахолати давлатхои хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ибтидои соли 90-уми асри гузашта аз сар гузарониданд ва оқибатҳои вазнини онро то ба ҳол бартараф карда истодаанд. Дар натиҷаи ҷанг беш аз 150 ҳазор шаҳрвандони мо ба ҳалокат расида, 50 ҳазор нафар кӯдакон ятим шуданд, зарарӣ шумора ба 10 миллиард доллари амрикоӣ расид. Яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо маҳз талоши баъзе сиёсатмадорон ва роҳбарони як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ барои курсиву мансаб буд.
Боиси тазаккур аст, ки Пешвои миллат дар ҳар як суханрониҳои худ изҳор дошта мегуяд, ки ҷанг даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтиву сиёҳрӯзӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист. Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа ба мардуми Тоҷикистон такроран таъкид менамоям, ки мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем. Зеро ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем.
Амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, баробари ҷони худ дӯст доштан, онро далеронаву ҷавонмардона ҳимоя кардан ва содиқ будан ба миллату давлати худ ва муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.Танҳо чунин муносибат, яъне садоқати ҳар яки мо ба Ватан ва халқи Тоҷикистон моро аз ҳама таҳдиду хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ медорад.
Хулоса ҳар як шахси комил ҳуқуқ кишварро мебояд гуфт, ки барои шомил нашудан ба гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ ва ифротгароӣ бояд ба ҳар гуна чорабиниҳои гуногун, алалхусус дар мавзӯи пешгирии терроризм метавонад амали қисми вақт ё сарфи пурраи вақти худро тавассути мутолиа намудан ва огаҳӣ пайдо намудан аз таъриху тамаддуни Ватани худ ва инчунин тавассути гузаронидани дарсҳои ҳикмати халқӣ, ки дар бораи анъанаҳои гуногуни миллӣ асос ёфтаанд ё ин, ки ба ҳар гуна мусобиқаҳои варзишӣ ҷалб шудан лозим аст. Дар нақшаи чорабиниҳо барои пешгирии терроризм ва ифротгароӣ метавона гуфт, ки агар ҳар як шахс ба ин гуна корҳо ҷалб шавад ҳеҷ гоҳ ба доми гурӯҳҳои ифротгаро намеафтад.
Мову шумо бояд ифтихор кунем, ки баъди ҳазор сол соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр гардидем. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз узви ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ буда, овози баробар ба тамоми мамолики дунёро дорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз на танҳо Тоҷикистони азизи моро мешиносад, балки пешниҳоду ташаббусҳои онро доир ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад. Мо бояд аз ин Ватани озод ва аз ин давлати соҳибихтиёр шукрона кунем ва неъмати бузурги соҳибватаниву соҳибдавлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Муовини сардори курси воҳиди
таълимӣ низомии Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
майори милитсия Қурбонзода Хуршед,
Омӯзгори Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия Абдулҳамидзода Амирали